«Ҳадаф дар зиндагӣ яктост: хизмати арзанда барои ватан»

№24 (4444) 22.02.2022

Мусоҳиба бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъватҳои 2, 3 ва 4 (солҳои 2000 – 2011), профессор Ҷумъабой Сангинов

Чумъабой Сангинов — копия- Шумо ҳамчун мутахассиси шоиста дар соҳаи тандурустӣ бо иззату обрӯи баланд фаъолият доштед. Ва аз соли 2000-ум сарнавишт фаъолиятатонро ба самти сиёсат кашонд ва бо гузашти 19 сол аз нав ба пешаи духтурӣ рӯ овардед. Ҳоло аз баландии 70 соли умр чархиши сарнавиштро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё ҳамон шоҳроҳи нисбатан ҳамвори аз Бӯалии бузург меросмонда магар беҳтар аз кӯчаҳои печони сиёсат набуд?

- Тавре огоҳед, камина дар се даъват (2, 3 ва 4-ум) солҳои 2000 — 2011 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудам, ки чандон саҳлу осон набуд. Сипас, муовини якуми раиси вилояти Суғд (аз январи соли 2011 то соли 2015) кор кардам.

Бо ҳама мушкилоте, ки ба қавли шумо, дар кӯчаҳои печони сиёсат пеш омад, ман аз сарнавишт ризомандам, зеро аз замоне ки худро шинохтам, ҳадафам мушаххас буд ва ҳаст: дар зиндагӣ дар ҳама вазифа ва ҳирфаҳо дар роҳи Ватан холисона, бидуни тамаъ ва фориғ аз андешаи ҳирси молу маноли дунё хизмат кардан. Ман то чӣ ҳад ба муроди дил расидаам, қазоват аз сӯи мардум аст.

Ташаккули маънавии инсон, ки дар оянда таъсири нишонрас ба роҳи зиндагиву фаъолияти ӯро дорад, ба омили зиёд алоқаманд аст ва беш аз ҳама таҳкурсии он – арзишҳои маънавию ахлоқии муҳити оила ва атроф аҳамияти хоса доранд. Ман аз ҳадяи сарнавишт беандоза сипосгузорам, ки дар оилаи одӣ, хоксор ва беолоишу дур аз зуҳуроти манфӣ ба воя расидаам. Роҳи зиндагиву фаъолияти иҷтимоиву сиёсии ман маҳз аз ин арзишҳо сарчашма мегирад. Аз он ҷумла, муҳаббат ба омӯзишу таҳсил, завқи пайгиронаи ҷустуҷӯ, интихоби касб, муносибат ба пайвандон, устодон, дӯстон ва ҳамватанон. Тамоми роҳи зиндагиро бо бурду бохти он, ки кам набуданд, ман ҳамчун воқеият қабул мекунам, аз бурд саргарм набудам ва аз бохт маъюс нагаштам. Имконияти идораи лаҷоми нафсро, ки мероси ирсии хонадони мост, ҳеҷ вақт аз даст надодаам. Ва дар ҳамин замина ва бо ҳамин андешаҳо пешомадҳои зиндагиро қабул кардаам. Аз ҷумла, баъди солҳои зиёди фаъолият дар самти сиёсат (идоракунӣ, парлумон, ҳокимияти иҷроия) ва баргашт ба касби духтурӣ ва омӯзгорӣ. Ин марҳилаҳо барои ман мактаби бузурги корбарӣ ва адои рисолати инсонӣ буданд. Вале бояд иқрор шуд, ки инсон агар дар як самт пеш равад, дар дигар самт ақиб мемонад. Баъди ба нафақа баромадан ва ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба кор даромадан эҳсоси нотамомӣ, яъне нокифоя будани талошҳои илмӣ ва амалиро дарк кардам. Ва ҳамин андеша сабаб шуду тағйироти ҷиддӣ дар фаъолияти минбаъдаам падид омад. Ман ҳоло кӯшиш карда истодаам, ки ин холигиро ба ҳадди имкон бартараф созам. Ҳеҷ гоҳ дар фикру андешаи ман пушаймонӣ ва ё нороҳатӣ аз роҳи тайкардаи зиндагӣ пайдо нашудааст. Баръакс, басо ифтихормандам, ки боварии халқу Роҳбари давлат ва дӯстону пайвандонро дар марҳилаҳои гуногун, то он ҷо ки имконият доштам, ба даст овардам.

- Коршиносон ба ин назаранд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ шумо ҳамчун мутахассиси соҳибном ва сиёсатмадори ҳушманд дурахши хос нишон додед. Дар ин замина оё гуфтаниҳо дар дил доред?

