Мубодилаи номаҳои шодбошӣ

№24 (4444) 22.02.2022

19 феврали соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба муносибати 30 — юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар мубодилаи номаҳои шодбошӣ ба амал омад.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Лутфан табрикоти самимии маро ба муносибати санаи хотирмон дар таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 30 — юмин солгарди барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон бипазиред.

Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки дар қатори аввалинҳо истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати моро эътироф намуд, шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории фарогири кишварҳоямон, ки соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятиро дар бар мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем.

Омодаем, ки ҷиҳати густаришу тавсеаи бемайлони муносиботи гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар ва бештар ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо бо ҷанбаҳои нави амалӣ минбаъд низ иқдомҳои муштаракро дар сатҳи гуногун роҳандозӣ намоем.

Бо ибрози таманниёти беҳтарин, ба ҷаноби Президент сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Амрико пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

Дар номаи шодбошии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, нигошта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Ба муносибати 30 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ман ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти самимии худро ирсол менамоям.

Дар тӯли ин 30 сол мо барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намудем.

Дар раванди идомаи ҳамкориҳо мо ҳадафҳои умумии амниятии худро, аз ҷумла дар самти шарикии муассир дар мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19, инчунин дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, тағйир­ёбии иқлим ва энергетика, волоияти қонун, амният ва робитаҳои байни одамон пеш хоҳем бурд. Шарикии мо ба шукуфоии бештар, амният ва адолат барои ҷомеаҳои мо ва тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, минбаъд ҳам ба эҳтироми мардуми Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари Шумо содиқ мемонад».

www.president.tj