Бисту шашуми майи соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Сардор Аёз Содиқ — Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистонро бо ҳайати ҳамроҳонаш, ки дар доираи робитаҳои байнипарламентӣ ба шаҳри Душанбе бо сафари расмӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ҳамчун институти комили низоми давлатдории муосир барои тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни Тоҷикистону Покистон нақши беназир дорад.
Инчунин дар ҷараёни мулоқот М.Убайдуллоев афзуд, ки ин сафар дар густариши муносибатҳои байнипарлумонии тарафҳо ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон саҳми босазо хоҳад гузошт, зеро муносибатҳои мавҷудаи ҳар ду давлат, самтҳои муайяни ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, махсусан татбиқи лоиҳаи CASA-1000, саноати сабук, коммуникатсия, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг бо истифода аз имкониятҳои парламентҳо бо тарҳу усули тоза баҳри таъмини рушди устувори кишварҳо заминаи воқеӣ мегузорад.
Бахусус таъкид гашт, ки сиёсати иҷтимоии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудааст, ки тавассути ташкили заминаву кафолати ҳуқуқӣ ҷалб ва воридшавии инвеститсияҳои хориҷӣ барои пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар афзун гардонида шавад ва дар ин ҷода парламент заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Бо дахли масъалаҳои умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ М. Убайдуллоев зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамчун аъзои Коалитсияи зиддитеррористӣ дар таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон саҳми назаррас гузошта, имрӯз ҷиҳати комёбӣ дар мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир метавонанд тадбирҳои таъхирнопазир биандешанд. Чунин иқдом метавонад на танҳо ба амнияти минтақа, балки ба нигаҳдошти солимии ҷомеа мусоидат намояд.
Бо истифода аз таҷрибаи ҳамкориҳои тарафҳо дар сатҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ зикр гардид, ки марҳилаи имрӯзаи муносибатҳо татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштаракро талаб менамояд. Аз ҷумла бунёди роҳи автомобилгард бо баромадан ба бандари Қарочи ба зиёдшавии гардиши мол ва рушди тиҷорати хурду бузург шароит фароҳам оварда, ташкили хатсайрҳои ҳавоӣ ба рушди иқтисодиёти ҳар ду кишвар заминаи босазо хоҳад гузошт.
Ҷаноби Сардор Аёз Содиқ дар навбати худ аз мавқеъ ва назари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Покистон омода аст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутаносибан судманд қадамҳои боз ҳам устувор ниҳад.
Ҳамзамон баҳри тавсеаи муносиботи байнипарламентӣ аз Раиси Маҷлиси миллӣ даъват ба миён овард, ки дар муҳлати барояш мувофиқ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ ташриф оварад.
Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ
Суратгир А. ИСОЕВ