- Дар ҳама давру замон роҳи зиндагӣ ва фаъолияти инсон ба равандҳои ҷомеа зич алоқаманд аст. Яъне, инсон худсоз нест, ӯ метавонад танҳо ҳарфи дуруст аз байни вариантҳои мавҷуда қабул кунад ва ҷаҳду талошро бо арзишҳои фитрие, ки ҷузъи муҳими барномаи ирсии ӯст, анҷом диҳад. Ин аксиома, яъне ҳақиқати баҳснопазир аст.

Барои мани фарзанди замони шӯравӣ ва дар он давра ба воя расидаву ташаккулёфта муждаи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ҳодисаи ғайричашмдошт ва туҳфаи тақдир дар марҳилаи аввал буд. Он замон роҳбарии Раёсати тандурустии шаҳри Душанберо, ки дорои беш аз 70 муассисаи тандурустӣ, садҳо духтурхона, нақлиёти санитарӣ ва дигар молу амволу захираҳо буд, ба уҳда доштам. Аз рӯзи аввал дар маркази ҷараёни трансформатсияи (гузариши) ҷамъият будам. Мутаассифона, теъдоди муайяни шаҳрвандон (роҳбарони сатҳҳои гуногун, собиқадорон, ҷавонон ва мардуми одӣ), дар марҳилаи расидан ба истиқлол кӯтоҳандешӣ карданд. Ба дарки асли воқеа нарасиданд, ҳатто гумроҳӣ нишон доданд. Рӯзҳои фоҷиабор дар расидан ба истиқлолият, ҳамқадам бо садҳо нафари содиқ мо низ кӯшидем, ки дар доираи рисолат ва салоҳият барои таҳкими истиқлолият ҷаҳду талош намоем. Мушкилии хеле зиёде, ки ҳатто тасаввури онҳо ғайричашмдошт аст, дар рӯ ба рӯи мо – кормандони тиб ҷой доштанд. Вале аз рӯзҳои аввали барқароршавии ҳокимияти конститутсионӣ маҳз таҳаммул, дурандешӣ, хирадмандӣ, ҷасорати беназир ва дигар хислатҳои фитрии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардан, ба эътидол овардан ва ниҳоят, расидан ба Ваҳдати миллӣ мусоидат кард.

Албатта, дар қиёс бо дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон роҳи пурфоҷиаро тай кард. Бо гузашти замон дар мавриди ба ёд овардани мушкилиҳои марҳилагии истиқлолият, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳам аз нигоҳи иқтисодиву ҷомеавӣ тасаввури ҳамли онҳо ҳайратангез аст. Маҳз ҳамин равандҳо водор мекунанд, ки ба қадру қимат, арзишу муқаддасоти ин неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ бирасем ва ҳама вақт аз зарурати ҳифзу рушди он дур намонем.

- Зербинои истеъдод ва одамияти ҳар инсонро бисёре аз файласуфону мутафаккирони ҷаҳон аз се манбаъ — фитрати Худодод, мероси маънавӣ, ки аз гузаштагон насиб гаштааст, такмили шахсият бар асари мутолиаи мудовим ва ҳатман баҳра бардоштан аз муҳит ва шахсиятҳои барҷастаи рӯзгор ҷустуҷӯ кардаанд. Шумо ба ин се гавҳари асл чӣ андӯхтании тоза доред? Ба ғайр аз волидони шарофатмандатон боз кадом ашхосе дар камолоти маънавӣ ва мактаби роҳбарии шумо саҳм доштанд?

- Зуҳуру дурахшиши истеъдоди инсон замони камолот дар раванди зиндагиву фаъолият ба назар мерасад ва баҳои аслӣ ва эътирофи он тавассути маҳсули идорӣ, эҷодиву илмӣ амалӣ мегардад. Истеъдод, албатта, сарчашма мегирад аз захираҳои фитрӣ ва муҳити зиндагӣ, ки онҳоро баъзе аз шахсиятҳо пуштибон мешаванду Худованд арзонӣ медорад.

