«75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд»,

№29 (4449) 05.03.2022

DSC_3561- мегӯяд муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода

- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамсоли Истиқлолияти давлатӣ аст. Биёед, суҳбатро аз роҳи тайкардаи он шурӯъ кунем…

- Бале, он марти соли 1991 таъсис ёфта, пешбарандаи сиёсати гендерӣ дар кишвар аст. Корҳое, ки Тоҷикистон дар самти баробарии гендерӣ анҷом додааст, аввалин иқдом дар байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Хусусан, узв шудан ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба занон эътирофи давлат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 60 санади меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба занон ба тасвиб расидаанд. Бахусус, соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид ва дар асоси он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул гардид, ки ба фаъолияти минбаъдаи занону бонувон такон бахшид. Дар асоси қонун «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҳисоби занону духтарони болаёқат» қабул шуд ва тибқи супориши Пешвои миллат, он бори сеюм аст, ки барои солҳои гуногун таҳия мегардад. Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ низ Роҳбари давлат супориш доданд барномаи навбатӣ барои солҳои 2023-2030 таҳия гардад. Айни замон он дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад. Тибқи он, шумораи занону бонувони роҳбарикунанда то соли 2030-юм ба 25 дарсад ва хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону бонувон ба 30 дарсад расонида мешавад. Ҳамчунин, дар Паёми соли гузашта Роҳбари давлат супориш доданд, ки «Стратегияи миллии нави фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021-2030»-ро таҳия намоем. Он ҳам таҳия шуда, оид ба қабулаш 30 апрели соли 2021, таҳти рақами №167 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Санади зикршуда низ фаъолнокии занонро то соли 2030 дар ҳама самт фаро мегирад.

- Ҳар сол ба хотири беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва бо шуғл фаро гирифтани занон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мешаванд. Ҳамин тавр не…

- Воқеан, аз соли 2006 грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони соҳибкор ҷудо мешаванд. Маблағи онҳо, дар маҷмӯъ, солҳои аввал як миллион сомонӣ буд. Соли 2013 он ба 2 миллион сомонӣ расонида шуд. Ҳар сол аз ҷониби соҳибкорзанон барои дарёфти маблағ 300 — 400 лоиҳа пешниҳод мегардад, ки аз миёни онҳо тариқи озмун 80 лоиҳаи беҳтарин интихоб мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки имсол маблағи грантро боз 500 ҳазор сомонӣ зиёд кунанд.

Бинобар эълон шудани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», 80 грантро аслан ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ ҷудо намудем, зеро дар он ҷо занҳои бекор зиёданд ва сатҳи даромаднокиашон низ паст аст. Ҳамчунин, ба занҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд ё шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, грант дода шуд. Ба занҳое, ки аз маҳбас озод шудаанд, ҳар сол як-ду грант дода мешавад. Ба занҳои дорои маъюбият ё кӯдаки маъюб низ грантҳо пешниҳод мегардад.

- Ҳарчанд барои баланд бардоштани мақоми занон корҳои зиёд амалӣ мешаванд, ҳанӯз ҳам мушкилот вобаста ба онҳо ба чашм мерасад. Муроҷиати онҳо бештар доир ба кадом ­масъалаҳост?

- Дар ҳақиқат, ҳар рӯз даҳҳо зан ба мо муроҷиат мекунанд, ки аксарашон аз зӯроварӣ дар оила меноланд. Дар кумита телефони боварӣ бо рақами 1313 ташкил намудаем, ки шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Занон бештар вобаста ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, маскуншавӣ, пардохт нашудани алимент аз ҷониби собиқ шавҳаронашон ва мушкилоти дигар муроҷиат мекунанд. Онҳо бештар ба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ муҳтоҷ ҳастанд. Баъзе аз занҳое ҳам меоянд, ки бо се ё чор кӯдак аз шавҳар ҷудо шуда, дар кӯча мондаанду ба куҷо рафтанро намедонанд.

Боис ба таассуф аст, ки ҳар сол раванди ҷудошавии оилаҳо зиёд шуда истодааст. Ба ин таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ҳаст. 30-35 дарсади ҷудошавии оилаҳо ба хотири гирифтани шаҳрвандии давлати дигар марбут мебошад. Дар давраи пандемия ҷудошавӣ ду ҳазор коҳиш ёфт, аммо соли гузашта қариб се ҳазор афзуд.

