Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ дар соли 2021 ШСХК «Барқи Тоҷик» 4 милиарду 481,4 миллион кВт. соат неруи барқро ба маблағи умумии як миллиарду 595, 4 миллион сомонӣ харидорӣ намуд. Дар муқоиса ба соли 2020 хариди неруи барқ 143, 3 миллион кВт. соат ё ба маблағи 176 миллион сомонӣ зиёд гардид. Дар ин бобат раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ, ки 14 феврали соли 2022 доир гардид, иттилоъ дод.
Ӯ зикр кард, ки содироти неруи барқ соли зикршуда нисбат ба соли 2020-ум 911,6 миллион кВт. соат зиёд гардида, ба 2 миллиарду 434, 5 миллион кВт. соат баробар шуд. Неруи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — як миллиарду 275, 2 миллион кВт. соат ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон — як миллиарду 146, 8 миллион кВт. соат ба маблағи 258, 8 миллион сомонӣ содирот шуд.
Воридоти маблағ аз ҳисоби содироти неруи барқ дар ин давра 404,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 232,6 миллион сомонӣ кам мебошад. Сабаби асосии коҳиш ёфтани воридоти маблағи барқи содиротшуда вазъи сиёсии Афғонистон ва вобаста ба ин сари вақт пардохт нашудани маблағи барқи интиқолшуда аз ҷониби ширкати «Брешна» — и Афғонистон мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 ШСХК «Барқи Тоҷик» вобаста ба уҳдадориҳои молиявӣ ба маблағи 513,6 миллион сомонӣ андоз пардохт намуд. Пардохти маблағи барқи харидоришуда ба НБО — «Сангтӯда — 1» 301 миллион сомонӣ, НБО — и «Сангтӯда -2» — 98,2 миллион сомонӣ ва ҶСК «НБО — и Роғун» 150 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар мавсими гармидиҳии солҳои 2021 — 2022 аз ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе — 1» ва ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе — 2» 2775 иншоот бо гармӣ таъмин шуд.
Дар ин давра таъмиру барқарорсозӣ ба маблағи 129, 5 миллион сомонӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт Маҳмадумар Асозода.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»