4 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарону фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.
Дар он мавзеъ нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аснои шиносоӣ бо раванди коркарди ашёи хом ва дигар корҳои дар он анҷомёфта маълум гардид, ки дар «ТАЛКО Голд», тибқи лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида, ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.
Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии «Тибет Хуаюй» 136 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосир сурат мегирад. Аз ҷумла, барои ба хока табдил додани маъдан дар хати технологӣ дастгоҳу таҷҳизоти ширкати «Метсо»-и Финляндия васл шудааст, ки дар соҳаи кӯҳкории Аврупо ва ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад. Техника ва механизми маъданборкунии ширкати «Волво»-и Шветсия бошад, дар қисмати тарзи кушоди кон мавриди истифода қарор дорад. Технологияи 14 коргоҳи ғанигардонии маъдан аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас шудааст ва хом ба таври автоматӣ коркард мешавад. Ба таъкиди мутахассисони соҳа, истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар раванди истеҳсолот ба самаранокии кор ва сифати маҳсулот таъсири мусбат мерасонад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли консентрати тилло ва сурмаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз роҳу усули муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, истифода мебаранд. Бештари кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Дар корхона истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод сурат мегирад. То ҳол барои истихроҷи тилло ва сурма зиёда аз 25 ҳазор метр нақб канда шудааст.
Дар қисмати тарзи кушоди кон бошад, корҳои қабаткушоӣ идома дорад. Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ 218 ҳазору 554 метри мураббаъ ва пармагарӣ бештар аз 10 ҳазор метр иҷро шудааст. Аз қисмати тарзи кушоди кон дар як шабонарӯз зиёда аз 2 ҳазор тонна маъдан истихроҷ ва бо воситаи техникаю механизми зарурӣ ба коргоҳҳои ғанисозӣ интиқол дода мешавад. Инчунин, дар маҳалли сохтмон бо дарозии қариб 5 километр канали обгузар бунёд ёфтааст. Тариқи он оби шохобҳои минтақаи Кончоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки ин амал бо мақсади беҳдошти вазъи экологӣ ва зарар нарасонидан ба табиати зебою нотакрори минтақа иҷро шудааст.
Иншооти дигаре, ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии минтақа бунёд гардид, анбори нигоҳдории партовҳои коркардшуда мебошад. Он дорои сарбанди регӣ буда, ихроҷи партовҳоро нигоҳ медорад. Баландии садди анбори нигоҳдории партовҳо 55 метр мебошад.
Ба гуфти масъулон, обҳои техникӣ дар коргоҳҳои бойгардонӣ батакрор бо тарзи занҷири сарбаста истифода мешаванд ва он ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонанд.
Барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамару муназзами Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» бо насби қариб 100 сутунпояи оҳанӣ аз масофаи 34 километр хати интиқоли баландшиддати неруи барқ кашида шуда, зеристгоҳ, ки тавоноиаш 110 ба 10 киловолтро дар бар мегирад, бунёд гардидааст.
Корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи конҳои Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон бунёд гардида, тибқи маълумоти масъулон, захираи умумии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар он бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 июни соли 2018 оғоз гардид. 12 сентябри соли 2020 Сарвари давлат бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, барои бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода додани корхона ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тайи солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуданд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст.
14 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳар ду корхона дар давоми як сол бо сатҳу сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо хатҳои технологии муосир сохта, ба истифода дода мешаванд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави металлургӣ дар як сол 2,2 тонна тилло (99,99 фоиз), 15 ҳазор тонна сабикаи сурмаи 99,85 — фоиза ва 6 ҳазор тонна сурмаи рангаш сафеди 99,5 — фоиза мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо истеҳсоли тилло ва сурма то ба ҳадди ниҳоӣ расида, зиёда аз 500 сокини маҳаллӣ дар раванди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бошад, бештар аз ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба мавзеи Дашти қозии деҳоти «Ёрӣ»-и шаҳри Панҷакент ташриф оварда, нахуст хати оби полезиро барои обёрии 200 гектар замин ба истифода супорида, ба бунёди боғи нави интенсивӣ оғоз бахшиданд.
Хати оби полезӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани 200 гектар замини санглоху бекорхобида дар мавзеи Дашти қозӣ аз масофаи 1280 метр кашида шудааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он мавзеъ ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида, ба бунёди боғи интенсивии чормағз оғоз бахшиданд. Бояд гуфт, ки ниҳоли дарахтони мевадиҳанда аз ҷумҳуриҳои Туркия ва Ӯзбекистон ворид карда шуда, ҳосили он асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст.
