Қӯшунҳои сарҳадӣ зодаи даврони истиқлол ва боиси ифтихори мост

№55 (3201) 28.05.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии кишвар

27 майи соли 2014, шаҳри Душанбе

IMG_7786

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!

Муҳтарам намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ!

Фардо ба яке аз санаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон — таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз ҷумлаи рукнҳои муҳимтарини давлатдории мустақили миллии мо мебошад, бист сол пур мешавад.

Имрӯз, ки мо ба ифтихори таҷлили ин санаи фархунда ҷамъ омадаем, ҳар яки шумо — сарбозону афсарони шуҷои Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат, хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷумлаи сохторҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоламон буда, дар баробари муҳофизати сарҳади давлатӣ тамомияти арзии мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва амнияти сокинони кишварро сарбаландона таъмин менамоянд. Яъне, сарҳадбонони мо қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-модар, халқи тоҷик ва давлати соҳибихтиёри тоҷикон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҷасуронаву далерона ба ҷо оварда истодаанд.

Таърихи халқи шарафманду сарбаланд ва бонангу номуси тоҷик пур аз мисолу намунаҳои ҷасорату матонат ва шуҷоату далерии фарзандони ватандӯсте мебошад, ки барои ҳимояи марзҳои сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ҳатто ҷони худро дареғ надошта, ҳар як ваҷаб хоки онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу эҳтиёт кардаанд.

Корномаҳои меҳанпа-растонаи онҳо барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун сабақи зиндаву омӯзандаи таърихӣ хизмат карда, хусусан ҳомиёни марзу буми Ватанро водор месозанд, ки рисолати касбии хешро минбаъд низ ҳамчун вазифаи муқаддас дар назди халқу Ватан поквиҷдонона ва садоқатмандона адо намоянд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳанӯз дар марҳалаи оғози соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил карда шуд ва дере нагузашта, бо қарори Раёсати Шӯрои Олии кишвар дар ҳайати кумитаи зикршуда Раёсати ҳифзи сарҳад таъсис гардид.

Баъдан, яъне 28 майи соли 1994-ум, дар асоси сохтори низомии мазкур Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон созмон дода шуданд, ки ин сана ҳамасола ҳамчун Рӯзи сарҳадбонон таҷлил карда мешавад.

Дар ин лаҳзаҳои идона мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки ҳоло Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сулҳдӯсти он дар симои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳомиёни фидокори марзу буми Ватан, муҳофизони боэътимоди амнияти давлат, оромиву суботи ҷомеа ва дастовардҳои истиқлолияти миллии худро мебинанд. Ҳамчунин таъкид месозам, ки маҳз бо хизмати содиқона ва бошарафонаи ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат дар як муддати кӯтоҳ неруҳои қобили ҳифзи марзҳои Ватан ба камол расиданд.

Таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон на танҳо омили муҳими таъмин намудани бақову пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи сарҳадот мебошад, балки нишонаи возеҳи истиқлолияти комили сиёсии давлати тоҷикон маҳсуб меёбад.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки бинобар сабабҳои маълум, мо баъди пошхӯрии собиқ давлати ягона аз ҳиссаи меросии худ ба аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфрасохтори низомӣ бенасиб мондем ва тавре борҳо гуфтаам, дар давраи хеле ҳассос ва басо мушкили таърихи кишварамон амалан дар ҷойи холӣ, яъне бидуни таҳкурсии зарурии моддиву техникӣ аввалан Артиши миллӣ ва баъдан Қӯшунҳои сарҳадии худро таъсис додем. Яъне, Қӯшунҳои сарҳадӣ зодаи даврони истиқлоли Ватанамон мебошанд, ки ин, албатта, боиси ифтихори ҳар яки мост.

Дар он солҳои воқеан ноором ба ҳайати шахсии Қӯшунҳои навтаъсиси сарҳадӣ лозим омад, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёд, якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаи сарнавиштсоз, яъне таъмини суботу оромии давлат ва ҳифзи марзу буми кишварро ба уҳдаи худ гиранд.

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангини давраҳои аввали ташаккулёбии давлатдории миллиамон бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштанд.

Марзбонони тоҷик дар вазнинтарин рӯзҳое, ки бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ шароити зарурии зиндагиву хизмат вуҷуд надошт, ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва таҳкими суботу оромии сокинони мамлакат дар сафи пеши мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор сангар гирифта, вазифаҳои басо мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона адо карданд.

Имрӯз низ марзбонони диловари тоҷик ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар самти мубориза бар зидди қочоқи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир вазифаҳои касбии хешро содиқона иҷро менамоянд.

Хотирнишон бояд кард, ки ташаккул ва рушди Қӯшунҳои сарҳадӣ дар давоми бист соли гузашта як давраи томеро ташкил медиҳад ва ин давра бо раванди рушду пешрафти давлати ҷавони тоҷикон баробар сурат гирифт.

Бо гузашти бист сол имрӯз метавонем дилпурона изҳор намоем, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ ба як сохтори воқеан муташаккилу муназзам ва неруи боэътимоди ҳифзи сарҳадоти мамлакат табдил ёфтаанд. Мо инро яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат мешуморем.

Бисту ҳафтуми майи соли 2014 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт ба истиқболи солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, кулли марзбонон ва ҳамаи мардуми кишварро бо фарорасии солгарди 20-уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт.

Тавре зикр гардид, дар зарфи 20 сол аз ҷониби марзбонони тоҷик 17 ҳазор вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ дастгир шудаанд. Зимни 400 амалиёти ҷангӣ дар сарҳад 20 тонна маводи мухаддир, 1000 адад аслиҳаи оташфишон ва беш аз 306 ҳазор лавозимоти ҳарбӣ аз марзшиканон мусодира шудааст.

Барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани шароити хизматию маишии неруҳои сарҳадӣ дар ин муддат 120 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд ёфта, даҳҳо биною иншооти дигар навсозӣ шудааст ва сохтмони боз 100 дидбонгоҳи дигар идома дорад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби таваҷҷуҳи муҳофизони Ватан ба равандҳои номатлуби сиёсию иҷтимоӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва кӯшишҳои ба муноқишаҳои мусаллаҳона кашидани минтақаҳои гуногуни  олам онҳоро ба зиракию ҳушёрӣ, омодагии баланди ҳарбӣ, ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва тарбияи насли ҷавону ояндаи кишвар дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.

Сипас, як гурӯҳ ходимони низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки хизматҳои шоёни таҳсин намудаанд, бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 2, медалҳои Ҷасорат, Шафқат, Марзбони шуҷои Ватан ва Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ба полковники соҳибтаҷриба Баҳриддин Муъминҷонов, ки дар сохторҳои гуногуни низомӣ хизматҳои шоиста анҷом додааст, рутбаи навбатии генерал-майор дода шуд.

 www.president.tj

Ҳозирини гиромӣ!

Дар иртибот бо таърихи ташаккулёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон як нуктаи муҳимро такроран иброз медорам, ки ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз мо дар хатти пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла паҳншавии терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ қарор дорем.

Марзбонони тоҷик ҳамеша амиқан дарк мекунанд, ки пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки маҳз тавассути сарҳад ба амал меояд, яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи мардумони кишвар ва минтақа мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат аз ибтидои таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ то имрӯз ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин омодасозии мутахассисони баландихтисосу касбии соҳа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуд.

Тавассути фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ҳадафу вазифаҳои марзбонони тоҷик дар самти ҳифзи марзи қариб панҷҳазоркилометра мушаххас гардида, инчунин дар доираи созишномаву барномаҳои ҳамкорӣ фаъолияти муштараки онҳо бо кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя торафт вусъат пайдо мекунад.

Яке аз тадбирҳои аввалине, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар ин самт гузоштаамон мусоидат намуд, бунёду азнавсозии инфрасохтори сарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сарҳадбонон мебошад. Ва имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадии кишвар тадриҷан ба талаботи меъёрҳои замонавӣ мутобиқ шуда истодааст.

Ҳоло дар қаламрави кишвар 34 гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла 5 гузаргоҳ барои парвозҳои байналмилалӣ, 4 гузаргоҳи байналмилалӣ дар роҳи оҳан, 24 гузаргоҳ дар роҳҳои мошингард ва як гузаргоҳи дарёӣ амал мекунад. Хусусан дар давоми даҳ соли охир дар самти ташкили фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Ҳоло барои фаъолияти муътадили мақомоти давлатии назорати хатти сарҳад ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла аксарияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва умуман иншооти сарҳадбонӣ бо воситаҳои техникии пешрафтаи назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, кор дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ босуръат ҷараён дорад.

Таҳлили фаъолияти мақомоти назорати сарҳадӣ шаҳодат медиҳад, ки бо истифода аз тарзу усулҳои пешрафта ва воситаҳои техникии муосир то имрӯз хеле натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд.

Аз ҷониби сарҳадбонон дар зарфи 20 сол зиёда аз 2400 ҳолати вайронкунии сарҳади давлатӣ ва беш аз 17 ҳазор нафар вайронкунандагони низоми гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ боздошт шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани беш аз 400 амалиёти оперативӣ аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 20 тонна маводи мухаддир, беш аз 1000 мил силоҳи оташфишон ва 306 ҳазор адад аслиҳаву муҳимоти гуногуни ҷангӣ мусодира карда шудааст.

Солҳои охир шароити қисмҳои низомии сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳо тадриҷан ба талаботи замон мувофиқ гардонида, то имрӯз зиёда аз 120 дидбонгоҳи нав сохта, ба истифода дода шудааст ва даҳҳо дидбонгоҳи сарҳадӣ таъмиру таҷдид гардидаанд. Ҳоло таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони боз зиёда аз 100 дидбонгоҳ ва иншооти мухталифи сарҳадӣ идома дорад.

Ҳукумати мамлакат баробари афзоиши имкониятҳои иқтисодии давлат маблағгузориро барои нигоҳдории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, мунтазам зиёд менамояд.

Дар давоми даҳ соли охир афзоиши хароҷоти умумии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ 24 баробарро ташкил кардааст, вале бо дарназардошти шароити хоси хизмат, маблағҳои барои Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат сарфшуда 25 баробар зиёд шудаанд.

Таъминоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаи ҳарбӣ низ ҳамасола беҳтар гардида, танҳо соли гузашта бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат барои онҳо садҳо адад техникаи нави низомӣ харидорӣ шуд.

Инчунин ҳар сол ғайр аз хароҷоти асосӣ, ба Қӯшунҳои сарҳадӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷасорату далерӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро ҳамеша қадршиносӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки дар давоми бист соли гузашта садҳо нафар, аз ҷумла имрӯз 15 нафар сарҳадбонони кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ ва ҳазорҳо нафари дигар бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Дар баробари қадршиносии хизматҳои шоёни сарҳадбонон Ҳукумати кишвар дар қатори дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамар ва беҳбудии ҳифзи иҷтимоии онҳо ҳамаи имкониятҳоро равона карда истодааст. Мо бо дарназардошти масъулияти зиёд ва вазниниҳои хизмати марзбонон минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву хизмат, ҳалли масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, инчунин тақвияти асосҳои моддиву техникии марзбонон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонем, зеро сарҳадбонон ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ ба ҳодисаҳои бархӯрди мусаллаҳона бо гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, падидаҳои террористиву экстремистӣ, муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандон ва дигар қонуншиканиҳо зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Мо мисолҳои бисёреро медонем, ки марзбонони мо дар чунин ҳолатҳо ҳушёриву зиракӣ ва далериву шуҷоат нишон додаанд ва ҷони худро ба хатар гузошта, садди роҳи ҷинояткорон шудаанд.

