Чанде пеш дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор нишасти матбуотӣ доир гардид.
Раиси ноҳия Зариф Назирӣ изҳор дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди боғ ва токзорҳо, инчунин барқарорсозии боғҳои куҳна як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, соли 2021 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва саҳмгузории сокинони он дар масоҳати 10 гектар зардолубоғ бунёд гардид.
- Барои нигоҳубин ва хушк нашудани боғи навбунёд, — гуфт Зариф Назирӣ, — тасмим гирифтем, ки се сокини ноҳияро ҳамчун боғбон ва посбон ба кор қабул намоем.
Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1098461,6 ҳазор сомонӣ расид, ки 100 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Кишоварзони ноҳия соли 2021 дар 12 ҳазору 890 гектар ғалладона ва 9570 гектар пахта кишт карданд.
Зикр шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷет, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 111,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 34 миллиону 57 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 37 миллиону 934 ҳазор сомонӣ ворид шуд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 206397,8 ҳазор сомонӣ расида, 124 фоизро ташкил дод. Ҳоло дар ноҳия 25 корхонаи хурду бузурги саноатӣ, ки аз онҳо 5 корхона ба коркарди пахта, 2 коргоҳи коркарди шир, коргоҳи консервабарорӣ, корхонаи қаннодиву истеҳсоли нон, 4 коргоҳи хурди нассоҷӣ, 3 корхонаи дӯзандагӣ, корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 2 фермаи мурғпарварӣ ва 3 корхонаи оби нӯшокӣ фаъолият мекунанд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»