Боғи интенсивии чормағз дар 14 гектар мутобиқ ба талаботи муосири парвариши ниҳолҳо ташкил гардида, ба ақидаи мутахассисон, ҳосилнокии ин навъи боғҳо 8 — 10 маротиба аз боғҳои муқаррарӣ зиёд мебошад. Тартиби ниҳолшинонӣ дар боғи интенсивии чормағз аз рӯи меъёр байни қатори ниҳолҳо 7 метр паҳноӣ ва масофа миёни ниҳолҳо 5 метрро дар бар мегирад.
Ба ҳамин тартиб, дар як гектар 286 бех ниҳол шинонида шуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар аз 60 то 80 сентнер ҳосил рӯёнида мешавад.
Сарвари давалат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо бо боғпарварону хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои бунёд ва нигоҳубини дурусти боғу токзори нав ва истифодаи босамари замин ҳидоят карданд. Дар замини обёришаванда аз ҷониби хоҷагиҳои инфиродии деҳоти «Ёрӣ»-и шаҳри Панҷакент ниҳолҳои дарахтони зардолу, олуи сиёҳ, себ ва токи ангури кишмиши сиёҳ ва тоифӣ, ки навъҳои маҳаллӣ мебошанд, шинонида шудааст.
Бо бунёди боғҳои нав зиёда аз 500 ҷои нави кор ташкил шуд, ки ба ҳар саҳмдор 0,25 гектар замин рост меояд. Иттилоъ дода шуд, ки барои бо оби полезӣ таъмин намудани мавзеи Дашти қозӣ пойгоҳи нави обкашӣ бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар пойгоҳи обкашӣ моҳи декабри соли 2021 оғоз ёфта, паймонкори иншоот Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон мебошад. Барои обёрии заминҳо қубури обрасонии фишораш баланд бо қутри 426 миллиметр истифода гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи боғпарварӣ ва истифодаи босамари замин дар шаҳри Панҷакент изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам васеъ кардани боғи дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, ба хоҷагидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллиро аз назар гузарониданд. Дар он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот, хушкмеваҳо, моҳӣ, асал ва маҳсулоти нонӣ, муаррифӣ гардид, ки бозгӯи самараи меҳнати бобарору садоқатмандонаи аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент мебошад.
Ба иттилои масъулон, дар деҳоти «Ёрӣ»-и шаҳри Панҷакент дар умум 819 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ мавҷуд буда, масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 2 ҳазору 179 гектарро дар бар мегирад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дашти қозии шаҳри Панҷакент фермаи чорвопарвариро мавриди истифода қарор доданд, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Масрур Савриев бунёд шудааст. Дар он 100 сар чорво барои истеҳсоли гӯшт парвариш карда мешавад. Бо таъсиси ферма 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону бонувони хонашин бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки пас аз парвариши 3 — 6 — моҳа аллакай чорво барои забҳ омода мешавад ва гӯшти он барои таъмини фаровонии ин навъи маҳсулот бо нархи нисбатан арзон ба бозорҳои шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии фермаи чорвопарварӣ дар як сол то 60 тонна гӯшти хушсифат мебошад. Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси фермаи чорвопарвариро дар шароити афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштӣ муҳим арзёбӣ карда, ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди иншооти аграрию саноатӣ дар шаҳри Панҷакент изҳори сипос намуданд ва барои боз ҳам рушд додани соҳаи чорводорӣ ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар ферма чорвои калони зоти «сиёҳало», ки аз Федератсияи Россия оварда шудааст, нигоҳубин карда мешавад. Ин зоти чорво барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, тибқи баҳогузории мутахассисон, дар давоми шаш моҳи парвариш 350 то 400 килограмм вазн мегирад.
Дар баробари нигоҳубини чорвои зоти «сиёҳало», инчунин, парвариши зотҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Барои гузарондани корҳои зотпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар ферма парвариши буққаҳои зотӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки ба шароити иқлими маҳал мутобиқ мебошад. Хӯроки дурушту ширадори чорво, аз қабили юнучқа, ҷуворимакка ва ғайра дар заминҳои назди хоҷагиҳои мавзеи Дашти қозӣ кишту ҷамъоварӣ шуда, захира мегарданд.
