Доир ба масоили тандурустии аҳолии кишвар, ки 21 декабри соли 2021 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллзода, изҳори назар кард. Ӯ зикр намуд, ки маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сол ба сол зиёд мешавад. Соли сипаригашта нақшаи буҷети соҳаи тандурустӣ 2 миллиарду 350 миллиону 369 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, 99,4 фоизи он истифода шуд.
Айни ҳол теъдоди табибон дар кишвар 20797 ва кормандони миёнаи тиббӣ 60329 нафарро ташкил медиҳад.
Вазир изҳор дошт, ки соли 2021 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 135,8 миллион доллари амрикоӣ доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид шуд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2950 муассисаи фарматсевтӣ ва дорухонаҳо фаъолият дошта, 48 корхонаи ватанӣ истеҳсоли 297 номгӯи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ мондаанд.
Соли гузашта аз ҷониби Хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва зерсохторҳои он дар ҷумҳурӣ 26826 иншоот санҷида ва фаъолияти 853 корхона бо сабаби ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй набудан боздошта шуд. Инчунин, дар давраи мавриди назар аз тарафи хадамоти мазкур 121,6 тонна маҳсулоти хӯроквории бесифат ва муҳлати истеъмолаш гузашта, ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ нобуд карда шуд.
Соли 2021 дар се давра ваксинатсияи кӯдакон бар зидди бемории фалаҷ гузаронида шуд. Лозим ба ёдоварист, ки аз 23 марти соли 2021 бо ваксинатсия фаро гирифтани аҳолии гурӯҳҳои мақсаднок оғоз гардида, то ҳол идома дорад.
То ба ҳол ба ҷумҳурӣ вояи ваксинаҳои «АстраЗенека», «КоронаВак», «Модерна», «Спутник V» ва «Пфайзер» ворид шудааст.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, ки соли гузашта 17 муассисаи тандурустӣ бо харҷи 6,27 миллион сомонӣ таъмир шуданд.
ВОРИС,
«Садои мардум»