Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Тоҷикистон 190 шахси аз садсола боло зиндагӣ мекунанд

№24 (4444) 22.02.2022

DSC_2449Ин нукта 16 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.

Директори агентӣ Гулнора Ҳасанзода гуфт, ки вобаста ба иҷрои банди 1 зербанди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 таҳти №291 «Дар бораи таъмин намудани мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ барои солҳои 2018-2022» ҷиҳати ташкили махзани ягонаи иттилооти оморӣ оид ба аҳолии деҳот ва дигар нишондиҳандаҳои оморӣ як қатор корҳо ба анҷом расиданд. Аз 433 ҷамоати шаҳраку деҳот 296 — тои он бо ноутбук ва компютер таъмин буда, корҳои гузариш ба китоби хоҷагидории электронӣ идома дорад.

- Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар асоси моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ва «Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба тайёрӣ, гузаронидан ва паҳн намудани натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 — ро аз рӯи панҷ нишондиҳанда — шумораи умумии аҳолӣ, шумораи аҳолии шаҳр ва шаҳракҳо, шумораи аҳолии деҳот, шумораи мардҳо ва шумораи занҳо 12 октябри соли 2021 эълон намуд, — изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, то 1 октябри соли 2021-ум аҳолии Тоҷикистон 9 миллиону 661,6 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба барӯйхатгирии аҳолии соли 2010-ум ду миллион 97,1 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии аҳолӣ 4 миллиону 901 ҳазор нафар мард ва 4 миллиону 760,6 ҳазор нафар зан мебошад, ки мутаносибан 50,7 ва 49,3 дарсадро ташкил медиҳад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»