Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба маълумоти шумо мерасонад, ки бо дастури хаттии раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2021 таҳти № 10-4945 мақолаи «Минтақаи Кӯлоб. Сокинони 93 деҳа аз барқ маҳруманд», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 7 декабри соли 2021 №146 нашр гардидааст, дар маҷлиси назоратӣ-истеҳсолии назди раиси ноҳия, бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони шаҳраку деҳот раисони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муаллиф дар мақола овардааст, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Муъминобод сокинони 19 деҳа аз барқ танқисӣ мекашанд.
Дар ҷаласаи назоратӣ-истеҳсолии назди раиси ноҳия сардори шабакаи барқи ноҳия Абдуллозода Ҳабибулло иброз намуд, ки барои ҳалли ин мушкилот аз тарафи масъулини шабакаҳои барқ солҳои 2019-2021 се маротиба барои чароғонкунии деҳаҳои бебарқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» мактуб ирсол намуданд.
Бо ин мақсад аз 19 деҳае, ки бебарқ буданд, айни ҳол се деҳа бо барқ таъмин гардида, дигар деҳаҳои бебарқ дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025» ва дар нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила ба барқ таъмин мегарданд.
Лутфия ШАРИФЗОДА,
раиси ноҳияи Муъминобод
***
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор мақолаи дар рӯзномаи «Садои мардум» (7 декабри соли 2021 таҳти №146) чопшударо таҳти унвони «Минтақаи Кӯлоб. Сокинони 93 деҳа аз барқ маҳруманд» мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки айни замон дар ноҳия 21 деҳаи бебарқ ба қайд гирифта шудаанд, ки 10 адади онҳо дар мавзеъҳои навбунёд буда, аз 30 то 90 хоҷагӣ иборатанд.
Ҳамчунин, маълум менамоем, ки дар робита бо Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Бонки умумиҷаҳонӣ) аз 13 ноябри соли 2019, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бо Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика», лоиҳаи «Электрофикатсияи деҳот» дар вилояти Хатлон ҷиҳати беҳдошти хизматрасониҳо дар самти таъминоти аҳолӣ бо қувваи барқ ҳамкорӣ намуда, тибқи он, марҳила ба марҳила бо қувваи барқ таъмин намудани 21 деҳа дар назар дошта шудааст ва корҳо дар ин самт моҳи марти соли 2022 оғоз мегарданд.
Зариф НАЗИРӢ,
раиси ноҳияи Фархор