Аз нишастҳои матбуотӣ

Восеъ. Нақшаи содирот 108 фоиз иҷро шуд

№23 (4443) 19.02.2022

20220210_112235- Соли 2021 дар ҳама шакли хоҷагидории ноҳияи Восеъ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 135 миллиону 293,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 миллиону 588 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода, зимни нишасти матбуотӣ 10 феврали соли 2022.

Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки соли 2021 кишоварзон ба хориҷи кишвар 2859 тонна маҳсулот содирот карданд, ки иҷрои нақшаи солонаро 108 фоиз таъмин намуд.

Дар ҳама бахши хоҷагидории ноҳия айни замон 47 478 сар чорвои калон, 102 108 сар бӯзу гӯсфанд, 70 366 сар паранда, 1940 сар асп ва 2602 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад.

Соли 2021 гӯшт — 6144,3 тонна, шир — 46117, пашм — 311,8 , пилла — 4, асал — 50,2, моҳӣ — 82,4 тонна ва 4 миллиону 240 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид.

Ҳоло дар ноҳия 33 коргоҳу корхонаи хурди саноатӣ фаъолият мекунанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 120 миллиону 502 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 24 миллиону 27 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

- Соли гузашта, — гуфт Ҷамшед Шарифзода — бо мақсади ташкили ҷойҳои нави кор аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд. Аз ҷумла, 8 коргоҳу корхонаи хурди нави саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифта, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»