Дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон бо журналист Сурайё Самиева аз хусуси инсонҳои наҷиб суҳбат доштем ва ӯ нақл намуд:
- Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯзгори мардум душвор гардида, норасоии маҳсулоти озуқа дар ҳар хонадон эҳсос мешуд. Одамон аз гуруснагӣ гиёҳ, тухми ҷорӯб, ҷуворимакка ва кунҷора хӯрда, ба ҳар гуна беморӣ гирифтор гардида, баъзеашон фавтиданд. Низоъҳои бемаънӣ чун дар дигар оилаҳои кишвар, ба хонаводаи мо низ бетаъсир намонд. Модарам ба бемории саратон гирифтор шуда, хеле азият кашид. Табибон роҳи илоҷи бемориро наёфтанд ва ӯ фавтид. Мо — аҳли хонавода, аз як тараф, барои аз даст додани модарамон ғамгин будем, аз ҷониби дигар, норасоии маҳсулоти ғизоӣ басо нороҳатамон мекард. Ҳамон рӯзҳои мушкил марди нуроние ба даргоҳамон ворид гардида, таъзия баён намудаву рафт. Ҳама ба якдигар нигаристему намедонистем, ки ӯ кӣ бошад ва бо оилаамон чӣ робита дорад? Пас аз соате автомашинае вориди ҳавлии хонаамон шуду маҳсулоти ғизоӣ, ки аз орду равған, картошкаву пиёз, қанд ва мева иборат буд, овард. Баъдтар фаҳмидем, ки маҳсулоти ғизоиро роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сайдамир Розиқов равон карда будааст. Солҳои зиёд гузашта бошад ҳам, аъзои хонавода ин амали хайри ӯро фаромӯш накардем.
Ба ин монанд қиссаҳои ибратомӯзро аз ҳаёти Сайдамир Розиқов шунида, хоҳиши бо ӯ шинос шуданро доштам. Ниҳоят, ин орзуям амалӣ гашт.
Бо ӯ нишастану суҳбат намудан лаззати хосе дошт. Ӯ қомусеро мемонд, ки ҳамсуҳбат ҳар чизи мехостаашро пайдо мекард. Намегузошт, ки ҳамсуҳбаташ хаста гардад, латифа мегуфту шеъру ғазал мехонд, хотираҳояшро аз сафару ҳамнишиниҳояш бо шахсиятҳои гуногун баён мекард.
Сайдамир Розиқов бо шоирону ҳунармандон эҳтиром дошт. Бо баъзе аз онҳо дӯстӣ дошт.
Номбурда 1 октябри соли 1957 дар собиқ деҳаи Ленини колхози «Коммунизм»- и ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло деҳаи Истиқлоли деҳоти «Навбаҳор»- и ноҳияи Кӯшониён) ба дунё омадааст. Айёми кӯдакиву наврасии ӯ дар зодгоҳаш гузашта, баъд аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, онро соли 1976 хатм менамояд. Баъд, ӯро ба хоҷагии чорводории ноҳияи Вахш ба кор фиристоданд. Рӯзе сардори Раёсати корҳои дохилаи вилояти Қӯрғонтеппа Рубан тасодуфан бо ӯ вохӯрдаву дар масъалаҳои гуногун суҳбат менамояд. Ва пайхас мекунад, ки Сайдамири ҷавон ниҳоят зираку шахси сиёсист ва аз нозукиҳои кори кормандони ҳифзи ҳуқуқ хуб бохабар аст. Аз ин рӯ, бе ягон дудилагӣ ӯро барои кору фаъолият ба Раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Қӯрғонтеппа даъват менамояд. Сайдамир пешниҳодро мепазирад, зеро аз кӯдакӣ мехост корманди ҳифзи ҳуқуқ бошад.
Қаҳрамони матлаб то соли 1992 дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, рутбаи полковники милитсия гирифт.
Ӯ аз ҷумлаи аввалин нафароне мебошад, ки дар барқарор намудани сохти ҳукумати конститутсионӣ саҳми арзишманд гузошт. Хизматҳояшро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътибор гирифта, соли 1993 ӯро раиси ноҳияи Бохтар таъин менамояд. Дар давраи роҳбарӣ номбурда, пеш аз ҳама, ба ҷалби мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри таъмини оромӣ ва дубора баргардонидани фирориён талош варзид. Тавонист, ки ноҳияро аз ҳолати буҳронӣ бароварда, нақшаи пахтасупорӣ ва истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ барзиёд иҷро намояд. Кордониашро ба назар гирифта, ӯро соли 1996 роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъин намуданд. Дар ин вазифа низ фаъолияти арзанда дошт. Соли 1998, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуррасозии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ барномарезӣ менамуд, лозим донист, ки дар он ҳайат Сайдамир Розиқовро низ ворид намояд. Бо мусоидати Давлату Ҳукумат ва роҳнамоиҳои ӯ ҷавонони зиёд дар муассисаҳои оливу касбии ҳарбии давлатҳои хориҷа таҳсил намуда, ҳоло дар рушду пешрафти кори соҳа ҳиссагузорӣ менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ӯ дар ин ниҳоди қудратӣ аз сардори Раёсати корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ то муовини вазири мудофиа кор кард. Дар доираи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар дохили мамлакат муассисаҳои омодасозии кадрҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд, ки дар ин кор низ Сайдамир Розиқов саҳим буд.
Хизматҳои мавсуфро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи кишвар ва дигар вазорату кумитаҳо ба назар гирифта, ба ӯ як қатор ордену медалҳои соҳавӣ, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ, аз қабили ордени «Спитамен дараҷаи 1-ум», медали ҷашнӣ ба ифтихори «10 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «60 -солагӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», медали «20 -солагии баромадани Қӯшунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон», медали «70 — солагии ғалаба дар ҶБВ», медали 70 — солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», рутбаи «генерал — майор»-ро лоиқ донистанд.
4-уми июли соли 2021 қалби Сайдамир Розиқов аз тапидан бозмонд. Ҳарчанд ӯ моро абадан тарк гуфта бошад ҳам, номи нек, хотираву суҳбатҳояш дар қалбу хотираи дӯстону наздиконаш абадист. Шоир дар ин маврид басо хуб фармудааст:
Сабти номи хештан бар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.
Бамаврид аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ва дигар ташкилоту идораҳо баҳри гиромидошти хотираи поки Сайдамир Розиқов муассисаи таълимгирифтаи ӯ, деҳа ва ё ҷамоатеро ба номаш гузоранд.
Сангимурод Шарифов,
номзади илмҳои филологӣ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон