Номаҳои шодбошӣ

№37-39 (4457-4459) 26.03.2022

Ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз номаҳои шодбошӣ ворид шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

 Дар робита ба табрикотатон барои Иди баҳори Хитой аз самими қалб миннатдорӣ иброз менамоям. Ба муносибати фарорасии Наврӯз, иди анъанавии Тоҷикистон, иҷозат фармоед, то Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва мардуми Хитой самимона табрику таҳният бигӯям.

 Ба наздикӣ мо муштаракан 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва давлатҳои Осиёи Марказиро таҷлил намудем.

 Дар давраи иштироки Шумо дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин мо зимни суҳбати пурмуҳтаво ҷиҳати таъмиқи робитаҳои Хитой ва Тоҷикистон ба як қатор мувофиқаҳо даст ёфтем.

 Ман ба рушди муносибатҳои Хитой ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям ва омодаам ҳамроҳ бо Шумо дар ростои таҳкими  дӯстии анъанавӣ миёни ҳар ду кишвар ва бардоштани онҳо ба зинаҳои нав ба нафъи ҳар ду давлат ва мардумамон саъю талош намоям.

 Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолиятатон комёбиҳо орзумандам. Ба мардуми дӯсти Тоҷикис­тон саодату некуаҳволӣ хоҳонам».

Дар табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Ман мехоҳам ба Шумо, аҳли оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи осоишта, шодмон ва шукуфон орзу намоям.

Мардуми зиёд дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дар саросари ҷаҳон дар ин ҷашни навсозӣ ва эҳё ба ҳам меоянд.

Имсол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд. Кишварҳои мо дар ин муддат бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои умумӣ бомуваффақият ҳамкорӣ доштанд.

Маъмурияти ман хостори идомаи минбаъдаи чунин ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемия, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёти ҷонибҳо, рафъи нигарониҳои муштараки амниятӣ ва бо мақсади таъмиқи бештари муносиботи барои ҷонибҳо судманд мебошад.

Мо, инчунин, омодаем, ки бо Шумо дар пешбурди раванди «C5+1» ва дастгирии ҳадафҳои муштараки минтақавӣ ҳамкорӣ намоем».

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Ба муносибати  фарорасии Наврӯз, иди бедориву навсозии баҳорӣ Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти кишваратонро сидқан ва гарму ҷӯшон табрик намуда, таманниёти самимии худро ба Шумо ирсол менамоям.

Иди Наврӯз, ки таҷассумгари расму оини умумӣ, арзишҳои воло ва анъанаҳои камназири мардумони бародари мо мебошад, ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавӣ ҷиҳати таҳкими минбаъдаи рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамраъйии минтақавӣ хизмат менамояд.

Шарикии стратегии байни Ӯзбекис­тону Тоҷикистон, ки бар пояи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ устувор шудааст, ба шарофати саъю талошҳои қатъии мо, бешубҳа, минбаъд низ ба таври пайваста тавсеа хоҳад ёфт.

Сафари Шумо ба Ӯзбекистон, ки дар ояндаи  наздик сурат мегирад, бешак, ба таъмиқи минбаъдаи равобити байни кишварҳоямон такону неруи тоза хоҳад бахшид.

Дар ин айёми фараҳбахш, ки саршор аз илҳоми баҳорист, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, умри дароз, саломатии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон комёбиҳои нав, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ орзу менамоям».

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

 Шумо ва ҳамватанони Шуморо ба муносибати иди барои ҳамаи мо умумӣ – Наврӯз сидқан табрик менамоям.

 Ин иди мубораки баҳор, ки арзишҳои волои ахлоқиро таҷассум менамояд, моро ба навсозии маънавӣ ва сулҳу ягонагӣ водор месозад. Бигзор Наврӯзи аз қадимулайём соҳибқадр ба давлатҳои ба ҳам бародару муттафиқи мо хушнудиву осудаҳолӣ эҳдо намояд.

