Корхонаҳои саноатии қаламрави ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соли 2021 якҷо бо сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 458 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2020-ум 116 миллион сомонӣ зиёд буда, бо дарназардошти индекси нархи маҳсулот 128,9 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ба аҳолӣ ба миқдори 4219,1 миллион сомонӣ хизмати пулӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 723,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора раиси ноҳия Билол Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ, ки 15 феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, маълумот дод.
- Дар доираи нақша — чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида, ба таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ солҳои 2019-2021, дар маҷмӯъ, 788 чорабинӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, дар минтақаи саноатии ноҳия, воқеъ дар кӯчаҳои Айнӣ, Зебуннисо ва С. Вализода 15 корхонаи истеҳсолӣ бо 3250 ҷойи нави кор бунёд ёфт. Дар 11 моҳи соли 2021 дар маҳаллаҳо, муассисаҳои истифодабарии манзил ва кӯчаҳои протоколӣ зиёда аз 700 адад шиору овезаҳо, 15044 адад парчами давлатӣ овехта шуда, 3241 дарвоза ва 260080 метри мураббаъ иҳотадеворҳо рангубор гардиданд, — изҳор дошт ӯ.
Зикр гардид, ки соли гузашта беш аз 750 сокини ноҳия ба шумули занону духтарони хонашин ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, ороиши мӯй, сартарошӣ, қаннодӣ, кафшергарӣ, қолинбофӣ ва заргарӣ фаро гирифта шуда, дар нуҳ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»