«Ба неруи пурқудрат табдил додани артиш кори осон набуд»,

№24 (4444) 22.02.2022

 - мегӯяд вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Шералӣ Мирзо

ОРГИНАЛ- Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол пеш бидуни замина таъсис ёфта бошад ҳам, ҳоло ба артиши мукаммал табдил ёфтааст. Мехоҳам суҳбатро аз роҳи тайкардаи он оғоз кунем…

- Бояд ёдовар шуд, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ — сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифт, Тоҷикис­тони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ намуд, вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Ба ибораи дигар, Артиши миллӣ аз сифр бунёд гардид.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Аз ҷумла, даври аввал сохтмони асоси Артиши миллӣ, даври дуюм, бунёди навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва даври сеюм бошад, таҳкиму тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо баҳри баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Тоҷикистони тозаистиқлол.

Албатта, бунёд ва таҳкиму тақвият бахшидану ба неруи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ барои кишвари тозаистиқлол, ки дар марҳилаи гузариш қарор дошта, ба давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқ­бунёду дунявӣ ва ягона табдил меёфт, кори осон набуд. Новобаста ба вазъи ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон аз шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу маишӣ, заминаҳои хуби моддиву техникӣ ва баҳри боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намуданд, ки он ба мустаҳкам гардидани иқтидори мудофиавии кишвар таъсири мусбат расонид.

Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се ­навъи Қувваҳои Мусаллаҳ — Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард ва Қӯшунҳои зудамал фаъолият доранд.

- Аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар таҳрири нав як сол сипарӣ шуд. Натиҷа ва фарқи ду даъвати охири ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба солҳои пеш чӣ гуна аст?

- Воқеан, 29-уми январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда дар тарҳи нав қабул гардид, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат мебошад. Қонуни зикршуда дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷ таҳия гардида, вобаста ба талабот ва шароити ҷомеаи ҳозираи кишвар мутобиқ шудааст. Илова бар ин, қонун як қатор нав­овариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулиятнокии онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.

Қонуни зикргардида се шакли хизмати ҳарбиро муайян намудааст. Онҳое, ки пас аз хатми муассисаҳои миёна ва миёнаи касбӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд, муҳлати хизмати онҳо 24 моҳро дар бар мегирад. Шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъд аз 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Онҳое, ки муассисаҳои олиро бидуни омӯзиш дар кафедраҳои ҳарбӣ хатм кардаанд, низ 12 моҳ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд, вале баъд аз анҷоми муҳлати хизмат ба онҳо рутбаи ҳарбии то сержант дода мешавад.

Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, навоварӣ ва шакли нави хизмати ҳарбист. Шаҳрвандони синни даъватие, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян, ки андозаи он мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30-юми июли соли 2021-ум 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст, бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа уҳдадории ҳарбиро адо намуда, бо гирифтани билети ҳарбӣ ва рутбаи сарбози қаторӣ ба ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ворид шаванд.

Бо ҳамин тартиб, нимаи дуюми моҳи январи соли 2022 дар пойгоҳи марказҳои таълимии «Фахробод»-и вилояти Хатлон ва «Чоруқдарон»-и вилояти Суғд, сарбозоне, ки ихтиёран ва бо пардохти маблағи муқарраршуда ба ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалб гардиданд, хизмати ҳарбиро бо гузаштан аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ адо ва баҳри садоқат ба халқу Ватан савганди ҳарбӣ ёд намуданд. Сипас, ба ҳайати захираҳои эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштанд.

- Дар моддаҳои 14, 36, 38, 39, 52, 56, 58 қонун вобаста ба тартиби ҷалб ва фаъолияти занон ба Қувваҳои Мусаллаҳ сухан рафтааст.

- Ҳоло занону бонувон дар самту соҳаҳои гуногуни Артиши миллӣ, аз ҷумла, қисму воҳидҳои низомӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, тиб, коргузорӣ, ақибгоҳ, алоқа, корхонаи дӯзандагии истеҳсоли амволи ҳарбӣ ва ғайра фаъолият доранд. Фаъолияти онҳоро дар артиш қонунҳои соҳаи ҳарбӣ ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим медарорад. Ба ғайр аз ин, бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар Артиши миллӣ дар тобеияти Вазорати мудофиа ва сардорони гарнизонҳои ҳарбӣ Шӯрои занон амал мекунад, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон-хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатии маъмурӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занон дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ, тарбияи занон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», занон ва бонувон ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда, дар вазифаҳои гуногун фаъолият менамоянд ва дар тарбияи афсарону сарбозон, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

- Таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳоло аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро нигарон намудааст. Омодагии Артиши миллӣ дар муқобили таҳдидҳои эҳтимолӣ чӣ гуна аст?

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳон ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстиву худогоҳӣ ҳамеша зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем ва бо омодабошии доимӣ барои ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ҷаҳду талош намоем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тунд­рави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишварро халалдор намояд.

Аз ин хотир, барои пешгирӣ намудани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои эҳтимоливу воқеӣ, тамоми рӯйдоди олам ва амалҳои террористиву ифротгароӣ, ки дар баъзе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба вуқӯъ мепайванданд, аз ҷониби ҳайати роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода мешаванд. Баҳри истодагарӣ намудану муқовимат нишон додан бар зидди зуҳуроти номатлуби аср, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳамоҳангии зич бо дигар сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар тадбирҳои саривақтӣ ва амниятиро роҳандозӣ менамоянд.

Ҳамчунин, дар доираи нақшаи мудофиаи Тоҷикистон ва нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳар сол дар гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, захираҳои сафарбарӣ ва сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пайваста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки дар самти тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ ва баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ таъсири хуб мерасонанд.

 Зимнан, ёдовар бояд шуд, ки дар таърихи Истиқлолияти давлатӣ бори нахуст тибқи Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ бо мақсади санҷиши дараҷаи баланди омодабошии доимӣ, бо бонги пурраи хатари ҷангии «МАРЗ-2021» бардошта шуда, ба он зиёда аз 100 ҳазор хизматчии ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун, беш аз 130 ҳазор нафар қувваҳои эҳтиётӣ ё захираҳои сафарбарӣ ҷалб шуданд. Ҳамчунин, дар санҷиши омодабошии ҷангӣ 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 чархболу ҳавопаймои ҷангиву нақлиётӣ истифода шуданд.

Илова бар ин, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он, дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша, пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ доир карда, дар размоишҳои муштараки минтақавию байналмилалӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.

- Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуфтанӣ доред?

- Мехоҳам бо хушнудӣ иброз намоям, ки низомиёни кишвар дар баробари мардуми шарафманди Тоҷикистон ин ҷашни бузургро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва дар фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон истиқбол мегиранд.

Дарвоқеъ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди хизматчиёни ҳарбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вобаста ба ҳифз ва ҳимояи соҳиб­ихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, муҳофизати манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандони он гузошта шуд.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиро бошарафона адо намуданд.

Бояд аз гузаштаи пурифтихору ибрат­омӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ватан­дӯсту ободгарамон сабақи мардонагӣ гирифта, дар баробари нишон додани садоқат ба халқу Ватан ва Президенти маҳбубамон, ­доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем. Бо эътимоду боварӣ метавон изҳор намуд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандиро дар назди Ватан, миллат ва давлат бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»