 Итминони комил дорам, ки ба туфайли талошҳои муштараки мо шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки бар дӯстии мустаҳкам ва дастгирии якдигар асос ёфтааст, ба нафъи мардумамон минбаъд низ ба таври афзоянда рушд хоҳад ёфт.

 Дар ин рӯзи фирӯз ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар татбиқи ҳама иқдомҳои некатон ба хотири пешрафту рушди босуботи кишваратон комёбиҳои бузург, ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам.

Бигзор Наврӯз осудаҳоливу шукуфоиро насиби ҳар як хонадон гардонад!».

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар номаи шодбошӣ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба муносибати фаро расидани иди Наврӯзи хуҷаста Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва халқи Озарбойҷон аз самими қалб табрик менамоям.

Ин ҷашн таҷассумгари пурраи фалсафаи ҳаётӣ ва ҳазорон солҳо озмудашуда буда, нишонгари дурахшандаи меҳр ва эҳтироми баланд ба табиат мебошад.

Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон, ки имрӯз анъанаҳои бостонии Наврӯзро ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар зинда нигоҳ медоранд, минбаъд инкишоф ва тақвият хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо тандурустӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолиятатон муваффақият, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон суботи доимӣ таманно дорам».

Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни номаи шодбошӣ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шуморо ба муносибати иди Наврӯз сидқан табрик менамоям.

Наврӯз иди куҳанбунёди зиндагиву сарчашмаи баҳор ва орзуҳои дурахшони оянда аст.

Бовар дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни ҳар ду кишвар минбаъд низ дар рӯҳияи дӯстиву некуҳамсоягӣ таҳким  хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон  сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».

Дар номаи шодбошии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Бо сарфарозӣ ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ирсол менамоям.

Иди Наврӯз аз қадимулайём таҷассумгари эҳёи табиат, тантанаи зиндагӣ ва омадани баҳор мебошад. Ин ид анъанаҳои меҳмоннавозӣ, сулҳдӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва усулҳои волои инсондӯстиро фаро гирифта, барои таҳкими ягонагӣ ва дӯстии мардумон аҳамияти хосса дорад.

Бигзор ҷашни ин иди фархунда ба Шумо ва тамоми мардуми кишвари Шумо хушнудиву некуаҳволӣ ва шукуфоӣ оварад!».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон!

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба муносибати фаро расидани Наврӯзи нишотофарин ва дубора ҷон ёфтани табиату замин, фаро расидани соли 1401 ҳиҷрии хуршедиро ба Ҷаноби Олӣ, хонаводаи муҳтарам ва мардуми азизи кишваратон самимона табрик ва таҳният мегӯям. Нав­рӯз намод ва падидаи тамаддунии арзишгаро аст.

Таваҷҷуҳ ба дигаргунии табиат, мояи бедории дил ва дастовезе барои рушду таолии башарият аст. Шоири бузург Саъдӣ низ ба некӣ месарояд:

Хезу ғанимат шумор ҷунбиши боди рабеъ,

Нолаи мавзуни мурғ, бӯи хуши лолазор.

Умед дорам, дар қарни ҷадид ҳаракат ба сӯи арзишҳои инсонӣ суръати бештаре ёбад ва ҳамчунин Наврӯз, рӯзу рӯзгори шодтар ва хуррамтаре барои дилҳо ва ҷонҳои ҳама мардумони он диёр ва ҳамдиливу оромиши бештар барои ҳамаи миллатҳои минтақа рақам бихӯрад. Ҷумҳурии Исломин Эрон тақвияту гус­тариши ин ҳамбастагии фарҳангиро навидбахши оромиш ва сулҳ барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон медонад ва дар ин росто дасти дӯстиро ба гармӣ ба сӯи ҳамаи кишварҳо дароз мекунад.

Аз Худовандн мутаол саломативу муваффақияти он Ҷаноб ва шодкомиву сарафрозии кишвари дӯсту бародари Тоҷикистонро хосторам ва соле саршор аз хайру баракат барои Шумо орзу дорам».

Вуруди номаҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз идома дорад.

www.president.tj