Шиносоӣ ва тақвияти арзишҳои маънавию миллӣ ва шинохти гузашта ба мавҷудияти завқи инсон барои таҳсилу омӯзиш вобаста аст. Ин омилҳо воқеан таҳкурсии аслии сифатҳои инсонанд, вале табиат роҳи зиндагӣ ва ҷомеа на ҳама вақт имконияти ташаккули онҳоро барои инсон пешбинӣ мекунанд. Дар ин ҷода саҳми устодон, шахсиятҳои ғамхору роҳнамо хеле муассир аст. Барои ман дар зинаи ба камол расидан намунаи ибрати инсонӣ ва шахсият, пеш аз ҳама, чун барои ҳама падару модарам буданд, ки хислатҳои барҷастаи инсонӣ доштанд ва ин на фақат фикри ман, балки андешаи эътирофшудаи аҳли ҷомеа аст. Нуктаи дигареро низ мехоҳам таъкид намоям: бароям хислатҳои корбарӣ, рафтору гуфтор, донишмандӣ ва соҳибэҳтиромии амакҳоям Саидмурод Мирзоев ва Маликмансур Раҳматов, ки аввалӣ таи 21 сол дар замони шӯравӣ раиси Суди шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) буданд ва дуюмӣ солҳои зиёд дар мақомоти судӣ ва беш аз 10 сол вазифаи прокурори шаҳри Олмалиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба уҳда доштанд. Онҳо барои ман мояи ифтихор ва ибрат буданду ҳастанд. Баъдтар дар роҳи фаъолияти касбӣ бо бисёр одамони нек ва устодон рӯ ба рӯ шудам, ки аз онҳо низ бисёр арзишҳои олиро ба ирс гирифтам. Махсусан, нақши устоди шодравон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Усмонов дар ташаккули касбии камина ҳамчун ҷарроҳ ҳалкунанда буд. Дар хотир дорам, ки замони дар ноҳияи Мастчоҳ кор карданам он кас се сол мунтазам дар фасли тобистон дӯсти азизи ман шодравон Шодибой Амоновро ба ноҳия мефиристоданд, ки маро ба Душанбе баргардонад ва он ҳам барои таҳсил дар ординатураи клиникӣ. Ҳамин сабаб шуду ман бо оилаам бо мушкили зиёд ба Душанбе баргаштам (модар аслан розӣ набуданд). Бо ҳамсарам ба ординатура дохил шудем. Наметавонистам бигӯям, ки чунин кор аз дасти ман меояд ё не.

Баъдан, дар роҳи такмили ихтисос, умури роҳбарӣ ва одаму одамшиносӣ дарси зиндагиро, пеш аз ҳама, аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал омӯхтам. Сипас, тақдир маро ба мутахассисони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ академик Ф. Г. Углов (Санкт-Петербург), О. М. Авилова (Киев), Н. Т. Трапезников, М. И. Давидов ва М. Ҷ. Алиев (Москва), А. Д. Каприн, И. С. Стилиди, Э. А. Айдархонов (Алмаато), Ю. Б. Исҳоқӣ, М. Ғ. Ғуломов рӯ ба рӯ кард, ки аз ин инъоми сарнавишт беандоза сипосгузорам.

Аз Душанбе, ки маро аз он даврон то ба ҳол ниҳоят гарм пазироӣ кардааст, низ бо ифтихор ёд мекунам. Ин ҷо беҳтарин устодону дӯстон пайдо кардам. Яке падархонд, дигаре мураббиям гардид, аз ҷумла, дастгирии устодону дӯстони ман К. Т. Тоҷиев, М. Қ. Муродов, Қ. А. Ҳасанова, О. О. Одинамамадов, Х. И. Абдушукурова, А. Г. Копилтсов, А. Ҳ. Ҳақназаров, В. С. Костин, Ҳ. Қ. Рофиев, Д. З. Зикриёхоҷаев, А. Ҷабборзода ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам фаромӯш нахоҳад шуд.

Аз мактаби сиёсӣ ва инсонии Роҳбари давлат, инчунин, аз теъдоди зиёди шахсиятҳое сипосгузорам, ки онҳо дар ташаккули андешаи сиёсии ман ва иҷрои софдилонаву бомасъулияти вазифаҳо саҳми хеле муассир гузоштанд. Ман ходимони барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ А. М. Миралиев, А. С. Достиев, Б. А. Маҳмадов, Қ. Расулзода, С. Х. Хайруллоев, М. З. Зокиров, М. М. Икромов, шодравон С. Ғ. Сафаров, Ш. З. Зуҳуров, А. А. Азизов, Х. Юсуфӣ, Ҷ. М. Мансуров, С. С. Ятимов, Ш. Х. Хайруллоев, С. Н. Нурилоева, М. С. Давлатов ва дигаронро дар назар дорам.

Марҳалае масъулияти роҳбарии Фраксияи ҲХДТ дар парлумонро ба уҳда доштам (солҳои 2002 — 2011). Он дар фаъолияти сиёсии банда давраи мушкилтарин буд. Зеро замони таҳкими арзишҳои сиёсии давлати мустақили мо бо мавқеъгирии ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ дар ҳолате ки баъзе аз онҳо аз дастгирии сохторҳои байналмилалии «беғараз» истифода мебурданд ва дар муборизаи беамони сиёсӣ қарор доштанд. Онҳо масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодиро ба минбари баҳс мекашонданд. Ва рӯирост бояд иқрор шуд, ки дар ҳифзи арзишҳои демократии давлати соҳибистиқлоламон равандҳои стратегии рушд ва такмили давлатдорӣ гурӯҳе аз фаъолони ҳизбиву шахсони содиқ ба Ватан дар он баҳсҳо иштироки судманд доштем. Аз ҷумла, дар он ҳамоишҳои сиёсӣ нақши муассири З. Ализода, Ш. Салимзода, Ш. Шоҳиён, М. Раҳимзода, М. Хидирзода, А. Фелалиев, Ғ. Афзалов, М. Болтуев, С. Валиев, Ш. Исмоилов хеле самаранок буд.

