Устод Атахон Сайфуллоев яке аз чеҳраҳои боризи адабиётшиносии тоҷик баршуморида мешавад, ки ҳам дар марҳилаи адабпажӯҳишии даврони шӯравӣ ва ҳам дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон фаъолиятҳои шоёни адабӣ зоҳир кардааст ва бо асарҳои илмиву адабии гаронмояи хеш ҳамчун олими дақиқназар, шоири шаҳир, нависандаи забардаст ва мунаққиди оташинсухан мақоми шоистаи таҳсин пайдо кардааст.
Воқеан, доираи фаъолияти илмию адабии профессор Атахон Сайфуллоев васеъ ва доманадор аст. Хидматҳои шоёни А.Сайфуллоев дар тадқиқи эҷодиёти нависандагони ҷудогона, таърихи ташаккули адабиёти асри ХХ тоҷик, масоили робитаҳои адабӣ, шинохти намояндагони маъруфи адабиёти форсу тоҷик бебаҳост.
Ҷанбаи муҳими фаъолияти адабиётшиносии профессор А.Сайфуллоевро, қабл аз ҳама, дар таҳқиқи рӯзгор ва осори чеҳраҳои намоёни адабиёти шӯравии тоҷик метавон ёдовар шуд, ки бо таълифи чандин кутуб ва рисолаҳои арзишманд ин самти адабпажӯҳишии тоҷикро тақвияти комил бахшидааст. Умуман, вақте сухан дар бораи мабоҳиси адабиёти муосир меравад, эҳсос мешавад, ки пажӯҳишҳои доманадори А.Сайфуллоев аз баррасии адабиёти маорифпарварӣ ибтидо гирифта, то адабиёти даврони истиқлол доман паҳн мекунад. Дар ин самт А.Сайфуллоев ҳам бо анҷоми корҳои шоёни таҳқиқӣ ва ҳам тарбияи мунаққидони ҷавон хидмати босазое ба анҷом расонидаанд.
Рисолаҳои арзишманди А.Сайфуллоев — «Образҳои қаҳрамонҳои мусбии мубориз дар насри С.Айнӣ» (1960), «Дохунда ва хусусиятҳои бадеиву ғоявии он» (1966), «Мактаби Айнӣ» (1978) бо пояҳои тафаккури илмӣ саҳми устод А.Сайфуллоевро дар айнишиносӣ бозгӯ намуда, бешак, аз кутуби гаронқадре дар ин росто эътироф ҳам шудаанд. Рисолаҳои «Мирзо Турсунзода. Портрети эҷодии нависанда» (1961), «Уфуқҳои назм» (1971, ба забони русӣ) ва «Мирзо Турсунзода» (1983) бошанд, дар шинохти зиндагӣ ва осори мондагори Мирзо Турсунзода барои адабиётшиносии имрӯзи тоҷик хидматҳои шоёне ба сомон мерасонанд.
Рисолаҳои илмии А.Сайфуллоев «Ҳаким Карим», «Раҳим Ҷалил» (1959, бо ҳамқаламии академик М.Шакурӣ), «Суҳайлӣ Ҷавҳаризода» (1960, ҳаммуаллиф бо академик Р.Амонов) аз ҷумлаи пажӯҳишоти муҳим дар муаррифии ин чеҳраи боризи назму насри даврони шӯравии тоҷик нақши муассир мегузоранд.
Ҳамзамон саҳми устод А.Сайфуллоев дар самти таҳқиқи равобити адабӣ назаррас аст. Мавсуф дар бахши пайвандҳои адабии Тоҷикистон бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ силсилаи корҳои арзишманди илмӣ анҷом додааст. Омӯзиши масъалаҳои умдаи муаммои мазкур боиси ба қалам омадани рисолаҳои «Иди дӯстӣ ва маданият» (1968), «Дӯстии халқҳо — дӯстии адабиётҳо» (1975, ба забони русӣ), «Масъалаҳои таъсири байниҳамдигарии адабиётҳо» (1976, ба забони русӣ), «Қонунияти ташаккули ягонагии ғоявию эстетикии адабиёти халқҳои Осиёи Миёна» (1979), «Ваҳдат ва хешовандӣ» (1989, ба забони русӣ) гардидаанд, ки ҷавҳари ин рисолаҳоро масоили қонуниятҳои таъсири тарафайни адабиёти халқҳои гуногун дар бар мегирад.
