Аз нишастҳои матбуотӣ

Таваҷҷуҳ ба сифати таълиму тарбия ҷиддист

№23 (4443) 19.02.2022

IMG_6079- Яке аз роҳҳои асосӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва хизматрасонии таълимӣ — методӣ, идоракунии маъмурии донишҷӯ ва корманд, ташкили дурусти кор дар сохторҳо, дастрасӣ ба маълумоти аниқу дақиқ, таъмини шаффофият ва осон намудани кори кормандону омӯзгорон мебошад. Бинобар ин, дар наз­ди раёсати таълим шуъбаи автоматикунонии низоми таълим ва тестӣ ташкил шудааст, ки раванди автоматикунонии низоми таълимро назорат ва пеш мебарад, — гуфт дар нишасти матбуотӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдухалил Ғафурзода, ки 15 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки аз 299 нафар шумораи умумии кормандони академия 135 нафарашон омӯзгорони дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ мебошанд. Дар миёни онҳо, аз ҷумла 28 доктори илм, профессорон ҳастанд. Тибқи маълумоти оморӣ, теъдоди донишҷӯён ва магистрантони академия айни ҳол 4457 нафарро ташкил дода, аз онҳо 1250 нафарашон духтарон ва 3207 нафар писарон мебошанд.

Академияи идоракунии давлатӣ соли таҳсили ҷорӣ аввалин маротиба барномаи магистратураи 1+1-ро амалӣ гардонида, тибқи он, ҳашт нафар магистрантони курси яки ихтисоси ҳуқуқи байналмилалиро барои як соли таҳсил ба донишгоҳи АвруОсиёии ба номи Л. Н. Гумилёви шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар намуд.

Дар академия Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатӣ, курси дуалии «Зан – сарвар», маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ ­Раҳмон» фаъолият мекунанд. Ректори академия иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ бо олимону пажӯҳишгарон, собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун се ҷилди китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» таълиф ва ба нашр расонида шуд. Аз ин силсила, бахшида ба 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 4 — 5 номгӯйи китоби мазкур чоп хоҳад шуд.

 Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»