Даҳуми феврали соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии он дар соли 2021 маълумот дода, аз ҷумла гуфт:
- Ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 3 миллиарду 208, 4 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2020 — ум 362,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Нақшаи даромадҳои буҷети маҳаллӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100, 6 ва қисми хароҷоти буҷет 97, 4 фоиз иҷро гардид. То 1 декабри соли 2021 қарзи андозҳои идораю ташкилоти шаҳр ба 5,4 миллион сомонӣ баробар шудааст. Интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар 1 миллиарду 184 миллион сомониро дар бар мегирад, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 375 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Соли гузашта дар шаҳр бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ 8 корхонаи саноатӣ бунёд гардида, 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба маблағи 381 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Дар маҷмӯъ, корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 797 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд.
Вобаста ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар хусуси қарздории буҷети шаҳр аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва раванди пардохти он, Парвиз Акрамзода гуфт, ки соли 2014 ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дучори буҳрони иқтисодӣ гардида, натавонист пули андозро ба буҷети шаҳр ворид намояд. Аз ин рӯ, барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз Вазорати молия ба маблағи 17 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифта, то соли 2020-ум 2 миллион сомонии онро пардохт кардем. Соли гузашта тавонистем, аз ҳисоби маблағҳои барзиёди буҷет 2 миллиону 200 ҳазор сомонии қарзро супорем. Имсол дар нақша дорем, ки боз 12 миллион сомонии қарзро пас гардонем.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»