Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»-ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунад:
1. Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» ба инобат гирифта шавад.
2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо пурзӯр карда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ чораҳои дахлдор андешад;
- дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дахлнопазирии ҷинсиро тақвият диҳад;
- якҷо бо мақомоти марбута ҷиҳати ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҷалб ва иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва дигар ташкилоту ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муқовиматҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо ва таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар чораҳои таъхирнопазир андешад;
- фаъолиятро оид ба назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи замин, манзил, меҳнат, маориф, тандурустӣ, буҷет, андоз, иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва фаъолияти бонкӣ таҳким бахшад;
- риояи қонунгузории гумрукию сарҳадиро таҳти назорати мунтазам қарор дода, баҳри пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонад;
- бобати аз ҷониби мақомоти назоратию санҷишӣ роҳ надодан ба санҷишҳои ғайриқонунии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, беасос дахолат кардан ба фаъолияти онҳо чораҳои эътиноии прокурориро тақвият дода, ҷиҳати таъмини дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳимояи рақобат ҳамаҷониба мусоидат намояд;
- ҳолати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мунтазам таҳти назорат қарор дода, ҷиҳати ошкор ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагиро амалӣ созад;
- якҷо бо мақомоти марбута барои гирифтани пеши роҳи баландшавии беасоси қурби асъори хориҷӣ ва афзоиши сунъии нархҳо дар бозори истеъмолӣ чораҳои зарурӣ андешад;
- бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва амнияти озуқаворӣ якҷо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ барои пешгирии воридот, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокаю дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузашта тадбирҳои муассирро амалӣ гардонад;
- ҷиҳати роҳ надодан ба қабули қарорҳои хилофи қонун аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин чораҳои эътиноии прокурориро таҳким бахшад;
- риоя ва иҷрои қонунҳоро аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пурзӯр карда, барои ошкор ва бартараф намудани ҳолатҳои беасос оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ дастгир, ҳабс ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс, ҳамчунин шиканҷа ва дигар амалҳое, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад, чораҷӯйӣ намояд;
- иштироки самараноки прокуроронро дар мурофиаҳои судӣ таъмин намуда, фаъолиятро дар самти назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ ва иҷрои онҳо такмил диҳад;
- ҷиҳати воқеан барқарор намудани зарарҳои моддӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва аризаҳои даъвогӣ тамоми тадбирҳои дар қонунгузорӣ пешбинишударо амалӣ гардонад;
- назорати риоя ва иҷрои қонунгузориро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ таҳким бахшида, ҷиҳати пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ ва амалҳои ғайриоинномавӣ, ки боиси расонидани зарари ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, чораҳои қатъӣ андешад.
3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои қарори мазкур ҳар нимсола ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 258