Ба ин муносибат якуми апрели соли 2022 бо иштироки раиси вилоят Алишер Мирзонабот, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва намоядагони як қатор сохтору идораҳои маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, навдаъватшудагону волидони онҳо дар шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Иштирокчиён аввал аз майдони Исмоили Сомонӣ то Боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Хоруғ бо шиорҳои ватандӯстона роҳпаймоӣ карданд. Сипас, дар он ҷо раиси вилоят даъватшудагонро табрику таҳният гуфта, иброз намуд, ки саҳми Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму тақвияти неруҳои ҳарбӣ хеле бузург аст.
- Бо боварии комил метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қодиранд, то дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таъриху фарҳанг, арзишҳои волои милливу аҷдодӣ ва марзу буми кишварро аз ҳар гуна хатару таҳдид муҳофизат кунанд, — афзуд Алишер Мирзонабот ва таъкид кард, ки бори ҳаштум аст, ки ҷавонони баору номуси ВМКБ дар пайравӣ аз сиёсати ватанпарваронаи Сарвари давлат ва таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ ҳисса гузошта, бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ мераванд.
Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд қарзи фарзандиро софдилона ва ҳимматбаландона иҷро карда, сиҳату саломат ба назди падару модар баргарданд.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят намоиши ҳунарӣ пешкаш гардид.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»