Душанбе — Москва — Душанбе: Парвозҳо зиёд шуданд

№ 05.04.2022

БББШиркати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шумораи парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе афзоиш дод. Тавре аз хадамоти матбуотии он хабар доданд, минбаъд парвозҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба самти Москва (Домодедово) ва бозгашт дар як рӯз ду маротиба, тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737 – 800, анҷом дода мешаванд. Ширкат таъкид кардааст, ки ҳамаи мусофирон, ба истиснои шаҳрвандони Федератсияи Россия, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР – тестро бо натиҷаҳои манфии санҷиши  COVID -19, ки давоми 48 соат пеш аз ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия дода шудааст, пешниҳод намоянд. Инчунин гуфта шудааст, ки аз 15 марти соли ҷорӣ вуруди мусофирон аз кишварҳои ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия пурра ё қисман иҷозат дода шудааст.

Аз хадамоти матбуотии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», инчунин хабар доданд, ки интизор меравад аз 9 апрели соли ҷорӣ  дар масири Душанбе – Деҳлӣ – Душанбе низ парвозҳо оғоз ёбанд.  Роҷеъ ба тартиби парвоз ва чиптаҳои хатсайрҳои зикршуда дар сомонаи ширкат маълумоти муфассал пешниҳод гардидааст.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»