Мардуми деҳаи Ругунд бо фарзандони арзандаи худ- табибони номдор Мелис ва Пӯлод Хидировҳо, Обид Оқилов, Шарифҷон Собитов, Мурод Валиев, Қурбон Сабуров ва Фахриддин Искандаров ифтихор доранд. Инҳо табибони номбардори деҳаи Ругунди Истаравшани бостонианд. Онҳо табибоне ҳастанд, ки тамоми умри худро ба хизмати халқ бахшидаанд ва ҳоло ҳам дар ҳамин роҳ мекӯшанд.
Аз миёни табибони номбурда ҷавонтаринашон Фахриддин Искандаров мебошад, ки 26 соли умри ӯ ҳам дар хизмати халқ гузаштааст. Фахриддин аз хурдсолӣ орзу дошт, ки табиб шавад ва беморонро шифо бахшад, чунки модари ӯ Салима Сабурова 45 соли умрашро ба хизмати халқ бахшидааст. Ӯ ҳамшираи шафқат буд ва ба беморони аҳолии се деҳа- Ругунд, Вогат, Лакат хизмат мерасонид.
Ба ҳурмату эҳтироми халқ сазовор будани модарашро дида, Фахриддин орзуи табиб шуданро дар дил мепарварид. Ниҳоят соли 1987 ӯ ба орзуяш расид. Фахриддин пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа соли 1981 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд ва соли 1987 онро бомуваффақият ба итмом расонид. Ӯ худи ҳамон сол ба зодгоҳаш омада, дар беморхонаи марказии шаҳр духтур-терапевт шуд. Пас аз якчанд соли кор карданаш истеъдоди ӯро ба инобат гирифта, Фахриддинро сардухтури Стансияи санитарӣ –эпидемиологии шаҳр таъин карданд. Давоми солҳои 1997-2011 дар шуъбаи дилшиносӣ таҳти роҳбарии Шарифҷон Собитов кор кард. Аз соли 2011 Фахриддин Искандаров бо мадади ҷавонмарди кордону меҳнатдӯст-соҳибкор Додоҷон Каримов Маркази ташхисӣ- табобатии «Шифо»-ро ташкил намуд. Дар ин марказ табибон Ӯктам Отаев, Икром Ҳамдамов ва Фахриддин Искандаров фаъолият мебаранд. Дар Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифо» дастгоҳҳои ҳозиразамон гузошта шудаанд ва беморони дилу рагҳои хунгард, фишор, тарбод, буғумдард, бемориҳои шуш, гурда, талхадону рӯда табобат карда мешаванд.
Аз рӯзи кушодашавии Маркази ташхисӣ — табобатии «Шифо» зиёда аз 3000 бемор табобат гирифтаанд. Аз дафтари фикру мулоҳизаҳои беморони шуъба маълум аст, ки ҳама аз духтурон ва ҳамшираҳои шафқати ин ҷо розӣ ва миннатдор ҳастанд. Маълум мешавад, ки роҳбари шуъба Фахриддин Искандаров корро дар ин марказ дуруст ба роҳ мондааст, чунки ҳама аз кори ӯ розианд. Фахриддин на танҳо дар коргоҳ, балки дар хона ҳам падари ғамхор аст. Ӯ ҳамаи фарзандонро соҳибмаълумот гардонидааст.
Хушбахтии ин хонадон аст , ки Худованд ба Фахриддин ҳамсари хеле мувофиқро муносиб дидааст. Ҳамсараш Муборак Мирфозилова зани хеле меҳрубону хушрафтору хушгуфтор, сарвари ҳамшираҳои шафқати дармонгоҳи «Шифо» аст. Агар шумо ба дармонгоҳ дароед, тозагӣ ва гулу гулзорро дида, гумон мекунед, ки ба як гӯшаи ҷаннати афсонавӣ ворид шудаед, ки ҳамааш аз кордонии роҳбари табобатгоҳ Фахриддин Искандаров дарак медиҳад. Ӯ вақтҳои холигиашро беҳуда нагузаронида, дар боғи аз падараш меросмонда меҳнат мекунад. Намегузорад, ки ягон токи ангур ё дарахти себу ноки падараш шинонида хушк шавад, ҳамеша вақти холигиашро бо нигоҳубини току дарахтон мегузаронад.
Фахриддин Искандаров шахсест, ки табиатан табиб таваллуд шудааст, ӯ инчунин чун дӯсти наздик бо бемор, бо хотири ҷамъ ҳолу аҳволпурсӣ мекунад, ки ин хислати духтур беморро ба зиндагӣ дилгарм месозад.
Раънои САФАРЗОД, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон