Дар шумораи №111 (4061) аз 14 сентябри соли 2019 рӯзномаи «Садои мардум» мақола зери унвони «Манфиат ва моҳияти ба хориҷа фиристодани табибони тоҷик. Онро чӣ гуна бояд ба роҳ монд?» чоп шуд. Дар он аз таҷрибаи табибони Ҳиндустон мисол овардем, ки онҳо солҳои 80 — 90 — уми асри гузашта ба ИМА рафта, бо маблағу таҷрибаи зиёд ба Ватан баргаштанду шифохонаҳои хусусӣ сохтанд. Акнун аз бисёр кишварҳо беморон барои муолиҷа ба Ҳиндустон мераванд.
Пешниҳод кардем, ки бигзор Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо шартнома баста, кормандони соҳаи тибро ба кор фиристад ва аз ин ба суратҳисоби вазорат фоизи муайяни маблағ ворид гардад.
Мутаассифона, дар ин бобат ягон тадбир андешида нашуд. Дар натиҷа, табибон мустақилона ё бо миёнаравии ширкатҳои русӣ ба кишварҳои хориҷӣ (Яман, Уммон ва дигар мамолики арабӣ) рафта истодаанд. Фоидаро аз миёнаравӣ ширкатҳои хориҷӣ мебинанд.
Тибқи иттилои сомонаи «Подробно.уз», чанде пеш ширкати «Globogate Recruitingd GmbH»-и Германия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни интихоби ҳамшираҳои шафқат барои кор дар Германияро оғоз намуд. Он мутахассисони то 39 — соларо, ки маълумоти тиббии сесолаи техникум ё коллеҷ ва таҷрибаи дусолаи корӣ доранд, интихоб мекунад. Интихобкунандагон бо маблағи ширкат даҳ моҳ дар шаҳри Тошканд забони немисӣ омӯхта, имтиҳон месупоранд. Шахсони дар имтиҳон комёбшуда аз ҳисоби ширкат бо раводид ва роҳкирои хатсайри Тошканд — Берлин таъмин мешаванд. Ҷолиб он аст, ки маоши ҳамшираи шафқат 2300 евро хоҳад буд.
Ин иқдом дар асоси шартномаи Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷии Ӯзбекистон ва ширкати зикршуда сурат гирифтааст.
Ҳоло дар кишвар қариб дар ҳар шаҳру ноҳия коллеҷҳои тиббӣ фаъолият намуда, ҳар сол ҷавонони зиёд онҳоро хатм мекунанд. Мутаассифона, аксар хатмкардагон, бинобар набудани ҷойи кор, донишу малакаашонро аз рӯи ихтисос истифода бурда наметавонанд. Хуб мешуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар хусуси дар кишвар ва хориҷи мамлакат бо кор таъмин намудани онҳо ва фориғуттаҳсилини муассисаҳои олии таълимии соҳаи тиб чораандешӣ намоянд.
Кишварҳои Покистону Ҳиндустон, Бангладешу Филиппин ва ғайра чандин сол боз аз ин усул истифода бурда, манфиат дида истодаанд.
Аз ҷониби дигар, мутахассисони хуб дар хориҷа имкон доранд муаррификунанда ва таблиғгари кишвар низ бошанд. Чунончи, чанд сол пеш ҳамватанамон, номзади илмҳои тиб Ҷамшед Аминов дар шаҳри Слантсии вилояти Ленингради Федератсияи Россия «Ҷарроҳи беҳтарини сол» эълон гардид. Магар ин ифтихор нест?
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»