Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№24 (4444) 22.02.2022

DSC_9241Зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 феврали соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир ­Зокирзода баргузор гардид, масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар хусуси ислоҳот ба протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ки дар шаҳри Кигалии Ҷумҳурии Руанда 15 октябри соли 2016 қабул шудаанд», «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Одиназода М. Г. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Алиаҳмадиён Р. М. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода А. М.» ва «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадализода М. А.» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ва онҳо пас аз шарҳу тавзеҳи масъулин барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода ширкат варзида, вобаста ба баъзе аз масъалаҳо ибрози андеша намуд.

«Садои мардум»