Нуздаҳуми марти соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинӣ баргузор гардид. Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта, аз ҷумла, зикр кард, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ соли нави аҷдодиамон — Наврӯз ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
- Дар ин рӯз табиат ва инсон неруи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накукорӣ ва амалҳои созандаву хайру савобро тарғиб месозанд, ки аз рисолати фарҳанги оламшумули инсонпарварӣ ва озодманишию ваҳдатгарои халқ шаҳодат медиҳанд, — изҳор дошт ӯ ва афзуд, ки фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузург мебошад.
Дар арафаи иди Наврӯз мардум гирди хони идона ҷамъ омада, нақшаҳои ободкориву созандагӣ мекашанд, хонаву кошона ва макони зисташонро поку озода намуда, ба зиндагӣ бо шавқу завқ ва диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тамаддунсози тоҷикон буда, нишонаи кӯшиш барои беҳтар зистан, шукронаи табиат ва неъматҳои онро ба ҷо овардан мебошад.
Зикр гардид, ки Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну муҳтавои зиндагисоз ҳамчун оини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хосаи табиату инсон побарҷо мондааст.
Маҳмадтоир Зокирзода бо ёдоварӣ аз таърихи Наврӯз гуфт, ки ин ҷашни бостонӣ, бо вуҷуди дар марҳалаҳои гуногунӣ мавҷудият доштани тақдири ноҳамвор, дар замони давлатдории сулолаи Сомониён бо расму суннатҳо эҳё гардид, ки шаҳодати эътирофу дар осори аҳли адаби ин давра, бахусус эҷодиёти устод Рӯдакӣ, барҷаставу баръалост.
- Бузургдошти Наврӯз бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро таҷассум кардааст, — таъкид кард ӯ.
Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз, тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Бахусус, дар моҳи нахустини фасли баҳор дар сатҳи давлатӣ баргузор намудани Рӯзи модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар ин замина, вусъат додани корҳои ободонӣ, шинонидани дарахту бунёди боғҳо аз ҷумлаи амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.
- Бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ҷиҳати ободии кишвар содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш намояд, ки диёри соҳибистиқлоли мо аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта гардад, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар чорабинӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, Гавҳар Шарофзода, Шарифҷон Ҳакимзода, Абдуҳалим Ғаффорзода ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ низ андешаронӣ карданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев