Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Валентина Матвиенко

№26 (4446) 26.02.2022

51902807871_f44e4ed846_o25 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Маҷмааи давлатии «Қас­ри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Роcсия дар соҳаҳои афзалиятнок, ҳамчунин, робитаҳои байнипарламентии ҳар ду кишвар баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории кишварҳо дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми шахсии Валентина Матвиенко дар таҳкими маҷмӯи робитаҳои шарикии стратегии ҳар ду кишвар баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми VII байнипарламентии Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» дар густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Россия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифт.

Ҳар ду ҷониб ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактаб­ҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Россия барои шаҳрвандони Тоҷикистон мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Ҳамчунин, доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе аз минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир табодули афкор сурат гирифт.

www.president.tj