Аз нишастҳои матбуотӣ

127 фоиз афзудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Муъминобод

№27 (4447) 01.03.2022

IMG_883616 феврали соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода изҳор дошт, ки соли гузашта, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, корхонаи муштараки шарбатбарории ҶДММ «Тоҷвайн» бо таъсиси 40 ҷойи кори доимӣ ва 100 ҷойи кори мавсимӣ, инчунин корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ бо таъсиси 5 ҷойи кори доимӣ мавриди истифода қарор гирифт.

- Соли гузашта, корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 30 миллиону 397 ҳазору 300 сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127 фоиз зиёд мебошад,- иброз дошт раиси ноҳия.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ёсуман» 4,9 тонна шир, «Шифочой» 2060 дона қуттӣ чой, «Мурғи Муъминобод» 957,5 тонна гӯшти мурғ ва «Заркорон» 130 ҳазор қуттии маҳсулоти консерва истеҳсол карданд.

Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 644 миллиону 690 ҳазору 200 сомонӣ расонида шуд.

Бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди боғу токпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2016 — 2020» дар ноҳияи Муъминобод дар панҷ соли охир 588 гектар боғ ва 40 гектар токзор бунёд гардид.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»