Занону бонувони кишвар дар бахшҳои гуногуни илму пажӯҳиш низ фаъоланд. Аз ҷумла, дар бузургтарин маркази илмии кишвар — Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 778 зан кор мекунанд. Дар арафаи Рӯзи Модар бо раиси Шӯрои занони он, доктори илмҳои фалсафа, сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳиба Маҳмадҷонова ҳамсуҳбат шудем.
- Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати иҷтимоии давлати мустақили Тоҷикистон ташаккули симои нави зан ба ҳайси шахси босавод, фарҳангӣ, муосир ва аз ҷиҳати техникӣ ва технологӣ муҷаҳҳаз мебошад, — иброз дошт вай дар оғози суҳбат ва афзуд: — Аз соли 1992 Ҳукумати кишвар ҷиҳати фароҳам овардани имконот ва шароити мусоиди рушди маънавии занон, дастгирии онҳо дар фаъолияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва давлатӣ чораҳои муассир меандешад. Дар ин самт беш аз 120 барнома, лоиҳа, нақша — чорабинӣ, супоришу амру фармонҳо амалӣ шудаанд.
- Лутфан, бигӯед, ки таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати мамлакат, хоса ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ба фаъолияти бонувоне, ки ба таҳқиқу пажӯҳишҳои илмӣ сарукор доранд, чӣ гуна таъсир гузоштанд?
- Аҳли ҷомеаи кишвар, хусусан бонувони пажӯҳандаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ба таври мусбат дигаргун кардани вазъи зан дар ҷомеа эҳсос намуда, аз он рӯҳу илҳоми тоза мегиранд. Тағйироти мусбате, ки аз татбиқи бомароми нақшаву чорабиниҳо дар ҳаёти занону духтарон ба вуҷуд омадаанд, мустақиман ба соҳаи илму маориф, аз ҷумла ба муассисаи бунёдии он — Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ рабт доранд. Зеро он аз ҷумлаи ниҳодҳои масъул мебошад, ки пайваста ба шумори татбиқгарони сиёсати гендерӣ дохил гардида, таҳлили илмии масъала бе иштироки АМИТ ҷамъбаст намегардад.
Айни замон дар сохтори АМИТ 2159 нафар кор мекунанд, ки 778 нафарашон зан мебошанд. Дар низоми академия 31 академик, ки аз ҷумлаи занҳои маҳаллӣ 2 нафар, аз 47 узви вобаста — 3, аз 219 доктори илм — 25, аз 382 номзади илм 96 нафарашон бонувон мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки вазъияти гендерии низоми АМИТ, ки солҳои охир ба амал омад, шаҳодати татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ дар соҳаи илм мебошад ва намоёнгари сифатан ва миқдоран навшавии сохтории ниҳоди олии илмии кишвар аст.
- Дар АМИТ занон бештар дар кадом бахшҳо фаъолият доранд?
- Бонувони академик ва узви вобастаи АМИТ танҳо соҳаҳои илмҳои риёзиву техникиро намояндагӣ мекунанд, ки дар байнашон биогенетик ва табиб, мошинсоз ва ситорашиносон илми тоҷикро lfh арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда истодаанд. Шумораи бонувони пажӯҳанда, ки дар дастовардҳои назарраси илмӣ, хусусан, патенту ҷоизаҳои байналмилалӣ, унвонҳои олии илмӣ ноил гардида, мақолаҳояшон дар маҷаллаҳои ҷаҳонӣ нашр мешаванд, рӯз то рӯз афзуда истодааст. 40 нафар занон роҳбари сохторҳо ва соҳаҳои гуногуни илм буда, аз ҷумла дар раёсати АМИТ ноиби президенти академия, се роҳбари шуъбаҳои сохторӣ, ду директори институт, роҳбари марказ, се муовини директори институт, се мудири лаборатория ва нуҳ котиби илмиро занон ташкил медиҳанд. Инчунин, шаш нафар зан роҳбарии ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятии АМИТ-ро бар дӯш доранд.
Ҳайати соҳавии академияро занон чунин муаррифӣ мекунанд: академик дар соҳаи биология (Яқубова Муҳиба Муҳсиновна), се узви вобаста, аз ҷумла дар соҳаи мошинсозӣ (Мансурӣ Дилрабо Сайдулло), астрофизика (Коҳирзода Гулчеҳра Исроиловна), гинекология ва акушерӣ (Додхоева Мунаввара Файзуллаевна).
- Вазъи омода кардани кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои гуногуни илм чӣ гуна аст ва ҷавонон, аз ҷумла духтарон, ба соҳаи илм чӣ гуна таваҷҷуҳ доранд?
- Дар АМИТ ба тарбияи кадрҳои илмӣ, хусусан аз ҳисоби бонувон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ба ҷалби духтарон ва занони боистеъдод ба фаъолияти илмӣ диққати ҷиддӣ равона шудааст. Ҳамин тариқ, агар дар даҳсолаи аввали Истиқлолияти давлатӣ шумораи занону духтарони маҳаллӣ дар соҳаҳои гуногуни илм ангуштшумор буд, ҳоло ҳиссаи онҳо дар илм тақрибан 43 фоизро ташкил медиҳад.