Ба қалами А.Сайфуллоев таҳқиқоти густардае роҷеъ ба равобити адабии Тоҷикистону Эрон низ тааллуқ дорад, ки ба унвони «Ҳалқаҳои пайванди адабӣ» бо мабоҳиси фарохи иртиботи адабии ду кишвари форсизабони ба ҳамдигар дӯст соли 2005 рӯи чоп омада, таърихи таҳаввули равобити адабии ин мамоликро фаро мегирад.
Боиси тазаккур аст, ки бахши муҳими пажӯҳишоти адабиётшиносии тоҷикро масоили нақди адабӣ ва таҳқиқи вижагиҳои насри муосири тоҷик ба вуҷуд овардааст. Ба қалами устод А.Сайфуллоев силсилаи китобҳои пажӯҳишии марбут ба насри муосири тоҷик тааллуқ доранд, ки дар онҳо муҳаққиқ бурду бохти нависандагони тоҷикро мӯшикофона мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Китоби «Уфуқҳои тозаи наср» (Душанбе: «Адиб», 2006; нашри дуюм бо таҳрир ва такмил дар се муҷаллад «Уфуқҳои тозаи наср» (Душанбе: «Адиб», 2012) асосан масоили равнақи насри муосири тоҷикро дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон фаро мегирад. Ин асари гаронбори устод, бешак, дар таҳқиқи равандҳои насри муосири тоҷик ва муҳимтарин дастовардҳои носирони адабӣ дар даврони нави таҳаввулоти адабӣ қоим ба арзиши муҳими илмӣ мебошад.
Муҳаққиқ инкишофи насри тоҷикиро дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар мисоли пешрафт ва ҳусни тоза пайдо кардани анвои гуногуни адабӣ — ҳикоя, очерк, қисса ва ёддошт, асарҳои мустанад, ҳаҷву зарофатгӯиҳо, романҳои таърихиву ҳозиразамон ва дигар жанрҳои он ба доираи тадқиқ мекашад. Маводу муҳтавои рисола ғанӣ ва рангоранг буда, ҳеҷ яке аз санадҳои ҷиддии ҳаёти адабии бист соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз назари ӯ дур намондааст. Атахон Сайфуллоев асарҳои мансури нависандагони тоҷикро аз рӯи мавзӯъ ва масъалагузориҳо ба асарҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ахлоқию ишқӣ, маишию ҳаҷвӣ, таърихиву замонавӣ ҷудо ва тарҳрезӣ намуда, иртиботи байни онҳоро дар асари хеш таҷассум намудааст. Муаллиф дар баробари баррасӣ ва кушодани моҳияти асари насрнависон, роҷеъ ба ғоя ва дарунмояи ҳар як ҳикоя, қисса ва роман, забон ва услуби онҳо изҳори андеша намудааст. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки ӯ сайқал ёфтани забон ва тарзи баёни беҳтарин нависандагонро таъкид намуда, ба таҳриру такмил ниёз доштани забони баъзе китобҳоро ишора намудааст.
Дар ҷилди якуми китоб, пеш аз ҳама, рушду камоли насри бадеӣ дар партави андешаҳои арзишманди Сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фарҳанг инъикос ёфтааст. Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки инкишофи тамоми анвои насри миллӣ — ҳикоя, очерк, қисса, роман ва рангорангии онҳоро чун падидаи ғаномандии адабиёти тоҷик дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ намояд.
А.Сайфуллоев ҳикояҳои Гулназар ва қиссаҳои Абдулҳамид Самадро мӯшикофона мавриди таҳлил қарор додааст. Тадқиқоти А.Сайфуллоев дар мисоли «Насри шоиронаи Гулназар» ва ҳам «Дунёи мунаққаши қиссаҳои Абдулҳамид Самад» ва ҷойгоҳи мушахасси осори онҳо дар адабиёти замони мо таҳаввули насри тоҷикро дар марҳилаи комилан нав ба маърази намоиш гузоштааст.
Дар ҷилди дуюми «Уфуқҳои тозаи наср »-и А.Сайфуллоев қиссаҳои рангини нависандагони тоҷик Меҳмон Бахтӣ, Сорбон, Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Ҷонибек Акобир, Мирзо Насриддин, Диловари Мирзо, Зариф Ғулом, асари фантастикии Абдулмалик Баҳорӣ, навиштаҳои моҷароии Ато Ҳамдам ва дигар адибони муосири тоҷик аз лиҳози мавзӯъ ва муҳтаво, ҳунари нигорандагӣ, забон ва тарзи баён мавриди таҳлилу таҳқиқи ҳаматарафаи муаллиф қарор ёфтаанд.
