Ба сарнавишти Осиё ҳама баробар масъулият дорем

№53 (3199) 24.05.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё

21 майи соли 2014, Шанхай, Ҷумҳурии Халқии Хитой

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Ҷалолатмаобон,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Машварати мо дар давраи барои Осиё масъулиятнок ҷамъ омадааст: минтақаи васеъ, ки сарнавиштҳои таърихии халқу давлатҳо дар он зич пайвастаанд, дар манзари ситезаҷӯиҳо ва хавфу хатари нав рушди боварибахши иқтисодию маънавӣ, саъю кӯшиш баҳри тараққию пешрафти устувори муштаракро намоиш медиҳад.

Халқҳои Осиё, ки бо таърихи ғанитарини умумӣ ва гуногунии фарҳангҳои ба худ хос байни худ алоқаи канданашаванда доранд, пурра дарк менамоянд, ки роҳи сӯйи сулҳу шукуфоӣ аз фароҳам овардани муҳити бехатару суботе мегузарад, ки онро дар масоҳати васеи байни се уқёнус фақат бо саъю кӯшишҳои якҷоя метавон таъмин кард.

Бо дарназардошти ин Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мақоми барномаи амалиро барои мубодилаи васеъ ва ошкорои афкор дар бораи роҳҳое касб мекунад, ки сӯйи таҳкими ҳамкории амалӣ ба манзури таъмини сулҳу субот, ҳамфикрӣ ва расидан ба созиши умумиосиёӣ аз рӯи масоили мубрами имрӯза мебаранд.

Шубҳае нест, ки Хитойи дӯст, ки дастовардҳои таъсирбахши сиёсати ислоҳот ва ошкороро намоиш медиҳад, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар Осиё ба хотири сулҳу шукуфоии муштарак ҳиссаи махсуси навоваронаи худро мегузорад.

Ҳамтоёни муҳтарам!

Тайи ду даҳсолаи баъди ба миён омадани ғояи даъвати Машварат ҷаҳон, умуман ва Осиё, аз ҷумла ба куллӣ тағйир ёфтанд. Аз як тараф, ҷаҳонишавӣ имконияти рушди иқтисодиро фароҳам овард, аз ҷониби дигар, хавфу хатар ва ситезаҷӯиҳои нав пайдо шуда, монеаи рушду шукуфоии якҷоя мегарданд.

Масоиле, ки дар як қисми қитъаи Осиё ба миён меоянд, дар қитъаи дигар равшан зоҳир мешаванд. Рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии як кишвар ба беҳдошти аҳволи мардуми давлатҳои дигари Осиё таъсири мусбат мерасонанд.

Ҳамзамон проблемаҳои шадиди қашшоқию бекорӣ, хусусан дар байни ҷавонон, терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар сарҳад, чун пештара, мавриди ташвиши умумии мо қарор доранд.

Ҳамаи ин аз баҳамвобастагии ҷудонашаванда, яъне аз масъулияти мутақобила барои сарнавишти Осиё шаҳодат медиҳад. Вазифаи умумии мо иборат аз пайдо намудани тасмимҳои судманд барои якҷоя бартараф намудани душвориҳо ва пурра истифода намудани имкониятҳоест, ки дар ҷаҳони тағйирёбандаи имрӯза дучори онҳо мешавем.

Вазъияти Афғонистон аз ҷумлаи мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳон аст. Мо набояд роҳ диҳем, ки Афғонистони ҷабрдида бо мушкилоти худ якка монад.

Вазифаи умумии мо иборат аз он аст, ки бо мақоми асосии СММ халқи афғонро дар расидан ба орзую умедҳояш баҳри сулҳ ва рушду адолат ҳамоно дастгирӣ намоем. Халқи диловару боистеъдоди Афғонистон бояд ҳамраъии моро бо қувваи нав ҳис кунад ва ин ҳамраъӣ бояд бо кумаки дарозмуҳлати байналмилалӣ амалӣ гардад. Мо фақат бо ҳамин шарт метавонем боз Афғонистони мустақили босуботу озод аз терроризму ҷинояткориҳои вобаста ба маводи мухаддир, Афғонистони шукуфонро бинем.

Сатҳи нави ҳамкории байни Эрон ва МАГАТЭ — ро, ки роҳи сӯйи ҳалли ҳамаи масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эронро мекушояд, бо қаноатмандии зиёд қайд менамоем.

Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!

Осиё хонаи умумии мост. Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар хонаи умумии мо сулҳу субот ҳукмфармо бошаду тафовути сатҳи рушди иқтисодиро ҳаракат бар сӯйи пешрафти умумӣ ба тартиб дарорад.

Мо бояд иқтидори Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ баҳри рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу шукуфони халқҳои Осиёро барпо намоем. Вақт ва саъю кӯшишҳое, ки барои расидан ба ин мақсади олӣ лозиманд, набояд моро ба изтироб оранд.

Муҳим аст, ки ниҳодҳои ба таври судманд амалкунандаро собитқадамона тақвият бахшида, ҳамкории байниминтақавиро дар Осиё устуворона вусъат диҳем. Масалан, кооператсияи байни Созмони Ҳамкории Шанхай ва АСЕАН қудрати зиёде дорад. Ташаббуси дурандешонаи Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар бораи эҳёи пурраи Роҳи бузурги хушкигарду баҳрии абрешим аз дурнамои васеи ҳамкории иқтисодӣ ва муколамаи фарҳангҳо бархӯрдор аст.

Ба фикрам, ибтикороти нави амалӣ ва ғояҳои наве, ки Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой зимни суханрониаш дар Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баён кард, барои ба минтақаи сулҳу субот, ҳамкории судманд ва рушди устувор табдил додани қитъаамон қобили дастгирии якдилонаанд.

Ояндаи Осиё дар замони ҷаҳонишавӣ аз бисёр ҷиҳат вобаста ба худи мост. Осиё дар таърихи тамаддуни ҷаҳон борҳо муҳаррики рушди умумӣ буд. Дар рӯзҳои мо бисёр давлатҳои Осиё мисолҳои рӯҳбаландсози рушди иҷтимоию иқтисодиро намоиш медиҳанд. Мо ба таҷрибаи ғуншуда такя намуда, метавонем ва бояд роҳи бунёди Осиёи шукуфону бехатарро кушоем, ки ояндаи дурахшонро барои халқҳоямон таъмин кунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки дар ин раванди созандагӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро ба расидан ба мақсаду вазифаҳои таҳкими ҳамгироии байни Осиё дар бахшҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва бахшҳои дигаре гузорад, ки дар ҳошияи Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мувофиқа шудаанд.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.