Суҳбати телефонӣ

№№ 33-34 (4453 - 4454) 17.03.2022

15 марти соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти феълии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти тозаинтихоби ин кишвар муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро бо баргузории муваффақонаи интихоботи президентӣ дар кишвар муборакбод гуфта, ҳамчунин, Сердар Бердимуҳамедовро барои интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Туркманистони дӯст табрику таҳният намуда, ба ӯ сиҳатмандӣ ва дар фаъолияти давлатии масъулиятнок комёбиҳои бузург ба нафъи рушди минбаъдаву шукуфоии Туркманистон орзу карданд. Таъкид гардид, ки мардуми бародари Туркманистон таҳти роҳбарии муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро дар мавриди таҳкиму тавсеаи ҳамкории созандаи ҳар ду кишвар баланд арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати идомаи пайвастаи муколамаи байнидавлатӣ аз рӯи ҳама ҷанбаи рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон иброз намуданд.

Дар фарҷом Пешвои миллат аз Президенти тозаинтихоби Турк­манистон Сердар Бердимуҳамедов ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал оварданд.

www.president.tj