Суҳбати телефонӣ бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№53 (3199) 24.05.2014

Субҳи рӯзи 22 майи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшедов телефонӣ суҳбат намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ахбори раиси вилоятро доир ба ҳодисаи дирӯза дар шаҳри Хоруғ шунида, дастур дод, ки барои мӯътадил намудани вазъи бамиёномада чораҳои муассир андешида шавад.

Таъкид гардид, ки вазъият дар шаҳр бояд таҳти назорати мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарор дошта бошад ва волоияти қонун бе чуну чаро таъмин гардад.

www.president.tj