Давлат САФАР: «Сухани рӯзнома бодалел, санҷидашуда ва муътамад аст»

№30-31 (4450-4451) 11.03.2022

МАТБУОТМусоҳиба бо муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигор ва шоир Давлат Сафар бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Давлат Сафар- Азбаски Вазорати фарҳанг мақоми танзимкунандаи фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма мебошад, бамаврид аст, ки суҳбатро аз вазъи кунунии соҳа оғоз намоем.

- Рисолати аслии матбуоти даврӣ дар ҳама давру замон ба мардум расонидани навгониҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ҳоло технология бо суръати баланд тараққӣ карда, бо воситаҳои гуногуни хабаррасонии муосир, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ рақобат кардани матбуоти даврӣ, бисёр мушкил шудааст, вале матбуот дар фазои интернетӣ роҳ ёфтааст ва вазифаашро тавассути он низ ба иҷро мерасонад. Ҳоло дар кишвар матбуоти даврӣ фаъолияти назаррас дорад. Аммо аз тариқи обуна дастрас шудани рӯзномаҳои мустақил бисёр мушкил шудааст.

Айни замон дар Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ваколатдори соҳа мебошад, 376 рӯзнома ба қайд гирифта шудааст, ки 112 номгӯй давлатӣ ва 264 номгӯй мустақил мебошанд. Ҳамчунин, дар кишвар 245 маҷалла ба қайд гирифта шудааст, ки 114 номгӯй давлатӣ ва 131 номгӯй мустақил мебошанд.

Ин рақамҳо гувоҳи онанд, ки дар кишвар озодии баён таъмин аст. Ҳарчанд иддае ба ин назар чандон мувофиқ нестанд, аммо шумораи зиёди нашрияҳои гуногунмолик, дигар воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти муназзаму самарабахши онҳо далели равшан аст.

- Дар шароити ҳозира, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи иттилоъпароканӣ табдил ёфтаанд, матбуоти тоҷик то кадом андоза рисолатро иҷро карда истодааст?

- Новобаста ба мушкилоти иқтисодӣ, матбуоти тоҷик рисолатеро, ки бар дӯш дорад, иҷро карда истодааст. Шояд ҳоло сари вақт расонидани нашрияҳо ба дасти хонандагони минтақаҳои дурдаст яке аз мушкилиҳои соҳа бошад, вале он муваққатист. Ҳукумати мамлакат ва масъулини соҳа пайваста кӯшиш мекунанд, ки мушкилот бартараф шуда, шароити мусоиди фаъолият фароҳам гардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили 100 — солагии матбуот гуфтанд, ки «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад».

Воқеан, матбуот дар шароити ҳозира бояд, пеш аз ҳама, барои ба вуҷуд овардани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносии аҳли ҷомеа хидмат кунад. Зеро дар сурати фориғболии рӯзноманигорони касбӣ ва воситаҳои анъанавии ахбор ба ҷомеа иттилои беэътимод ва нодуруст дастрас мегардад. Аз ин лиҳоз, қаламкаш бояд дақиқназар бошад, чунки сухане, ки рӯи коғаз сабт мешавад, садсолаҳо боқӣ мемонад. Пас, журналист ҳам бояд ба монанди табиб ҳаққи хато кардан надошта бошад.

Албатта, ҳарчанд ҳоло имкони интихоби воситаи ахбор зиёд гаштааст ва хабар аз роҳҳои гуногун, ҳам савтиву ҳам катбиву ҳам тавассути навор паҳн мегардад, вале ҷойи рӯзнома ҳамоно устувор аст. Зеро сухани рӯзнома сухани бодалел, санҷидашуда ва муътамад аст.

- Нашрияҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тобеият ба Вазорати фарҳанг доранд. Ҳоло дар муқоиса ба рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар марказ фаъолият доранд, сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои онҳо хеле паст аст. Баъзеаш ҳатто мунтазам нашр намешаванд. Оё барои беҳтар кардани сатҳу сифати онҳо чора андешида мешавад?

- Албатта, дар мувофиқа бо Ҳукумати мамлакат нақша — чорабиниҳо тартиб додем, ки бо вуҷуди дар тобеияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳалҳо будан, ваколати таъин ва озод намудани роҳбарони нашрияҳои маҳаллӣ ва назорати бештар вобаста ба фаъолияти рӯзномаҳоро барқарор кунем. Ҳоло сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг таъин ва аз кор озод мегарданд. Шояд ин дар интихоби қаламкашони касбӣ ёрӣ расонад.

Инчунин, ният дорем, ки бо масъулини соҳа ҷиҳати огоҳ шудан аз вазъи нашрияҳои маҳал, шунидани пешниҳоди кормандон ва ҳалли мушкилоти он ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар кунем. Баъд аз он барои рафъи камбудиҳо, беҳтар кардани сатҳу сифати нашрияҳои маҳаллӣ ва мунтазам фаъолият кардани онҳо ба Ҳукумати кишвар ва дигар мақомоти дахлдор хулосаҳоро пешниҳод намоем.

Табиист, ки рафъи камбудӣ кори як — ду рӯз нест, вақт талаб мекунад. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо шояд роҳеро пайдо кунем, ки ба рушди комили соҳа мусоидат кунад. Мақоми ваколатдор мушкилотро танҳо ҳал карда наметавонд. Бо вуҷуди ин, мо барои ҳалли ҳар чӣ зудтари мушкилот нақшаву ниятҳои нек дорем, ки пайи амалӣ намудани онҳоем.

Илова бар ин, «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуот барои солҳои 2022-2026» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки умед дорем, барои беҳтар гаштани соҳаи табъу нашр ва фаъолияти матбуот низ мусоидат мекунад. Зеро дар он бандҳое мавҷуданд, ки махсусан баланд бардоштани сатҳу сифати матбуоти давриро пешбинӣ мекунанд.

- Аксар вақт аз сатҳи пасти касбияти кормандони воситаҳои ахбори омма шикоят карда мешавад. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар рӯзномаҳои давлатӣ нафароне фаъолият доранд, ки давоми 30 соли охир ба такмили ихтисос фаро гирифта нашудаанд. Журналистика низ касбест, ки вобаста ба пешрафти замон инкишоф меёбад. Агар рӯзноманигор донишу малакаро такмил надиҳад, пас табиист, ки рақобатпазирии он дар шароити муборизаҳои иттилоотӣ коста мегардад. Яъне, дар самти такмили ихтисоси кормандони ВАО чӣ нақша доред?

- Бояд гуфт, ки дар «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуот барои солҳои 2022-2026» вобаста ба тайёр кардани кадрҳо ва такмили ихтисоси журналистон бандҳои алоҳида мавҷуд аст. Хусусан, он дар самти баланд бардоштани савияи дониши кадрҳои соҳаи рӯзноманигорӣ саҳми хуб гузошта метавонад. Бо тақозои замон журналист бояд якчанд забони хориҷиро донад, вагарна барои ӯ кор кардан мушкил мегардад.

Мо барои тайёр кардани кадр бо муассисаҳои олии таълимие, ки факултет ва шуъбаҳои журналистӣ доранд, дар робитаи доимӣ ҳастем. Ғайр аз ин, ҳар сол даҳҳо нафар аз курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати Академияи воситаҳои ахбори омма гузашта, шаҳодатнома мегиранд. Аммо дар назар бояд дошт, ки агар шавқу ҳавас ба касби нигорандагиву қаламкашӣ дар дил бошад, омӯзиши соҳа низ осонтар мешавад, ба комёбӣ ҳам ноил шудан муяссар мегардад.

- Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ба аҳли қалам чӣ таманниёт доред?

- Матбуоти тоҷик ояндаи дурахшон дорад. Умед дорам, ки дар ҳамбастагии рӯзноманигорони ватанӣ фазои озоди табодули афкор ба вуҷуд меояд. Ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ дар матбуоти даврӣ рӯз то рӯз равшану возеҳ мегардад. Ба оянда бо чашми созандагӣ менигарем ва умед дорем, ки дар баробари минбарҳои бузурги эҷодии хориҷи мамлакат қарор дошта бошем.

Дар Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамкасбонро табрику таҳният мегӯям ва орзу мекунам, ки сипарӣ гаштани ҳар лаҳзаи умр дар минбари худшиносии миллӣ, ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ қарор гирад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, пеш аз ҳама, бояд Ватанро дӯст дорем ва манфиатҳои миллиро ҳифз намоем. Чунки ҷаҳон ҳоло дар бархӯрди бисёр шадид қарор дорад ва аз ҳар фарди ҷомеа, бахусус рӯзноманигорон, бархӯрди бисёр ҷиддиро талаб мекунад. Мо низ аз ҳамкасбон, яъне аз аҳли  қалам хоҳиш мекунем, ки дар масъалаи ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ дар канор набошанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»