Дуюми марти соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа ҳашт масъала пешниҳод шудааст.
Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред?
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»
2. Дар хусуси ислоҳот ба протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ки 15 октябри соли 2016 дар шаҳри Кигалии Ҷумҳурии Руанда қабул шудаанд
3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л. А.»
4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баровардани Абдухолиқзода Л. А.»
5. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Одиназода М. Г. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Алиаҳмадиён Р. М. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода А. М.»
8. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадализода М. А.».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.
Саъдӣ ҚОДИРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Бо мақсади амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» 8 феврали соли 2022 Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ба имзо расонида шуд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» ширкати ватанӣ маҳсуб ёфта, татбиқи лоиҳаи созишномаи сармоягузории мазкурро бо ҷалби сармояи мустақими дохилӣ ба анҷом хоҳад расонид.
Татбиқи лоиҳа бо ҳаҷми маблағгузории 20 миллион доллари амрикоӣ (200 млн. сомонӣ) амалӣ карда мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва тақвияти истеҳсолоти нуриҳои минералӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дарҷ шудааст, ба ҳисоб меравад.
Тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ иқтидори истеҳсолии солонаи нуриҳои минералӣ, бо роҳандозӣ гардидани ду хати истеҳсолӣ ба 180 ҳазор тонна баробар карда мешавад. Дар ҳолати пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудан корхона метавонад талаботи кишварро ба намудҳои гуногуни нуриҳои минералӣ таъмин намояд, ки вобастагиро аз бозори воридотӣ коҳиш медиҳад.
Айни замон шумораи коргарон дар корхона ба 533 нафар баробар гардида, марҳила ба марҳила баъди васлу насб ва ба кор даромадани хатти истеҳсолӣ шумораи онҳо ба 1005 нафар расонида мешавад.
Тибқи созишнома, 80 фоизи ҳисоби умумии кормандонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.
Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Рустам Раҳматзода дода мешавад. Марҳамат.
Рустам РАҲМАТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» 8 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2022 таҳти №1074 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва пешниҳоди хулоса супорида шуд.
Масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва тақвияти истеҳсолоти нуриҳои минералӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба шумор рафта, дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дарҷ шудааст. Дар ин ҷода барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани ҶСК «Азот» аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» метавонад дар татбиқи ҳадафҳои стратегии ҳуҷҷатҳои зикргардида саҳмгузор бошад.
Ба кор даровардани корхонаи азим муҳим арзёбӣ гардида, дар оянда он талаботи кишварро ба нуриҳои минералӣ, аз ҷумла карбамид (барои хоҷагии халқ), аммиак (барои истеҳсолоти худӣ), дуоксиди карбон (барои хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона), оксигени газӣ (барои тиб ва кафшери газӣ), нитрогени моеъ (барои хоҷагиҳои чорвопарварӣ) дар ҳаҷми муайян таъмин менамояд.
Бинобар ин, дар ҳолати пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани ҶСК «Азот» корхона метавонад муттасил талаботи кишварро ба намудҳои гуногуни нуриҳои минералӣ то 50 фоиз таъмин намояд, ки он ба коҳиш ёфтани воридоти ин намуди маҳсулот таъсир мерасонад.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани ҶСК «Азот» беш аз 20 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ карда шуда, ҳаҷми сармоягузории марҳилаи дуюм аз натиҷаҳои татбиқи марҳилаи якум вобастагӣ дошта, сипас муайян карда мешавад.
Ба кор даровардани корхона барои барқарор намудани зиёда аз 1000 ҷойи кор замина мегузорад.
Иқдоми пешгирифта ба трансформатсияи гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ, инчунин ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат намуда, ба ҳадафи миллии чоруми эълоннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии кишвар мувофиқ мебошад.
Татбиқи лоиҳа пурра аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор сурат гирифта, қабули он хароҷоти иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаи зикршударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Мирзоанвар АХМЕДОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон зимни ҷаласаҳо Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» дар шаҳри Левакантро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи онро пурра тарафдорӣ намуданд.
Кишоварзон дар раванди вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон иброз доштанд, ки нарасидани нуриҳои минералӣ ва болоравии нархи онҳо яке аз сабабҳои дар сатҳи зарурӣ истифода нагардидани боздеҳи замин гардида истодааст.
Солҳои 2018 – 2020, тибқи маълумоти расмии оморӣ, ба замини кишт андохтани нуриҳои минералӣ ба ҳисоби миёна дар зироатҳои кишоварзӣ 134 килограмм ва пору 3,4 тоннаро ба ҳар 1 гектар ташкил мекунад.