Дар асоси супоришҳои Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат, дар АМИТ аз соли 2014 то охири соли 2020 дар ин самт маҷмӯи чорабиниҳои махсус амалӣ шуданд: аксар коргоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, корҳои тармиму ободонӣ анҷом дода шуда, дар онҳо шароити меҳнат ва истироҳат таъмин гардид, пойгоҳҳои илмӣ эҳё ва такмил ёфта, ба талаботи муосир мувофиқ гардиданд ва ба онҳо кадрҳои ҷавон сафарбар шуданд. Дар ин муассисаҳо барои занони тадқиқотчии соҳаҳои астрономия, химия, математика, физика, геология биология, генетика, ботаника, фармакология, соҳаҳои гуногуни тиб ва ҷуғрофия шароити мусоиди кор фароҳам гардид.
Дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аз соли 2014 дар Академияи илмҳо як қатор шӯроҳои дифоъ, махсусан аз фанҳои дақиқ ва техникӣ, инчунин магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос, докторантураи PhD кушода шуд, ки дар баробари аспирантура, унвонҷӯӣ ва докторантураи анъанавӣ бо омода кардани кадрҳои ҷавони баландихтисос машғул аст.
Дар курсҳои 1 ва 2-юми шуъбаи магистратура дар соли хониши 2020 — 2021 аз шумораи умумии муҳассилон 581 нафарро магистрҳо, аз ҷумла 187 нафар зан (32 дарсад)-ро ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр, ҳоло аз ҷумлаи 47 аспиранти таҳсили рӯзона 16 нафар зан, аз теъдоди умумии 125 унвонҷӯ 34 нафар зан, аз 217 докторант аз рӯи ихтисос PhD 69 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар конференсияҳои ҳарсолаи муштараки «Саҳми занон дар рушди илм», ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, аз мактабҳои олӣ ва академияву пажӯҳишгоҳҳои соҳавии кишвар, солона беш аз 300 нафар занону бонувон бо гузоришу ахбори илмӣ иштирок менамоянд.
- Дар бораи дастоварҳои заноне, ки ба пажӯҳишҳои илмӣ машғуланд чӣ гуфта метавонед?
- Бонувони муҳаққиқ метавонанд ҳисобҳои мураккаб ва кашфиёти илмиро идора кунанд, ба дӯши онҳо коркарди масъалаҳои муҳими илмӣ гузошта мешавад, ки аз уҳдаи ҳалли онҳо сарбаландона мебароянд. Бисёре аз занони олима дар системаи АМИТ барномаҳои тадқиқотиро сари вақт татбиқ мекунанд, ба гузоришҳои илмӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз дар дохил ва хориҷи кишвар баромад карда, дар рушди илми миллӣ саҳм мегузоранд. Ҳоло бо он ифтихор дорем, ки академикони соҳаҳои муҳимтарини илмҳои дақиқ ва риёзӣ аз ҳисоби занон дорем ва аз фаъолияти илмӣ ва таҷрибаи ҳаётии академикон ва узвҳои вобаста Муҳиба Яқубова, Мунаввара Додхоева, Гулчеҳра Қоҳирова, Дилрабо Мансурӣ, Норинисо Юсупова ибрат мегирем. Ҳамроҳи мо Носирова Фируза, Шарипова Мижгона, Рустамова Меҳринисо, Норматова Заррина, Ғайбуллоева Зумрад ва дигарон кору фаъолият доранд, ки ҳар кадом намунаи ба қуллаҳои баланди илму дониши техникиву риёзӣ расидани зани тоҷик мебошанд.
- Бешубҳа, масъулияти занони олим дучанд аст. Зеро онҳо дар баробари кори ҷиддию пурзаҳмати пажӯҳишгарӣ бори масъулияти оиларо низ бар дӯш доранд. Доир ба ин масъала шумо чӣ назар доред?
- Воқеият ин аст, ки зани боақлу бомаърифат ҳамеша кӯшиш мекунад, то мушкили зиндагиро бештар бар дӯш гирад. Мушоҳидаҳои ман ва инчунин, омори ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки занҳои оиладор аксар вақт ҳам дар мансаб ва ҳам дар рушди маънавию зеҳнӣ муваффақанд, қодиранд фарзандони сазовор ба воя расонанд. Ба ибораи дигар, шахси боистеъдод дар ҳама соҳа боистеъдод аст. Аз ин рӯ, итминон дорам, ки масъулиятшинос аз душвориву монеаҳо наҳаросида, онҳоро чун ҳавасмандии фаъолнокии бештар ва истифодаи заковат қабул менамояд. Оқил бо ҳамин хислатҳо фарқ мекунад. Ҳоло аҳамияти таҳсилоти хубро барои ҳама аъзои оила дарк менамоем. Таҳсилоти хуб, хусусан барои занон, ки бо тарбия ва рушди кӯдакон бештар машғуланд, муҳим аст. Бинобар ин, аз ҷумлаи вазифаҳои ташкилотҳои ҷамъиятии занон ва роҳбарияти муассисаҳо — фароҳам овардан шароит барои зиндагӣ ва истироҳати занон, рушди ҳамаҷониба ва зиндагии муваффақонаи онҳо ба ҳисоб меравад. Муҳим аст, ки ин масъулиятҳо дар мадди назари аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Зеро он имконият медиҳад, ки занон ба муҳити муосири иҷтимоӣ ҳар чӣ фаъолтар ворид гардида, дар пешрафту шукуфоӣ бештар саҳм гузоранд.
Беҳуда нагуфтаанд:
Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагонӣ ин зан аст,
Зиндагӣ, гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад, аз хирад бегона аст.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»