Ҳукумати мамлакат шуҷоату фидокорӣ ва хизматҳои шоёни фарзандони бонангу номуси Ватанро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ҳимояи марзҳои кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунад. Дар робита ба ин, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифадор карда мешаванд, ки ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани оила ва фарзандони марзбонони ҳалокгардида, инчунин ба Омӯзишгоҳи олии сарҳадии кишвар ва Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат ҷалб намудани фарзандон аз чунин оилаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Илова бар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ зарур аст, ки бо дарназардошти талаботи рӯз доир ба таъминоти сарҳадбонон бо шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат, техникаву таҷҳизоти махсус ва ба роҳ мондани тарзу усулҳои муосири пешбурди хизмат мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Яъне, бо истифода аз техникаву таҷҳизоти пешрафта ва усулҳои муосири фаъолият тарзу усули пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориву қонуншиканиҳо бояд такмил дода шавад.

Дар робита ба ин, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки риояи бечунучарои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ аз ҷониби ҳар як сарбоз ва афсари ҷузъу томҳои сарҳадӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи муҳимтарин ба ҳисоб меравад, зеро сатҳи омодагии ҷангӣ ва таҳкими қудрати мудофиавии мамлакат, пеш аз ҳама, ба риояи интизоми ҳарбӣ вобаста аст.

Таҳким ва тақвияти фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ, ғайр аз заминаи кофии моддиву техникӣ ва иншооти муҷаҳҳазу мусоид, ҳамчунин аз сатҳи таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва воқеан содиқу ватандӯст вобаста мебошад. Бо дарназардошти ин, мо дар давоми бист соли охир зиёда аз ҳазор нафар ҷавононро барои таҳсил ба донишгоҳҳои олии кишварҳои пешрафта фиристодем, ки аксари онҳо ҳоло дар вазифаҳои афсарӣ хизматро муваффақона пеш бурда истодаанд.

Мо инчунин тарбияи кадрҳоро барои Қӯшунҳои сарҳадӣ бо таъсис додани Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар дохили кишвар ба роҳ мондем, ки то имрӯз зиёда аз 600 нафар ҷавонони мо муассисаи мазкурро хатм карда, дар минтақаҳои мухталифи сарҳади давлатӣ адои вазифа карда истодаанд. Бар замми ин, ҳоло беш аз 1000 нафар ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва дохили кишвар таҳсилро давом дода истодаанд.

Вале бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки тадбирҳои то имрӯз андешидашуда дар самти тарбияи кадрҳо ҳанӯз талаботи рӯзафзуни ҷузъу томҳои марзбони кишварро бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъи минтақа ва ҷаҳон қонеъ гардонида наметавонанд. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифадор карда мешаванд, ки корро дар бобати мукаммал гардонидани ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо кадрҳои баландихтисос боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки дар заминаи Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ курсҳои такмили ихтисос ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда, теъдоди ҳар чӣ бештари афсарон бо ин курсҳо фаро гирифта шаванд.

Имрӯз вазъи минтақа ва ҷаҳон, инчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатамон, аз сарҳадбонон тақозо дорад, ки беш аз ҳарвақта зираку ҳушёр бошанд, омодабошии ҷангии худро ҳамеша нигоҳ доранд ва ба иҷрои вазифаҳои касбии худ ҳамчун рисолати бисёр масъулиятнок дар назди Ватан — модар муносибат намоянд.

Неруҳои марзбон ягона сохторе мебошанд, ки шабу рӯз, яъне 24 соат, бедоранд. Аз ин лиҳоз, онҳо бояд сарҳади давлатиро доим дар ҳолате нигоҳ доранд, ки амнияти мардум ва давлати соҳибистиқлоламонро чизе халалдор карда натавонад. Дар ин раванд зарур аст, ки мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохтору мақомоти ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамкории худро бо ҷузъу томҳои марзбонӣ дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда, ҷиҳати мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ чораҳои якҷояи ҳамоҳангшударо амалӣ созанд.

Ҳамчунин лозим аст, ки бо мақсади таъмини амнияти миллӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили убури гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, хариду фурӯши одамон ва дигар амалу кирдорҳое, ки ба суботу оромии кишвар хатар эҷод мекунанд, байни Қӯшунҳои сарҳадӣ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ мубодилаи мунтазами маълумот вуҷуд дошта бошад. Дар робита ба ин, густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо давлатҳои ҳамҷавор яке аз вазифаҳои муҳими роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.

Маҳз дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба бо кишварҳои ба мо дӯст ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тӯли бист соли фаъолият 17 дидбонгоҳи сарҳадӣ, панҷ нуқтаи назорати сарҳадӣ, ҳафт иншооти Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ ва се иншооти Маркази омӯзиши кормандони назорати сарҳадӣ бевосита дар қисмҳои ҳарбӣ сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони иншооту биноҳои назорати сарҳадии Кулма ва Қизил Арт дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд. Мо аз ҳамаи онҳо, бахусус Федератсияи Россия, барои чунин ҳамкориҳои пурсамар, аз ҷумла дар самти тарбияи кадрҳо сипосгузорем.

Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати ҳамкорӣ, рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва байналмилалӣ бо кишварҳои ҳаммарз, содагардонии низоми рафтуомади аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ ва инкишофи робитаҳои дӯстиву ҳамсоягӣ, инчунин пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар хатти сарҳад ба роҳ мондани ҳамкории зич бо сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои ҳамсоя мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, дар самти фаъолияти комиссияҳои муштараки дуҷониба ва бисёрҷониба, мубодилаи таҷриба, ташкил ва гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ, сатҳи дониш ва такмили ихтисоси сарҳадбонон, инчунин ҳамоҳангсозии амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҷузъу томҳои дигар сохторҳои қудратӣ ҳангоми ҳифзи оромии сарҳад роҳандозӣ карда шавад.

Дӯстони азиз!

Торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсии ҷаҳон хизмати марзбонони тоҷикро дучанд мушкил гардонида, андешидани чораҳои иловагиро доир ба ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ тақозо мекунад.

Дар чунин марҳала вазифаи ҷониву асосии шумо, ҳомиёни марзу буми кишвар, дар ҳолати муътадилу ором нигоҳ доштани сарҳади давлати соҳибистиқлоламон аст, зеро суботу оромии комили ҷомеа ва таъмини амнияти давлат ва мардум дар навбати аввал аз сатҳи ҳифзи марзҳои кишвар вобаста мебошад.

Дар шароите, ки хатарҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва табиву техногенӣ вусъат пайдо карда истодаанд, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа аҳамияти торафт зиёд касб менамояд. Дар ин раванд фаромӯш набояд кард, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо вазифа ва қарзи хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси имониву виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Бо дарназардошти он ки сарҳадбонон бевосита дар сафи пеши мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб қарор доранд, пешбурди корҳои тарбиявӣ ва маърифатиро миёни сарҳадбонон дар доираи барномаҳои таълимии махсус тақвият додан зарур аст. Яъне, корҳои иттилоотиву таҳлилиро вобаста ба арзёбӣ ва пешбинӣ намудани равандҳои вазъи оперативӣ дар марзҳои давлатии кишвар такмил дода, омилҳоеро, ки амнияту суботро дар манотиқи сарҳадӣ халалдор месозанд, сари вақт ошкор ва пешгирӣ намоянд.

Дар ин росто, ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва мафкуравии марзбонон, мубориза бар зидди таблиғоти зараровари ақидавӣ, баланд бардоштани садоқати сарҳадбонон ба сохти конститутсионӣ, волоияти қонун ва муқаддасоти миллӣ яке аз вазифаҳои асосии роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат ба шумор меравад.

Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи мазкур дар баробари имкониятҳои фаро-ҳамовардашуда, инчунин аз донишу таҷрибаи зиёиёни кишвар, собиқадорон ва шахсони обруманду маъруф истифода кардан зарур аст.

Ба хотири иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташуда, қабл аз ҳама, дар самти таҳкими таҳкурсии моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат, риоя ва эҳтироми ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ ва тақвияти корҳои тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ роҳбарони ҳамаи ҷузъу томҳо вазифадоранд фаъолияти худро тавре ба роҳ монанд, ки ҳар як сарбоз ва ҳар як афсар аз хизмат кардан ба Ватани соҳибистиқлоли худ, бахусус дар сафҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ифтихор дошта бошад ва дар айни замон ҳамчун ҳомии сарҳадоти давлатӣ масъулияти дучанд эҳсос намояд.

Ҳар як хизматчии ҳарбӣ вазифаи худро дар сурате метавонад дилпурона ва муваффақона иҷро намояд, ки мафҳуми Ватану ватандорӣ, арзиши бебаҳои истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияту ифтихори миллӣ аз ҷониби ӯ ба таври зарурӣ дарку эҳсос карда шавад.

Такрор шавад ҳам, таъкид месозам, ки аз сарбози қаторӣ сар карда, то афсари баландрутба бояд дорои сатҳу салоҳияти баланди касбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дасту дили пок бошад, то ки дар шароити торафт доман паҳн кардани таҳдиду хатарҳои муосир Ватани азизи худро содиқона ҳифз намуда, амнияти давлат, оромиву суботи ҷомеа ва зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди мамлакатро таъмин карда тавонад.

Марзбонони далеру шуҷои мо бояд хуб дарк намоянд, ки хизмати содиқона ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, инчунин ҳимояи марзу буми он мероси гаронбаҳои аҷдоди мо мебошад, зеро фарзандони шуҷои ин сарзамин ба Ватан ҳамеша содиқона хизмат кардаанд ва парчами истиқлолу озодии сарзамини аҷдодиро доим парафшон нигоҳ доштаанд.

Имрӯз ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд садоқати худро ба Ватан — модар бо хизмати арзандаву шоиста, такмили пайвастаи донишу малакаи касбӣ, маданияти баланди шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинии солим, зиракиву ҳушёрӣ, ҷасорату далерӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз ҳама боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат собит намояд.

Муҳофизони ҳақиқии Ватан, аз ҷумлаи ҳомиёни марзҳои сарзамини аҷдодӣ бояд Ватанро баробари модар ва ҳатто мисли ҷони худ дӯст доранд ва барои озодиву истиқлоли кишвар ва амнияту оромии давлату ҷомеа ҷони худро дареғ надоранд.

Бовар дорам, ки шумо, марзбонони шуҷои Ватан, ҳамчун ҷавонмардони бонангу номуси миллат на танҳо дар ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин дар рушду пояндагии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон, ки ормони ҳазорсолаи ниёгони некноми мо мебошад, намунаи ибрат хоҳед буд.

Ман ҳамчун Роҳбари давлат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву садоқат ва ҷавонмардона адо карда истодаед.

Шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки чун сипари боэътимод шарафу номуси Ватани аҷдодӣ ва Парчами парафшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар марзҳои муқаддаси он ҳифз менамоед.

Ба шумо дар иҷрои ин рисолати басо мушкил, вале бошарафу пурифтихор барори кор мехоҳам.

Итминон дорам, ки марзбонони далеру матиниродаи тоҷик бо хизмати шабонарӯзиву содиқонаи худ яке аз муқаддасоти миллии мо – сарҳади давлати соҳибихтиёрамонро, ки номи баланд, шарафу номус ва шарти муҳимтарини оромиву суботи сарзамини аҷдодии мост, мисли шарафу номуси худ азиз медонанд ва ҳифз мекунанд.

Бори дигар ҳар яки шумо – муҳофизони шуҷои марзу буми Ватан ва ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба ифтихори бистсолагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву хонаободӣ, рӯҳи матин ва иродаи қавӣ орзумандам.

Ҷашн муборак бошад, сарҳадбонони ҷасуру далери Ватан!

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!