Дар вазъияти бамиёномада тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи иқтидорҳои дохилӣ, аз ҷумла мавриди истифода қарор додани корхонаи «Азот» — и шаҳри Левакант саривақтӣ буда, боиси дастгирии ҳаматарафа мебошад. Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ аз тарафи кишоварзони ҷумҳурӣ хуб пазируфта хоҳад шуд, чунки онҳо имконият пайдо мекунанд, ки бо баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ устувории бозори озуқавории ҷумҳуриро таъмин намоянд.
Боварии комил дорем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» корҳои дар марҳилаи якуми сармоягузорӣ пешбинишударо босифат ба итмом расонида, марҳилаи дуюми онро сари вақт оғоз мекунад ва барои ҳалли мушкилоти кишоварзони ҷумҳурӣ саҳм мегузорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал» оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва ба истифода додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси ислоҳот ба протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ки 15 октябри соли 2016 дар шаҳри Кигалии Ҷумҳурии Руанда қабул шудаанд» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзодадода мешавад. Марҳамат.
Зарафо ҚИЁМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон, ки мо Ислоҳоти кигалӣ ба протоколи монреалии онро баррасӣ дорем, соли 1985 таҳти сарпарастии барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қабул гардид ва аввалин кӯшиш барои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳофизати қабати озон буд.
Барои ба амал баровардани тадбирҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ доир ба муҳофизати озони стратосфера дар чаҳорчӯбаи Конвенсияи Вена моҳи сентябри соли 1987 протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ба имзо расонида шуд. Протокол номгӯй, тартиб ва меъёрҳои давра ба давра кам кардани истеҳсол ва истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, инчунин чораҳои танзими истеҳсол, ворид ва содир намудани онҳоро муайян мекунад. Ба туфайли чораҳои андешидашуда истеҳсоли моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар ҷаҳон назар ба соли 1986 зиёда аз 85 фоиз кам гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист аҳамияти ҷиддӣ дода, 4 ноябри соли 1995 ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон, 13 ноябри соли 1997 бошад, ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон — тасҳеҳи Лондон ҳамроҳ гардид.
Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи парламенти кишвар мутаносибан дар соли 1995 ва соли 1997 ба тасвиб расиданд.
Инчунин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015 таҳти №643 «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон ва протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон» қабул гардида, аз 27 октябри соли 2020 таҳти №557 ба он тағйироту иловаҳо ворид гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва ҳама ислоҳоти қаблан ба он воридкардашударо ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои байналмилалиро пурра иҷро карда истодааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи якуми онро пурра иҷро намуд. Тибқи он, то соли 2005 ҷумҳурӣ аз истифодаи хлорофторокарбонҳо (CFC), ба монанди R-12, R-11, R-113, инчунин галонҳо ва метил, бромид, ки дорои қобилияти баланди вайроншавии қабати озон мебошанд, даст кашид.
То соли 2020, тибқи уҳдадориҳои қабулшуда, Тоҷикистон марҳилаи дуюмро ба анҷом расонда, истифодаи технологияи хунуккунӣ аз истифодаи гидрохлорфторокарбонатҳои озон (ГФХК), пеш аз ҳама, фреони R-22, амалан бо гидрофторокарбонҳои алтернативии барои озон бехатар иваз карда шуданд.
Тадқиқотҳои охирин нишон доданд, ки сабаби обшавии пиряхҳои Антарктика хориҷшавии миқдори зиёди моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва газҳои дигари гармхонаӣ мебошад. Дар мисоли обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ бошад, гумон мекунем, ин ақида барои ин минтақа низ қобили қабул аст, чунки атмосфера сарҳад надорад ва партовҳои аз моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва дигар газҳои гармхонавӣ метавонанд ба воситаи бодҳо ба қаламрави Осиёи Марказӣ низ расанд ва ба обшавии пиряхҳо мусоидат намоянд.
Моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Кигали (Руанда) 28-умин ҷаласаи тарафҳои Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон баргузор гардид. Дар ҷараёни муҳокима, матни ислоҳи нав ба Протоколи Монреал (Ислоҳоти Кигали) дар бораи истеъмол ва истеҳсоли гидрофторокарбонҳо қабул карда шуд. Тағйироти тасдиқшуда марҳила ба марҳила коҳиш додани истеъмоли гидрофторокарбонҳоро (ГФК) ҳамчун хунуккунандаҳои синтетикӣ бо иқтидори баланди гармшавии глобалӣ пешбинӣ мекунад.