Зимни суҳбати самимӣ, чорвопарварон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди бахши чорвопарварӣ изҳори сипос карда, иброз доштанд, ки минбаъд низ талош менамоянд, дар афзоиши саршумори чорво ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти аълосифат саҳм гузоранд.
14 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса пешвоз гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент як қатор иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла марказҳои нави хизматрасонӣ, иншооти навбунёди соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзиширо ифтитоҳ намуда, ба корҳои бузурги созандагӣ оғоз бахшиданд.
Дар доираи сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи «50 — солагии Тоҷикистон»-и шаҳри Панҷакент бинои Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи шаҳр» — ро ифтитоҳ карданд.
Он барои 80 кат пешбинӣ гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сохта шудааст.
Бинои сеошёна дорои шароиту имкониятҳои нави хизматрасонӣ ба модару кӯдак мебошад. Дар таҳхонаи он ҳуҷраҳои бойгонӣ, анбори нигоҳдории маҳсулоти доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, толори маҷлис ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд. Мувофиқи лоиҳа, бинои таваллудхонаи шаҳрӣ аз шаш шуъба иборат буда, табибон бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ ба занон ва тифлони навзод хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Дар ошёнаи якум шуъбаи қабул, шуъбаи эҳёи калонсолон ва кӯдакон, амалиётхона, хатна ва ҳуҷраи зоишгоҳи фаврӣ, дар ошёнаи дуюм 10 ҳуҷраи зоишгоҳ, эҳёи калонсолон ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраи баъди таваллуд ҷойгир аст.
Иттилоъ дода шуд, ки бо сохта ба истифода додани бинои замонавии таваллудхонаи шаҳрӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак беҳтару хубтар гардида, барои 120 нафар корманди соҳа, аз ҷумла 37 нафар табиб, 57 корманди миёнаи тиб ва 27 нафар корманди хурди тиб ҷойи кори нав ташкил шуд.
Дар маҷмӯъ, дар таваллудхона барои муоина ва табобати саривақтии модару кӯдак зиёда аз 40 дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ мавҷуд аст, ки табибон занон ва кӯдаконро ба табобат фаро мегиранд. Дар таваллудхона барои аз ташхис гузарондани модару кӯдак таҳлилгоҳ, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, омӯзиши модарон ва ҳуҷраи кори табибон мавҷуд аст, ки бо дастгоҳҳои нави тиббӣ таъмин гардидааст. Бино ба шабакаи махсуси гармидиҳӣ низ пайваст мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити арзандаи ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ки дар таваллудхона муҳайё шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд ва сохта ба истифода додани бинои нави таваллудхонаи шаҳриро дастгирии давлат баҳри ҳифзи солимии миллат, бахусус модарону кӯдакон муҳим арзёбӣ карда, табибонро ба хизмати софдилона ва баланди тиббӣ ба аҳолӣ ҳидоят намуданд.
Айнӣ замон дар шаҳри Панҷакент 13 шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаҳои минтақавии деҳот мавҷуд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи «Панҷакент плаза» — ро ба истифода доданд, ки дар асоси нақшаи генералии шаҳр аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Далер Ҳамроқулов мутобиқ ба санъати баланди меъмории миллӣ ва унсурҳои шаҳрсозии замони ҳозира сохта шудааст.
Дар он 30 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори домӣ таъмин шуданд.
Мувофиқи лоиҳа, бинои меҳмонхонаи навбунёд аз тахҳона ва 6 ошёна иборат буда, 37 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ дорад. Дар меҳмонхонаи навбунёд дар як вақт ба 70 мизоҷ хизмат расонда мешавад. Ин омил ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри қадимаи Панҷакент, хусусан Саразми бостонӣ, ки 5500 сол таърих дорад, мусоидат хоҳад кард.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона тарабхона бо 80 ҷои нишаст ҷойгир мебошад.
Дар меҳмонхона хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Барои будубош ва истироҳати меҳмонон аз қабили ҳаммом, ошхонаи алоҳида, ҳуҷраҳои фароғатӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки ин аз бартариятҳои меҳмонхона ба шумор меравад.
Бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити созгори қабули мизоҷон дар шаҳри Панҷакент, ки дорои имкониятҳои фаррохи сайёҳӣ мебошад, дар оянда барои ҷалби ҷаҳонгардон ба ин шаҳри қадима замина мегузорад. Зимни шиносоӣ бо шароити бино Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои арзанда доданд.
