Андешаҳо вобаста ба мақолаи «Пойкӯбӣ дар як ҷой» (Ё чаро пахтакор ғалбери холиро аз об мебардорад?) «Садои мардум» 26 январи соли 2022
Дар мақола қайд гардидааст, ки майдони умумии кишти пахта 186000 га-ро ташкил медиҳад. Маълум мегардад, ки масоҳати умумии замини пахта танҳо 25 фисади майдони умумии заминҳои корами обиро ишғол намудааст. Меъёри ноҳиябандии замини пахта дар ҷумҳурӣ асоснок набуда, он аз рӯйи маълумоти шароити табиӣ-иқтисодии минтақаи кадастрӣ тақсим нагардидааст.
Дуруст қайд гардидааст, ки яке аз сабабҳои асосии қарздор гардидани хоҷагиҳои пахтакор фючеристон буданд. Барои пардохт намудани қарзҳои фючеристӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳоро андешид. Ҳамчунин, бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ипотека»-ро дар таҳрири нав, ки он соли 2020 тасдиқ гардид, қабул намуд. Он ба кишоварзон имконият медиҳад, ки бевосита қарзи лозимаро аз бонкҳои ватанӣ аз тариқи ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи замин дастрас намоянд.
Дуруст қайд шудааст, ки яке аз мушкилоти асосӣ таъмин нагардидани самаранокии иқтисодии соҳаи пахтакорӣ истеҳсоли пахта дар хоҷагиҳои хурди кишоварзӣ мебошад. Дар ҳақиқат, ҳангоми гурӯҳбандии қитъаҳои замини хурди пахта самараи дилхоҳро интизор шудан ғайриимкон мебошад. Ин амал ба афзоиши арзиши аслии маҳсулот таъсир ва замини обиро ба таназзулёбӣ ва вайроншавии таркиби хок мерасонад. Ба андешаи мо, хоҷагиҳои деҳқонии хурдро муттаҳид гардонида, ба кооперативҳои истеҳсолӣ ё тиҷоратӣ табдил додан лозим аст.
Дар мақола оид ба кам гирифтани ҳосил ва паст будани ҳосилнокии пахта таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Албатта, ба ин нишондод як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ таъсир мерасонанд. Ба паст гардидани ҳосилнокӣ омили субъективӣ таъсири мустақим мерасонад, зеро ҳоло кишоварзон, бе дарназардошти корҳои агрохимиявӣ гузаронидани таҳқиқоти калонмиқёси хок ва шароити иқлимӣ-иқтисодии минтақа кишт менамоянд. Ҳол он ки дар ҷумҳурӣ ниҳодҳое амал менамоянд, ки метавон пеш аз кишт маълумоти зикргардидаро дастрас ва истифода намоянд.
Дар маҷмӯъ, мақолаи зикршуда муҳиму саривақтӣ буда, мутмаинем, ки дар робита ба ин масъулин бетаъхир тадбирандешӣ менамоянд.
Хуршед ЭЛМУРОДОВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
омӯзгори калони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур