Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко

№26 (4446) 26.02.2022

DSC_6411 - копия24 феврали соли 2022 мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко, ки бо ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, доир гардид.

Ҷонибҳо музокиротро дар доираи мулоқоти хосса оғоз карда, дар шакли васеъ бо иштироки ҳайатҳо идома доданд. Дар рафти он доираи васеи ­масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Россия, ҳамчунин ҷанбаъҳои мубрами вазъияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо зикри таҷлили 30 — солагии муносибатҳои дипломатии байни кишварҳо, ки ба 4 апрел рост меояд, аз робитаҳои ҳасанаи дӯстӣ, сатҳи баланди боварию эътимоди байниҳамдигарӣ, шарикии стратегӣ ва натиҷаҳои пурмаҳсули ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, робитаҳои байнипарламентӣ шохаи муҳими ин муносибатҳо мебошанд.

Зикр гардид, ки солҳои охир бо талош­ҳои муштарак муносибатҳои ҳамкорӣ байни ҳар ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи парламентҳо, ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки палатаҳои болоии парламентҳои ҳар ду кишвар дар доираи Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия робитаҳои зичро ба роҳ мондаанд.

Дар рафти суҳбат оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо, табодули андеша сурат гирифта, ҷонибҳо аз раванди баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Аснои суҳбат, инчунин, масъалаҳои амният, афзоиши хатарҳои фаромиллӣ, вазъияти Афғонистон ва минтақа мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки вохӯрии ҷонибҳо ва ҳамчунин, натиҷаҳои Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки дар ҳошияи сафари расмии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко 25 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистону Россия такони тоза мебахшад.

www.majmilli.tj