Дар давоми панҷ соли охир вилояти Хатлон вобастагиро аз буҷети ҷумҳуриявӣ 16 дарсад кам кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр карданд, ки бояд шаҳру ноҳияҳо марҳила ба марҳила вобастагиро аз буҷети ҷумҳуриявӣ коҳиш диҳанд.
Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки соли 2021 нақшаи даромади худии буҷети вилоят ба 1 миллиарду 447 миллион сомонӣ расида, дар қиёс ба соли 2015-ум 803 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Соли 2021 хароҷоти буҷети вилояти Хатлон 209 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил кард, ки нисбат ба панҷ соли пеш 978 миллион сомонӣ бештар аст. Боиси хушнудист, ки маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ нисбат ба панҷ соли пеш 16 фоиз коҳиш дода шудааст. Ҳоло шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Ёвон ва Данғара худмаблағгузор буда, ба буҷети вилоят ҳиссагузоранд.
Бино ба иттилои муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бобоназар Давлатов, соли 2021-ум 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ кам шуд.
- Барои он ки вилояти Хатлон пурра аз маблағҳои ҷумҳуриявӣ даст кашад, бояд корхонаҳои азими саноатӣ бунёд шаванд. Бо ин васила вилоят метавонад худмаблағгузор шавад, — гуфт ӯ.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода перомуни ин масъала гуфт, ки аз соли 2019 ноҳияи Ҷайҳун вобастагиро аз буҷети ҷумҳурӣ аз 47 ба 43 фоиз поин бурдааст.
«Дар панҷ соли оянда мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин нишондодро то 20 фоиз оварда расонем», — гуфт А. Одиназода.
Ӯ ноҳияи Дарвозро мисол оварда, зикр кард, ки дар он парки технологӣ сохта шудааст, ки солона ба буҷети ноҳия 185 миллион сомонӣ андоз месупорад.
- Дар ноҳияи Ҷайҳун низ бунёди парки технологӣ ба нақша гирифта шудааст. Панҷ гектар замин лозим аст. Агар замин ҷудо гардад, бо дастгирии соҳибкорон ин иқдом амалӣ хоҳад шуд. Ноҳия ҳар сол аз буҷети ҷумҳуриявӣ 30 миллион сомонӣ маблағ мегирад. Бо бунёд гардидани парки технологӣ метавонад худкифо шавад, — шарҳ дод раиси ноҳия.
Ба гуфти раиси ноҳияи Хуросон Илҳом Аҳмадзода, қариб 50 фоизи буҷети ноҳия аз субвенсия таркиб ёфтааст.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои панҷ соли минбаъда нақша — чорабиниҳо омода кардааст, ки дар он бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ноҳияро худкифо намоем, — афзуд Илҳом Аҳмадзода.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат солҳои 2022-2026 — ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд.
Агар дар доираи ин иқдоми шоиста дар вилояти Хатлон корхонаҳои калони саноатӣ бунёд шаванд, имкон барои худмаблағгузор шудан фароҳам меояд. Масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»