Дар боби якуми ҷилди дуюм, ки «Вусъатбоди насри Меҳмон Бахтӣ» унвон дорад, асарҳои «Хубон», «Пирамард» ва «Се соати маргбор» мавриди таҳлили амиқу густардаи муҳаққиқ қарор ёфта, дар шинохти роҳи эҷоди адиб мақоми арзанда касб намудааст. Профессор А.Сайфуллоев баррасии мухтассоти повести «Хубон»-и М.Бахтиро, ки ҳаёти зани тоҷикро дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасвир кардааст, ҷамъбаст намуда, онро ҳамчун яке аз беҳтарин асарҳои насри муосири тоҷик қаламдод намудааст. А.Сайфуллоев ин асарро чӣ аз лиҳози мавзӯъ ва масъалагузорӣ, чӣ аз ҷиҳати сужетбандӣ ва типсозӣ, бахусус тадқиқи психологии образҳо, забон ва сабки адабӣ на танҳо дастоварди шоистаи эҷодии адиб медонад, балки таъйид мекунад, ки он марҳилаи наверо дар фаъолияти адабии Меҳмон Бахтӣ оғоз менамояд. Назару андешаҳои муҳаққиқ нисбати қиссаи «Пирамард» ва «Се соати маргбор»-и адиб низ дорои аҳамияти бузурги назарӣ дар таҳқиқи насри муосир мебошад.
Яке аз афзалиятҳои илмии ҷилди сеюми «Уфуқҳои насри тоза» дар он зоҳир мегардад, ки профессор А.Сайфуллоев равандҳои пурмуҳтаво ва арзишманди нависандагони тоҷикро зимни романҳои таърихӣ ва замонавии мавзӯи доғи рӯз таҳлилу таҳқиқ кардааст. Чун ба шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи аҳли адаб ба таърихи қадимаву асримиёнагии мамлакат зиёд шуда, он яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб рафт, дар маърази диққати А.Сайфуллоев низ романҳои Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон», романи Юсуфҷон Аҳмадзода «Ҳафт рӯъё», романи Сорбон «Достони писари Худо», романи Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрии «Зиндагиномаи Чжан Таян ё худ Шоҳроҳи абрешим» (дар ду қисм) ва «Садди Саъд» ва дигар романҳои таърихӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон «Дунёи сабзи ишқ», Кароматуллоҳи Мирзо «Дар орзуи падар», Шоҳмузаффар Ёдгорӣ «Васваса», Шодон Ҳаниф «Дар паноҳи Ҳиндукуш», Юнус Юсуфӣ «Оташафрӯз», Абдулҳамид Самад «Гардиши девбоз» барин асарҳои доғи рӯз ва замонавиро офариданд, ки онҳоро мунаққиди тозакор чун дастоварди адабиёти даврони истиқлолияти миллӣ мукаммалу дақиқ таҳлилу баррасӣ намудааст.
Мутолиаи «Уфуқҳои насри тоза» шоҳиди он аст, ки асари мазкур натиҷаи заҳматҳои паёпайи профессор А.Сайфуллоев дар таҳқиқи заминаҳои пайдоиш ва ривоҷи насри навини тоҷик, омилҳои зуҳури мактабҳои гуногуни эҷодӣ дар насри муосир, таъсири ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар шаклгирии равандҳои адабиёти муосир буда, ба ҳайси дастоварди муҳими адабиётшиносии муосири тоҷик, асари бунёдие эътироф шудааст, ки аҳамияти бузурги адабиётшиносӣ дошта, барои муҳаққиқони адабиёти муосири тоҷик роҳ ҳамвор менамояд.
Дарвоқеъ, профессор Атахон Сайфуллоев аз зумраи он адабиётшиносони фарҳехтаи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти пурбаракат ва эҷодиёти серпаҳлуи вай аз ҷониби аҳли илму фарҳанг эътироф гардидааст.
Ин ҳама, ки гуфтем, далели равшан бар он аст, ки асари сеҷилдаи профессор А. Сайфуллоев «Уфуқҳои тозаи наср» аз пажӯҳишоти мустанад ва пурбор эътироф шуда, ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор мебошад.
Усмонҷон Ғаффоров – Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор,
Умеда Ғаффорова – доктори илмҳои филологӣ, профессор, Замира Ғаффорова – доктори илмҳои филологӣ, профессор