- Соли 2021 қисми даромади буҷети маҳаллӣ, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, ба андозаи 110,5 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ба буҷети шаҳр 105 миллиону 425 ҳазор сомонӣ андоз ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 10 миллион сомонӣ зиёд аст, — гуфт 10 феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр.
Зикр шуд, ки нақшаи андози ғайрибуҷетӣ низ пурра таъмин гардида, он 101 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дод.
Инчунин, соли 2021 дар шаҳри Кӯлоб аз тарафи шахсони воқеӣ дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, савдо ва сохтмон 2640 ҷойи навӣ кор таъсис дода шуд.
-Кишоварзони шаҳру деҳоти Кӯлоб соли гузашта 20,8 ҳазор тонна ғаладонагӣ, 65,4 ҳазор тонна сабзавот, 4,8 ҳазор тонна гӯшт ва 23,6 тонна шир истеҳсол карданд. Дар ин давра 6982 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 100,5 фоизи дурнаморо ташкил дод.
Чорвои калон соли 2021 дар шаҳри Кӯлоб ба 27919 сар, гӯсфанду буз 50122 сар ва асп ба 462 сар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020- ум 154 сар чорвои калон, 1503 сар гӯсфанду буз ва 12 сар асп зиёд шудааст.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида дар шаҳри Кӯлоб 6 коргоҳи нави хурди саноатӣ, аз ҷумла «Ваҳдат — текстайл», дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли орд, обҳои ташнагишикан, коргоҳи дӯзандагӣ ва коркарди сангу шағал мавриди истифода қарор дода, дар онҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Дар маҷмӯъ, корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб соли 2021 ба маблағи 309,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли гузашта 31,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»