- Ним асри кору фаъолият дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ аз сӯи ин ё он сарвар оё бархӯрди дурушт ва ноодилдона ба саратон наомад? Агар ҳа, подзаҳри он заҳр чӣ буд?

- Дар тӯли фаъолият бо роҳбарону шахсиятҳои гуногунзавқ, гуногунрафтор ва гуногункирдор вохӯрдаам. Хушбахтона, метавонам бигӯям, ки аксари онҳо шахсони донишманд, бохирад, дурандеш ва содиқ буданд. Ду ҳолат замоне ба вуқӯъ пайваст, ки сабаби нороҳатии ман гардид, вале дар дил аз онҳо ғуборе намондааст ва аз ин рӯ, аз волидайн беандоза миннатдорам, ки дар вуҷуди ман кинаву адоватро умуман ташаккул надодаанд. Яке аз чунин кӯшишҳои беасос солҳои ба ҳайси проректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кор кардан рӯй дод. Он замон ногаҳон ба унвони ректори донишгоҳ қарори коллегияи Вазорати тандурустӣ оид ба озод кардани банда пешниҳод шуд. Дар ҳоле ки ягон тафтиши фаъолияти ман ҷой надошт. Маълум гашт, ки роҳбарони вазорати замон бе пурсишу санҷиш лоиҳаи қарори коллегияро таҳия карда, имзои аъзои онро таҳти фишор гирифта (шоҳидон ҳоло ҳам ин нуктаро таъкид мекунанд), дар асоси он қарор қабул кардаанд. Он вокуниши зиёдро дар байни роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ба бор овард. Ва бори аввалу охир дар таърихи донишгоҳ шӯрои илмӣ он қарори коллегияро рад кард ва банда фаъолиятро то интихоботи парлумонӣ идома додам.

Ҳодисаи дуюмро батафсил таъкид карданӣ нес­там. Он ҳам бо дарназардошти нозукии кор ва шахсият сурат гирифт. Фақат гуфтаниам, ки баъди зуҳури ноадолатӣ бо гузашти 6-7 моҳ дар назди теъдоди зиёди кормандони соҳаи тандурустӣ мақоми дахлдор аз банда узрхоҳӣ кард. Вале ҳаминро гуфтаниам, ки ҳар мушкилот ва беадолатие, ки рӯ ба рӯи инсон пайдо мешавад, бояд муҷиби рушду такомули минбаъдаи фаъолияташ гардад ва шахс дар дилаш ба ягон андешаи ботил роҳ надиҳад.

- Замони фаъолият ба ҳайси муовини якуми раиси вилояти Суғд дар ҳайати Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон шомил будед. Хоҳишмандам, аз он даврон ба тариқи фишурда барои хонандагон чизе бигӯед.

- Бояд иқрор шуд, ки баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаи умдатарини рӯз буд ва ҳаст. Моҳиятан, мавқеъгирӣ дар ин масъала ба санадҳои қонунӣ (легитимӣ)-и эътирофшуда асос ёфта, аз як сӯ, ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ бошад, аз дигар тараф, ҷараёни баррасии он бояд тавре сурат гирад, ки ба муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду давлати ҳамҷавор халал ворид нашавад. Ва мушкили кор ҳам дар ҳамин буд. Чунки талаби тарафи Тоҷи­кистон асоси бебаҳси қонунӣ дорад, вале вокуниши тарафи дигар на ҳама вақт ба зербинои дӯстӣ ва таъмини волоияти ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ мувофиқат мекард.

Ҳамчунин, мехостам таъкид кунам, ки дар ҳама зинаи фаъолият ман аз ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, новобаста ба шакли моликияташон, қаноатмандам. Аксари онҳо корашонро барои рушду нумӯи аҳкоми давлатдорӣ, пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии он равона мекунанд. Шахсиятҳои алоҳида низ дар байни баъзе аз журналистон ҳастанд, ки бо «супориш» ва ё бо ғараз қалам меронанд. Вале ҳунари шахси масъули мақомоти давлатӣ он гоҳ зоҳир мегардад, ки онҳоро бо роҳи рост ва фикри дуруст равона созад. Аз таҷрибаи чунин тарзи корбарӣ ҳолати зиёдро дар хотир дорам, яъне бояд ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма барои манфиатҳои милливу давлатӣ уҳдабароёна ба роҳ монем.

Мусоҳиб Мирзо ШУКУРЗОДА,

нависанда ва журналист,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон