Сенздаҳуми апрели соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред. Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Қаландарзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ се масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба кумаки грантии Ҳиндустон барои татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ҷомеаҳо таъсири назаррас доранд
2. Дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба кумаки грантии Ҳиндустон барои татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ҷомеаҳо таъсири назаррас доранд» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
«Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба кумаки грантии Ҳиндустон барои татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ҷомеаҳо таъсири назаррас доранд» дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои зудтаъсирбахш ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таҳия гардида, 16 декабри соли 2021 ба имзо расонида шудааст.
Арзиши ҳар як лоиҳаи дар доираи ин ёддошти тафоҳум таҳия ва маблағгузоришаванда 16,94 миллион сомонӣ ё зиёда аз як миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.
Ҳадаф аз татбиқи ёддошт маблағгузории инфрасохтори зарурӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзию агросаноатӣ, обёрии хурд, энергияи барқароршаванда, савдо, нақлиёт, коммуникатсия ва дигар соҳаҳо ба ҳисоб меравад.
Бо дарназардошти муҳимияти татбиқи лоиҳаҳои хусусияти иҷтимоидошта ва тадриҷан амалӣ намудани тадбирҳои дар «Стратегияи миллиирушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муайяншуда тасдиқ намудани ёддошти тафоҳум муҳим арзёбӣ мегардад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ гардидани ёддошти тафоҳуми пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба кумаки грантии Ҳиндустон барои татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ҷомеаҳо таъсири назаррас доранд, 16 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ ва ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ёддошти тафоҳуми пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба кумаки грантии Ҳиндустон барои татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ҷомеаҳо таъсири назаррас доранд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода дода мешавад. Марҳамат.
Дилмурод ДАВЛАТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа аз ҷониби Федератсияи Россия солҳои 2014-2015 таҳия гардида, ба воситаи робитаҳои дипломатӣ унвонии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Солҳои тӯлонӣ байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба мувофиқа намудани шартномаи мазкур машваратҳо гузаронида шуданд.
Дар ин давра аз ҷониби намояндагони мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 марҳилаи машваратҳои дуҷониба муҳокимарониҳо анҷом шуда, машварати охирин 30 марти соли 2021 дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар рафти он нуқтаҳои баҳсталаб бартараф карда шуда, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати баргузории амалиётҳои дохилидавлатӣ ва ба имзо пешниҳод намудани шартнома тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Масъала чандин маротиба дар сатҳи ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муҳокима карда шуда, оид ба зарурати ба имзо расонидани он тарафҳо қарорҳо қабул намудаанд.
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки шартнома моҳи сентябри соли 2021 имзо шавад.
Тибқи он, дар муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи таъминоти нафақа аз принсипи «ҳудудӣ», ки Созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъминоти нафақа аз 13 марти соли 1992 онро пешбинӣ менамояд, ба принсипи таносубӣ («пропорциональный») гузаштанро муқаррар намудааст.
Дар асоси шартнома минбаъд тарафҳо барои собиқаи кории шаҳрванди ҳар ду тараф, ки дар қаламрави кишвари худ ба суғуртаи нафақавӣ фаро гирифта шудааст, дар асоси қонунгузории худ нафақа таъин мекунад, яъне, агар шаҳрванди Федератсияи Россия дар Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро анҷом дода, бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба нафақа ба даст овардааст, пас Тоҷикистон вазифадор аст ба ӯ мутаносибан ба собиқаи меҳнатӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа таъин кунад.
Инчунин, Федератсияи Россия уҳдадор мебошад, ки ба муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ки дар кишвари мазкур фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ фаро гирифта, ба онҳо мутаносибан ба собиқаи кориашон дар ин кишвар нафақа таъин намояд.
Бо дарназардошти мавҷуд будани теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатии зодаи Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқи онҳо дар самти таъминоти нафақа ба имзо расонидани шартнома аз ҷониби Тоҷикистон ба манфиатҳои миллӣ мутобиқ мебошад.
Тибқи муқаррароти банди 3 моддаи 21 шартнома, пас аз ба тасвиб расонидани он дар муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, Созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъминоти нафақа аз 13 марти соли 1992 эътиборашро гум мекунад.
Ин омил он маъноро надорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созишномаи мазкур даст мекашад, зеро дар муносибатҳо бо дигар кишварҳои ИДМ, ки аз ҷониби онҳо созишномаи соли 1992 имзо шудааст, Тоҷикистон дар заминаи он ҳамкориро идома медиҳад.
Хароҷоти иловагӣ вобаста ба татбиқи шартнома дар доираи маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ҳар сол, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ мегардад, таъмин карда мешавад. Яъне, хароҷот вобаста ба татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи иловагиро ба ғайр аз маблағҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидааст, талаб наменамояд.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол доред? Марҳамат.
Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА:
- Мо хеле хушҳол ҳастем, ки шартномаи деринтизор имрӯз мавриди баррасӣ қарор мегирад ва он қобили дастгирист. Дар моддаи 12 — и шартнома омадааст: «Вақте шаҳрванд мефавтад, агарчи кор намекунад, ба ӯ маблағи дафн дода мешавад. Аммо, тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин маблағ ба касе дода мешавад, ки ӯ камбизоат ба қайд гирифта шуда бошад. Яъне, 1200 сомонӣ дода мешавад. Агар шахси вафоткарда фаъолияти меҳнатӣ дошта бошаду лекин камбизоат набошад, оё ба хонаводаи ӯ ин маблағ дода мешавад? Масъалаи интиқоли майит низ такудав ва сарфи маблағи зиёд талаб мекунад. Оё дар ҷумҳурӣ муассисае нест, ки дар интиқоли майит аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон мусоидат кунад?
Дилмурод ДАВЛАТЗОДА: - Вақте шаҳрванд дар куҷое, ки фавтид, ҳамон ҷумҳурӣ бояд маблағи дафнро пардохт кунад. Дар ҳар як шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ комиссияе ҳаст, ки камбизоат будани шаҳрвандон муайян карда мешавад. Мувофиқи он, барои оилаи шахси фавтида аз буҷети муайянгардида, маблағ ҷудо карда мешавад. Маблағи дафн барои нафақахӯрон аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад. Барои дигарон, агар аз оилаи камбизоат бошанд, аз буҷети маҳал пардохт карда мешавад.
Тартиби пардохти маблағ барои дафн мутобиқи қонуни амалкунандаи ҳамон кишвар сурат мегирад.
РАИС: - Боз кӣ савол дорад? Марҳамат.
Равшан РАҶАБЗОДА: - Аз баромади шумо маълум гардид, ки шаҳрванде, ки дар Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ карда, ба Федератсияи Россия рафтааст, собиқаи меҳнатии дар Тоҷикистон доштааш минбаъд ҳангоми ба нафақа баромадан дар Федератсияи Россия ба эътибор гирифта мешавад. Андози иҷтимое, ки ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супурдааст, бо кадом назардошт дар Федератсияи Россия ба эътибор гирифта мешавад? Оё ин раванд бо мақомоти дахлдор мувофиқа шудааст?
Дилмурод ДАВЛАТЗОДА: - Андозаи нафақа вобаста аст бо он музди меҳнат, ки дар асосаш андози иҷтимоӣ пардохт мекунем. Дар шартнома омадааст, ки ҳангоми муайян кардани нафақа, агар шаҳрванд дар кадом муассисае, ки дар Федератсияи Россия кор кардааст, аз рӯи маоши ҳамон ҳисоб карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чӣ қадар ки шаҳрванд андози иҷтимоӣ супурда бошад, ҳамон андоза ба ӯ нафақа муайян карда мешавад. Андози иҷтимоӣ маблағест, ки давлат аз он истифода намебарад ва онро ба шаҳрванд дубора бармегардонад.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дода мешавад.
Сумангул ТАҒОЙЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсйяи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа 14 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Шартномаи мазкур ҷиҳати танзими ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони тарафҳои аҳдкунанда дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нигаронида шуда, аз дебоча, 5 фасл ва 22 модда иборат мебошад.
Тибқи он, минбаъд тарафҳо барои собиқаи кории шаҳрвандони ҳар ду тараф, ки дар ҳудуди кишвари худ ба суғуртаи нафақавӣ фаро гирифта шудаанд, дар асоси қонунгузории худ нафақа таъин мекунанд, яъне, агар шаҳрванди Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро анҷом дода бошад бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ мутаносибан ба собиқаи меҳнатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа таъин карда мешавад. Инчунин, ҳамин тартиб нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ба онҳо мутаносибан ба собиқаи кориашон дар ин кишвар нафақа таъин карда мешавад, ки доираи татбиқи онро моддаи 2-и шартнома танзим менамояд.
Зимнан, доираи амали шартнома тибқи талаботи моддаи 3, нисбат ба шахсони суғурташудае татбиқ карда мешавад, ки онҳо шаҳрвандони яке аз тарафҳои ахдкунанда бошанд ва таҳти амали қонунгузории тарафҳои аҳдкунанда қарор гирифта буданд ё доранд.
Инчунин, муқаррароти моддаи мазкур ба аъзои оилаи шахсони зикршудае, ки таҳти амали қонунгузории тарафҳои аҳдкунанда қарор гирифта буданд ё қарор доранд, татбиқ мегардад.
Шартнома расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва раёсатҳои даҳлдори Маҷлиси намояндагон пурра гузаштааст.
Кумитаи масъул 5 апрели соли равон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ шартномаи мазкурро баррасӣ намуд, ки он якдилона ҷонибдорӣ гардид.
Шартнома ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ дар ин хусус баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.
Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи онро тарафдорӣ намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия равобити мустаҳками сиёсӣ ва дӯстонаро пеш гирифта. солҳои охир робитаҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ густариш ёфта, ба маҷрои нав ворид гаштааст.
Ба имзо расидани шартнома барои шаҳрвандони ҳар ду кишвар имкониятҳои комилан васеъро муҳайё месозад, ки дар моддаҳои 2 (доираи татбиқ), 3 ( доираи шахсон) ва 4 (ҳуқуқҳои баробар), қисмҳои 1, 2, 3, 4 ва 6, моддаи 5 — и шартнома пешбинӣ шудаанд.
Дар барномаҳои иҷтимоии кишварҳо дастгирии аҳолӣ, ки ба синни нафақа расидаанд, пардохти нафақаи суғуртавӣ намуди асосии пардохт ба ҳисоб меравад. Нафақаи суғуртавӣ, тибқи қонунгузории кишварҳо, ҳар моҳ танҳо ба шаҳрвандоне пардохт карда мешавад, ки баҳисобгирии пардохти саҳмҳои нафақавии онҳо амалӣ карда шудаанд. Яъне, сатҳи нафақа аз андӯхти нафақавии шахсони суғурташуда аз ҳисоби саҳмҳои нафақавии супоридашудаи суғуртакунандагон ва ё шахсони суғурташуда ташаккул меёбад ва дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ба ибораи дигар, андозаи нафақа аз собиқаи кории ҳар як шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, пас аз тасдиқи шартномаи мазкур зарурат барои ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, мавқеи хосаро ишғол хоҳад кард.
Боварии комил дорем, ки вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ки танзими давлатиро дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин, суғуртаи ҳатмии нафақавиро амалӣ менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳиро байни шаҳрвандон сари вақт ба итмом мерасонанд. Ин имконият медиҳад, ки дар доираи шартномаи мазкур барои шаҳрвандон маблағҳои суғуртавии дар давраи фаъолияти меҳнатӣ супоридашуда ва даромадҳо аз ҳисоби истифодабарии маблағҳо барои таъмини кафолатҳои ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳамоварии имконият барои аъзои оилаи онҳо оид ба гирифтани нафақаҳои суғуртавии муносиб таъмин карда шаванд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов дода мешавад. Марҳамат.
Мирзоанвар АХМЕДОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, Ҷамшед Муртазозода ва Шоҳмурод Рустам таҳия гардидааст.
Мақсад аз он танзими меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои ба нигоҳдории ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ, бемаҳсул ва беназоратмонда, дақиқ намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ, хусусияти муносибат ба ҳайвоноти беназоратмонда, фаъолияти паноҳгоҳҳо барои ҳайвонот иборат мебошад.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳуми «ҳайвоноти хонагӣ» дар таҳрир «ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ», мафҳумҳои нави «ҳайвоноти бемаҳсул», «ҳайвоноти беназоратмонда» «муносибати бераҳмона бо ҳайвонот» ва «паноҳгоҳи ҳайвонот» пешниҳод карда шудаанд.
Барои мушаххас гардондани ваколатҳои мақомоти давлатӣ, инчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар моддаҳои 3, 4 ва 5 сархатҳои нав оид ба тасдиқ намудани қоидаҳои нигоҳдорӣ, муқаррар намудани тартиб ва усулҳои забҳ (куштан) ва қоидаҳои гӯронидани ҷасади ҳайвонот, таъмини муносибатҳои дилсӯзона, ҳимояи ҳайвонот аз муомилаи бераҳмона, муносибати масъулона нисбат ба ҳаёт ва саломатии онҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар лоиҳаи қонун 3 моддаи нав — 281. «Талаботи умумии беҳдошти байторӣ нисбат ба парвариши ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ ва бемаҳсул», 282. «Хусусиятҳои муносибат бо ҳайвоноти беназоратмонда» ва 283. «Паноҳгоҳи ҳайвонот» илова карда шудаанд, ки таъмини талаботи қонеъгардонии талаботи физиологӣ ва рафтори ҳайвонот ҳангоми парвариши ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ ва бемаҳсул, муносибат нисбат ба доштани ҳайвоноти беназоратмонда, танзими шумора ва забҳ (куштан) — и онҳо, ташкили паноҳгоҳи ҳайвонот ва хизматрасонии байторӣ дар онҳоро танзим менамоянд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2021 таҳти №845 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Он расмиёти дохилиро гузашта, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 49 таклиф пешниҳод шуд, ки аз онҳо 36 таклиф қабул, 4 таклиф қисман кабул ва 9 таклиф қабул карда нашуданд.
Дар асоси хулосаҳои воридгардида, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қисмҳои 1, 3, 4, 5 такмил дода шуда, қисми 3 ба моддаи 5 қонуни амалкунанда иловашаванда, қисми 2 моддаи 281,қисми 5 моддаи 282,ҷумлаи дуюми қисми 3 ва қисми 6 моддаи 283 хориҷ карда шуданд.
Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Қаландарзода дода мешавад. Марҳамат.
Ҳабибулло ҚАЛАНДАРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Тайи солҳои охир ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои муносибати дилсӯзона намудан ба ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзиро ба миён гузошта, изҳор месозад, ки қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ муносибатҳои ҳуқуқии марбут ба нигоҳдорӣ, ҳолатҳо ва оқибатҳои муносибатҳои бераҳмонаро нисбат ба ҳайвоноти бесоҳиб дар сатҳи зарурӣ ва кифоя танзим наменамояд.
Тибқи талаботи моддаи 13 — и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, олами ҳайвонот моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи босамари онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Ҳайвонот ҳамчун обеъкти хуқуқи моликият таҳти ҳимояи моддаҳои дахлдор (12 ва 32)-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фасли 3-и Кодекси гражданӣ ва дигар қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳо оид ба ҳуқуқи моликият қарор мегиранд.
Танзими меъёрии ҳуқуқии ҳимояи ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ аз муносибати бераҳмона, муносибати масъулона ба ҳаёт ва саломатии ҳайвоноти беназоратмонда, танзими шумораи онҳо, ташкили паноҳгоҳҳо барои нигоҳдории ҳайвонот хусусиятҳои чузъӣ доранд. Бинобар ин, дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда масъалаҳои алоқаманд ба ҳайвоноти хонагии бемаҳсул, дақиқ намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ, хусусияти муносибат бо ҳайвоноти беназоратмонда, фаъолияти паноҳгоҳҳо барои ҳайвонот ва пешгирии муносибатҳои бераҳмона бо ҳайвонот дар маҷмӯъ, пешбинӣ шудааст, ки барои танзими муносибатҳо мусоидат мекунанд.
Дар лоиҳаи қонун масъалаҳои таҳия ва тасдиқи қоидаҳои парвариши caг, гурба ва ҳайвоноти бемаҳсули дигар аз ҷониби аҳолии шaҳpу нoҳияҳo, шаҳраку деҳот, инчунин, тасдиқ намудани рӯйхати ҳайвоноти нигоҳдориашон дар шароити хона манъбуда, забҳи ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ пешбинӣ шудаанд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро ба ҳайвоноти беназоратмонда мукаммал мегардонанд.
Ҳамчунин, тағйироту иловаҳои дар лоиҳаи қонун пешбинишуда, пеш аз ҳама, ба риояи принсипи муносибати дилсӯзона ба ҳайвонот, ки асоси он беҳбудии ҳайвонот ва одамон дар доираи арзишҳои одоби мақбули умум, таъмини қонеъгардонии талаботи физиологӣ ва рафтори ҳайвонот ва ҳимояи ҳайвонот аз муносибатҳои бераҳмона, муносибати масъулона нисбат ба ҳаёт ва саломатии онҳо равона шудаанд.
Лоиҳаи қонун бо иштироки олимону мутахассиони соҳаи байтории ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он ҳаматарафа ҷонибдорӣ гардид.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст? Марҳамат.
Зайниддин САФАРЗОДА:- Тавре дар боло зикр шуд, амалӣ намудани лоиҳаи қонун маблағи иловагиро талаб наменамояд, аммо паноҳгоҳҳо аз кадом ҳисоб сохта мешаванд?
Ҳабибулло ҚАЛАНДАРЗОДА: - Ҳоло дар шаҳраки Лучоб бо ташаббуси соҳибкорон паноҳгоҳ сохта шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд барои нигоҳ доштани ҳайвонот ба он ҷо муроҷиат намоянд. Барои хизматрасонӣ маблағи муайян пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.
Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЗОДА,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