- Соли 2021 барои дар сатҳи зарурӣ қабул ва баргузор намудани раванди имтиҳонсупорӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази тестӣ ва хизматрасонии техникии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барномаи нав насб гардида, сессияи санҷишу имтиҳонӣ, тибқи талаботи низомномаи низоми кредитии таълим барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкил ва ба роҳ монда шуд, — иброз дошт ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин, гуфт, ки натиҷаи ҷамъбастии сессияи санҷишу имтиҳонӣ нишон дод, ки сатҳи сифати таълим дар донишкада нисбат ба нимсолаи зимистона ва солҳои гузашта хеле баланд шуд. Соли таҳсили 2020-2021 донишкадаро 601 донишҷӯ ва 33 магистр хатм намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 249 нафар зиёд мебошад.
Нақшаи қабул пас аз натиҷагирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоиз иҷро гардид. Ба донишкада аз коллеҷҳои соҳавӣ 43 нафар ва барои гирифтани маълумоти дуюми олӣ — 20, аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ 31 нафар, баъд аз гузаштани суҳбати тахассусӣ, қабул карда шуданд. Фаъолияти илмии устодони донишкада асосан дар заминаи илмҳои санъатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, педагогика, ҷомеашиносӣ, журналистика, таърих, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва китобшиносӣ амалӣ мешавад. Аз ҷониби устодону омӯзгорони донишкада соли гузашта панҷ китоби дарсӣ, се монография, зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 70 барнома, дастуру воситаҳои таълимӣ ба нашр расиданд, ки аз фаъолияти босамари донишкада дар самти илм гувоҳӣ медиҳад.
Зикри ин нукта зарур аст, ки агар соли 2020 ҳамагӣ 4 мақола аз ҷониби устодони донишкада дар маҷаллаҳои хориҷ аз кишвар чоп шуда бошад, соли 2021 он ба 84 адад расид. Ҳамчунин, устодони донишкада дар конфронсу семинарҳои хориҷӣ беш аз 100 маърӯзаи илмӣ карданд.
Бо мақсади хубтару беҳтар намудани корҳои илмӣ ва ба низом даровардани рисолаҳои илмӣ, дар донишкада шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолият менамояд, ки айни замон дар он 77 магистр ва 14 докторант аз рӯи ихтисос (PhD) таҳсил менамояд.
Бахши муҳими фаъолиятро ҳамкории илмӣ ва эҷодӣ дар доираи робитаҳои байналмилалӣ ташкил менамояд. Айни замон донишкада бо 29 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Беларус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Словакия созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондааст.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултетҳо ва хобгоҳи донишкада силсилаи чорабиниҳои муҳими тарбиявӣ, назири тарғибу ташвиқи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва вохӯриҳо бо волидайни донишҷӯён роҳандозӣ гардид. Бо ташаббуси донишкада ятимони кул ва маъюбони гурӯҳи якум, ки дар донишкада таҳсил менамоянд, аз пардохти шартномаи таҳсил пурра озод ва барои нимятимон имтиёзи кам намудани пардохти маблағи шартнома дода шуд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»