Аз нишастҳои матбуотӣ

14977 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд

№25 (4445) 24.02.2022

DSC_272117 феврали соли 2022 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ — иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Ҷамшед Табарзода нишас­ти матбуотӣ доир шуд.

Зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 18,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 109,2 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,1 фоизро ташкил дод.

Тибқи маълумоти оморӣ, моҳҳои январ — декабри соли 2021 истеҳсоли энергияи барқ беш аз 1,7 миллиард кВт/соатро ташкил дод. Дар давраи зикршуда аз тарафи филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ, 3,4 миллиард кВт/соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 322,3 миллион кВт/соат зиёд мебошад.

Соли гузашта дар соҳаи маориф корҳои сохтмон, таъмир ва навсозӣ дар 22 иншоот барои 39604 ҷойи нишаст дар ду баст ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, дар 19 муассисаи томактабӣ барои беш аз 3374 ҷой, ки дар зери биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир мебошанд, корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби чор корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 16 ҷамъияти хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати таксӣ амалӣ гардида истодааст. Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 84 хатсайри мусофирбари ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки соли 2021 тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 14977 шаҳрванди бекор бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

 «Садои мардум»