- Соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 604 млн. 225,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 55 млн. 822,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 548 млн. 557,2 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020-ум 53 млн. 933 ҳазору 588,4 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 10,8 фоизро ташкил медиҳад, — гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ.
Соли гузашта кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар 7670 гектар замин гузаронида шуд, ки назар ба соли 2020-ум 218 гектар зиёд мебошад.
Тибқи Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ дар 3222 гектар (нақша 3047 гектар) кишти картошка гузаронида шуд, ки 105,7 фоизи супоришро ташкил намуда, 175 гектар зиёд аст. Истеҳсоли картошка дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 62 ҳазору 10 тоннаро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 8 993 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 229,5 сентнериро ташкил дод.
Дар ноҳия истеҳсоли гӯшт 3945,9 тонна нисбат ба соли 2020-ум 7,2 тонна зиёд, шир 17813,9 тонна нисбат ба соли қаблӣ 228,7 тонна зиёд, асал 515,3 тонна дар қиёс ба соли қаблӣ 5,1 тонна зиёд, пилла 14,8 тонна нисбат ба соли 2020-ум 14,8 тонна зиёд, пашм 76,1 тонна назар ба соли қаблӣ 6,1 тонна зиёд, тухм 9 млн. 657,2 ҳазор дона нисбат ба соли қаблӣ 142 ҳазор дона зиёд гардид.
Соли 2021 дар ноҳия 23 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки аз он 10 гектар боғи интенсивӣ буда, 135 фоизи иҷрои нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.
Ҳоло дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 4775 гектар боғот мавҷуд буда, соли гузашта 23 ҳазору 400 тонна мева истеҳсол шуд.
Бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони канали «Мардумӣ» дар деҳоти «Қалъаи Сурх» идома дошта, ба маблағи зиёда аз 1,5 млн. сомонӣ корҳо иҷро гардиданд. Дар сурати ба истифода супоридани марҳилаи якуми он зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад.
Дар соли 2021 аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азхудкунии заминҳои нав 577 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 15000 м3 хоку гили нақбҳои обгузар тоза карда шуда, 140 метр қубурҳои полиэтиленӣ бо буриши 400 мм дастрас гардид.
- Соли 2022 барои рушди соҳаи саноат бунёди як қатор корхонаҳо, аз ҷумла, корхонаи коркарди санги мармар, корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ, корхонаи коркарди пӯст, гармхонаҳои замонавӣ дар назар аст. Ҳамчунин, дар ноҳия ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад, — афзуд узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»