11 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром Субҳон аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат Абдулзода Зиёдулло Назар муовини вазири маориф ва илм, Усмонзода Аюб Ислом ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», Қурбониён Сарвар Собир муовини вазири молия ва Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти босамари Вазорати маориф ва илм дар самти баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати норасоии кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин, ба кадрҳои навтаъиншуда таъкид карданд, ки бо дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат намуда, дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати софдилона саҳми муносиб гузоранд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бомасъулият, содиқ ва поквиҷдон бошанд.