Дар Тоҷикистон татбиқи марҳилаи сеюм аз соли 2021 сар шуда, аз муомилот баровардани гидрофторокарбонҳо (ГФК), ба монанди R-134a, R-404a, R-407C, R-410A, R-507C ва дигар фреонҳои ивазкунандаи гидрофторокарбонҳоро, ки дар технологияҳои хунуккунанда низ васеъ истифода мешаванд, дар бар мегирад.
Ислоҳоти Кигали — созишномаи байналмилалӣ барои Протоколи Монреал ва ислоҳҳои он ҷиҳати иҷро ҳатмӣ мебошад.
Тибқи моддаи 4 Протоколи Монреал содироти ГФК ба кишварҳое, ки тарафи Ислоҳоти Кигалӣ нестанд, манъ карда шудааст ва дар сурати аз ҷониби кишвари мо тасдиқ нашуданаш, боиси таъсири манфӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мегардад, зеро Тоҷикистон воридкунандаи ГФК мебошад.
Аз тарафи дигар, марҳила ба марҳила коҳиш додани истеъмоли ГФК ворид намудани технологияҳои нави пешрафтаро дар ин соҳа дар асоси истифодаи хунуккунандаҳои табиӣ (аммиак, изобутан, СО2, пропан ва ғайра), ки ба муҳити зист, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, таъсир намерасонанд, пешбинӣ менамояд.
Оид ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Конфронси 21-уми тарафҳои конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим моҳи декабри соли 2015 дар Париж қайд карданд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешгирии афзоиши минбаъдаи партовҳои гулхонаӣ, тадбирҳо оид ба коҳиш додани раванди гармшавии глобалӣ ва таъсири манфии тағйирёбии иқлим афзалияти аввалиндараҷа дорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам, Ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад. Марҳамат.
Рустам ЛАТИФЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ислоҳот ба протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон 15 октябри соли 2016 дар шаҳри Кигалии Ҷумҳурии Руанда қабул шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон протоколи байналмилалӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи қабати озон буда, мақсади он танзими истеҳсол ва истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва аз истифода баровардани баъзе моддаҳои химиявӣ, ки қабати озонро вайрон мекунанд, мебошад.
Ислоҳот ба протоколи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1068 аз 21 феврали соли 2022 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва пешниҳоди хулоса супорида шуд.
Кумитаи масъул 24 феврали соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.
Ислоҳот ба протоколи мазкур ба муқаррароти моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ислоҳот ба протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ки 15 октябри соли 2016 дар шаҳри Кигалии Ҷумҳурии Руанда қабул шудаанд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода» шурӯъ менамоем.
Вакилони арҷманд, чун ҳама огаҳед, Лутфия Абдухолиқзода ба вазифаи басо пурмасъул — муовини вазири маориф ва илм таъин гардиданд. Дар ин ҷода барояшон барору комёбиҳо орзумандем.
Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л. А.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баровардани Абдухолиқзода Лутфия» шурӯъ менамоем.
Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баровардани Абдухолиқзода Л. А.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Одиназода М. Г. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Одиназода Маҳмадӣ Гул»-ро қироат менамояд:
- «Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешниҳод дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Одиназода Маҳмадӣ Гул бо сабаби ба кори дигар гузаштан ирсол мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН»
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Одиназода М. Г. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Алиаҳмадиён Р. М. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Алиаҳмадиён Рустам Мираҳмад»-ро қироат менамояд:
- «Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешниҳод дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Алиаҳмадиён Рустам Мираҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан ирсол мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН»
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Алиаҳмадиён Р. М. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода А. М.» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф Ализода пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода Абдуқаҳор Малик»-ро қироат менамояд:
- «Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешниҳод дар бораи ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода Абдуқаҳор Малик ирсол мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН»
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода А. М.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд, тибқи талаботи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вазифа таъин шудан савганд ёд мекунад. Марҳамат.
Мирзозода Абдуқаҳор Малик савганд ёд намуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадализода М. А.» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадализода Маҳмурод Алимурод» — ро қироат менамояд:
- «Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешниҳод дар бораи ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадализода Маҳмурод Алимурод ирсол мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН»
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадализода М. А.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
Маҳмадализода Маҳмурод Алимурод савганд ёд намуд.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.
Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЗОДА,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