Мувофиқи таҳлилҳо, яке аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо дахолати шахси сеюм аст. Хусусан, аз дахолати хушдоманҳо зиёдтар шикоят мешавад.

Иззату эҳтироми падару модар, калонсолон кам шуда истодааст. Мувофиқи мушоҳидаҳо, ҷавонон ба зиндагӣ омода нестанд, мушкилоти оилавиро таҳаммул карда наметавонанд, ки он бештар ба ҷудошавӣ оварда мерасонад.

- Ҳоло барои дастгирии занони бешавҳармонда ва фарзандони бе падару модар кадом тадбирҳо амалӣ мегарданд?

- Тибқи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти № 294 қабул шудааст, дар марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо паноҳгоҳҳои муваққатӣ ташкил гардида, дар онҳо ба муроҷиаткунандагон маслиҳати ҳуқуқӣ медиҳанд ва занон метавонанд то 14 рӯз дар паноҳгоҳ бо кӯдаконашон истанд. Бо онҳо ҳуқуқшиносу равоншиносон кор мекунанд. Мо дар замимаи таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳо 22 маркази кумаки равонӣ дорем, ки бо занҳои ба зӯроварӣ дучоргардида кор мекунанд. Ҳамчунин, дар 110 маркази машваратӣ — иттилоотӣ дар ҳама шаҳру ноҳия ҳуқуқшиносу равоншиносон маслиҳатҳои равониву ҳуқуқӣ медиҳанд. Ҳамчунин, айни замон аз рӯи лоиҳаи «Нури рӯшноӣ» кор карда истодаем, ки бояд бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва СММ амалӣ шавад. Ин лоиҳа ноҳияҳои пилотиро дар бар мегирад ва вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва чӣ гуна кор кардан бо ҷабрдидаҳо тренингҳо гузаронида мешавад. Чунки бекоршавии ақди никоҳ, зиёдшавии худкушии занон аслан аз зӯроварӣ дар оила маншаъ мегирад.

- Дар масъалаи ҷалби духтарону ҷавонзанон ба касбомузӣ кадом корҳо амалӣ мешаванд?

- Дар ин самт кӯшиш мекунем, ки дар минтақаҳо занҳо зиёдтар ба касбомӯзӣ ҷалб шаванд. Дар ин хусус бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Маркази таълимии калонсолон ҳамкорӣ дорем ва кӯшиш мекунем, ки занҳо бо касб таъмин гарданд. Грантҳои президентӣ низ барои бо касб ва ҷойи кор таъмин намудани занҳо муосидат мекунанд. То ба ҳол аз ин ҳисоб зиёда аз шаш ҳазор зан бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Инчунин, ҳар зане, ки грант мегирад, касбашро ба дигар ҷавондухтарон меомӯзонад, ки дар натиҷа, даҳҳо нафар соҳиби касб ва ҷойи кор мешаванд.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 64 соҳибкорзан доштем. Алҳол фақат занҳое, ки корхонаҳои истеҳсолӣ доранд, зиёда аз чор ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, ҳоло зиёда аз 75 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд. Беш аз 38 ҳазори онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Танҳо соли гузашта зиёда аз 1700 зан дастрасӣ ба истифодаи замин пайдо карданд, ки имкон медиҳад онҳо ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғул шаванд.

- Чун дар арафаи Рӯзи Модар қарор дорем, ба ин муносибат ба занону бонувони кишвар чӣ таманниёт доред?

- Занҳо бояд, новобаста ба мушкилоти зиндагӣ, савод омӯзанд ва бомаърифат бошанд, зеро дар ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ таҷрибаву дониш ба кор меояд. Дар зиндагӣ аз мушкилот рӯҳафтода нашаванд. Бо шавҳарҳояшон муносибати хуб дошта, ба тарбияи фарзандҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Орзу мекунам, ки ҳама занҳо дар оила хушбахт бошанду корҳояшон бобарор. Бояд ҳар зани тоҷик, пеш аз ҳама, аз зан будан ифтихор кунад ва дар паҳлуи шавҳараш истода, барои пешравии зиндагӣ мадад расонад.

- Ташаккур барои суҳбат!

Самариддин АСОЗОДА,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»