Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки таҳти раёсати муовини раиси вилоят Қиматгул Алибердиева гузашт, ҷараёни амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» дар сохторҳои кишоварзии вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мувофиқи ҳисоботи сардори Раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев баҳри амалигардонии ин қарорҳо корҳои муайян иҷро гардиданд. Имрӯз беш аз 70 фоизи аҳолии вилоят дар деҳот зиндагӣ мекунад ва баҳри таъмини онҳо бо ҷойи кор, дар асоси даҳ барномаи соҳавӣ, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, тайи ду соли охир барои даҳҳо нафар сокинони деҳот ҷойи корӣ ташкил шудааст. Аз ҷумла дар асоси Барномаи рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 дар ноҳияи Роштқалъа корхонаи коркарди пӯсту пашм, дар ноҳияи Ишкошим коркарди пашм ташкил шуда, дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб дар ҳамкорӣ бо созмонҳои бонувони ҳунарманд ҷӯроб, гилем, палосҳои намудҳои гуногуну рангоранг тайёр карда мешаванд. Аммо дар ҳисоботи сардори Раёсати кишоварзӣ омори дақиқ, дар хусуси он ки баъди қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти вилоят чанд ҷойи кории доимӣ таъсис дода шудаанд, чизе гуфта нашуд. Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят Маҳмадкарим Назиров дар ҷараёни баррасии масъала гуфт, ки асосан дар деҳот ҷойҳои кори муваққатӣ ташкил мешаванд. Ӯ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ташкилоту муассисаҳо ба идораҳои шуғли аҳолии вилоят дар бораи ҷойҳои кории холӣ маълумот пешниҳод намекунанд. Соли 2013 ҳамагӣ 92 ҷойи корӣ ба идораҳои шуғли аҳолии вилоят пешниҳод шудааст.
Қиматгул Алибердиева, муовини раиси вилоят низ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки воқеан идораҳои марбута оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мавҷудияти ҷойҳои холии корӣ дар идораву муассисаҳо маълумоти дақиқ надоранд ва барои ислоҳи ин камбудӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешид.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»