Дуюми апрел оғози моҳи шарифи Рамазон аст

№40 (4460) 29.03.2022

maxresdefault (1)- Мувофиқи далелҳои илмӣ ва хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, имсол моҳи шарифи Рамазон дар кишвар рӯзи шанбе, дуюми апрел фаро мерасад, — иброз намуд раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҷаласаи Шӯрои уламо, ки 29 апрели соли ҷорӣ дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи қарори Шӯрои уламо, мувофиқи ҳисоби шаръӣ, нисоби закот 35000 сомонӣ муқаррар шуда, аз он 875 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавонои молии бештар доранд) муайян гардид. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2022 барои соҳибони узри шаръӣ ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умед нест, ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шуд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»