Пас аз мавриди истифода қарор додани меҳмонхонаи «Панҷакент плаза» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон мулоқоти самимӣ анҷом дода, ба 100 нафари онҳо аз шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Деваштичи вилояти Суғд туҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим карданд.
Дар шаҳри Панҷакент Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии «Маърифатпарвар» — ро ифтитоҳ карданд, ки дар заминаи дастгирии Ҳукумати мамлакат дар самти фаъолияти бахши хусусӣ аз тарафи соҳибкор Муаззамхон Ансорӣ сохта шудааст.
Он аз се ошёна иборат буда, масоҳати умумиаш 2400 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва 400 наврасро ба таълиму тарбия фаро гирифта метавонад.
«Маърифатпарвар» аз синфхонаҳои муҷаҳҳази рассомӣ, мусиқӣ, рақс, забономӯзӣ ва толор барои варзиш иборат буда, дар он 13 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Бунёди кӯдакистон барои амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — фарогирии бештар ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.
Дар Муассисаи томактабии «Маърифатпарвар» 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан аз беҳтаршавии имкониятҳо барои таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олии таълимӣ ёдовар шуда, кормандони соҳаи маорифро барои таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва омӯзиши илмҳои муосир ҳидоят карданд.
Таълим дар муассиса бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази табобати дандон, коргоҳи истеҳсоли мебел ва дӯзандагиро ифтитоҳ карданд.
Мутахассисони баландихтисоси он дар бинои шашошёна ба муроҷиаткунандагон дар шароити муосир хизмат мерасонанд. Иншооти соҳаи тандурустӣ дорои таҷҳизоти замонавӣ барои ташхису табобат буда, дар он дар як вақт барои гузаронидани ҷарроҳии ҷоғу рӯй, барқароркунӣ, гузоштани дандонҳои сунъӣ ва дигар табобати вобаста ба дандон шароит фароҳам аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони фароҳамшуда кормандони марказро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо вазифадор карданд.
Маркази табобати дандон дар ошёнаи якуми иншоот ҷойгир буда, аз ҳуҷраҳои табобатӣ, ортодантия, ортопедия, ҳуҷраи кӯдакона, ҷарроҳӣ, навбатдории шабонарӯзӣ, безараргардонӣ ва дигар ҳуҷраҳо иборат мебошад.
Дар таҳхонаи иншоот коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шудааст. Даҳ дастгоҳ барои фаъолияти кормандон ворид гардида, бонувон баъди омӯзиши бахши дӯзандагӣ бо ҷои кор таъмин шуданд. Дар он ҷо дӯхти либосҳои занонаю мардона ва ҷиҳози хона низ ба анҷом расонида мешавад.
Коргоҳи мебелбарории «Рахш» дар доираи амалишавии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд ёфтааст. Иншоот бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ сохта шуда, дар он таҷҳизоти муосир насб гардидааст. Он аз толори истеҳсолот, ҳуҷраи кор ва нуқтаи фурӯш иборат мебошад. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, ошхона, меҳмонхона ва дигар иншоот нигаронида шудааст.
Маркази табобати дандон, коргоҳи дӯзандагӣ ва мебелбарорӣ дар шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкор Исфандиёр Шарифов бунёд шуда, 50 нафарро бо ҷои кор таъмин намуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти саноатӣ ба роҳбарияти шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд ва намояндагони бахши хусусӣ супориш доданд, ки аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани техникаву технологияи нав, эълони мораторий ва дигар имкониятҳо ҷиҳати афзун гардонидани имкониятҳои истеҳсолӣ ҳар чӣ бештар истифода намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент майдони Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст бо садо додани Суруди Миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд. Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд ёфта, баландии пояи Парчами давлатӣ 55 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 ва паҳноиаш 7 метр мебошад.
Дар атрофи он майдони васеъ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ низ мавҷуд аст.
Дар майдони назди Парчами давлатӣ панҷ фаввора ва ду суҳбаткада бо нақшунигори миллӣ сохта шуда, 140 сутунчароғи равшанидиҳанда ва 40 нишасткурсӣ насб гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Дувоздаҳ ҳазор бех дарахти ҳамешасабз ва зиёда аз 20 ҳазор бех гулҳои рангоранги мавсимию доимӣ аз ҷумлаи ороишоти дигари майдони Парчами давлатӣ мебошанд.
Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ҳамчунин, намои берунии бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр навсозӣ гардид. Пешвои миллат ба кори анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро барои минбаъд саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Панҷакент гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат аз болои муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд, ки дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, аз ҷониби ҳайкалтарош Мансур Ҳоҷибоев бо санъати баланд омода гардидааст.
Баландии муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Панҷакент бо дарназардошти таҳкурсӣ 12 метрро дар бар мегирад. Аз ду паҳлуи он ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст. Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 1550 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Бо қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Панҷакент барои сайругашти сокинон ва меҳмонон мавзеи дилфиреб фароҳам шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Баландии он 23 ва қутраш 2,5 метрро ташкил дода, таҳкурсиаш бо санги хорои ватанӣ оро ёфтааст. Зинапоя ва майдони назди Нишони давлатӣ чароғон мебошад.
Баъди ифтитоҳи Нишони давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ дар зери он гулчанбар гузоштанд.
Дар атрофи нишон аз тарафи сохтмончиён роҳравҳои тахту ҳамвор сохта шуда, дар ҳудуди боғ чароғҳои рангаи равшанидиҳанда, ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст.
Дар шаҳри Панҷакент барои истиқболи сазовори 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноти гуногун сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад, ки ифтитоҳи Нишони давлатӣ низ аз тадбирҳои созанда дар ин самт ба шумор меравад, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент амалӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент дар вазъияти тантанавӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ба номи Спитаменро низ мавриди истифода қарор доданд.
Он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» бунёд гардида, барои 806 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ва бо харҷи беш аз 9 миллиону 202 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Бино дорои ҳуҷраҳои корӣ, хонаи омӯзгорон, 17 синфхона, аз ҷумла, синфхонаи фанҳои биология, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, ҳамчунин китобхона, ошхона, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ барои 230 нафар мебошад. Муассиса бо компютер, тахтаҳои электронӣ, лавозимот барои гузаронидани озмоишҳо дар дарсҳои физикаву химия таъмин мебошад. Ба ғайр аз ин, дар муассиса биноҳои ёрирасон, ба монанди буғхона, анбор ва хонаи посбон сохта шудааст.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ба номи Спитамени шаҳри Панҷакент барои татбиқи барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҳама шароит фароҳам мебошад.
Бинои куҳнаи муассисаи таълимӣ соли 1966 барои 250 ҷои нишаст дар як баст сохта шуда буд ва ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ набуд. Сохтмони бинои нав моҳи январи соли 2020 бо ҷалби меъморону сохтмончиёни маҳаллӣ шурӯъ шуда, он тайи беш аз ду сол бо тарҳи замонавӣ ва шароити муосири таълимӣ қомат афрохт.
Бо мақсади ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш, дар бинои нави муассиса толори варзишӣ бунёд шудааст, ки муҳассилин ба волейболу баскетбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул хоҳанд шуд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави муассисаи таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, илмҳои замони муосир ва забонҳои хориҷиро омӯзанд ва дар оянда чун шахси соҳибмаърифат ба Ватану давлат хизмат намоянд. Ҳамчунин, Сарвари давлат омӯзгоронро ба таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент маркази савдо ва хизматрасонии «Убайдулло» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Асадулло Муродиллоев бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда, аз 9 ошёна иборат мебошад.
Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани маркази савдо ва хизматрасонии «Убайдулло» дар шаҳри Панҷакент беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2018 оғоз гардида, дар рафти бунёди он 60 нафар сокини маҳаллӣ ва меъморон бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ, ки дар қабати якум ҷойгир аст ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, 60 чевари маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд. Модарону хоҳарони ҳунарманд, ки то ин дам фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд, аз таъсис ёфтани коргоҳи дӯзандагӣ бо шароитҳои хуби корӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии доимии занон миннатдорӣ баён карданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли сарулибоси мактабӣ ба роҳ монда шуда, он имкон дорад, ки миқдори муайяни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро бо сарулибоси мактабӣ таъмин намояд. Ҳамчунин, коргоҳ барои мардону занон ва кӯдакон либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзиши «Паҳлавонони суғдӣ» — ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Дар иншооти он, ки дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳр аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд сохта шудааст, даҳ сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ шуданд.
Масоҳати иншоот 960 метри мураббаъ буда, толори варзишӣ дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Барои истифодаи варзишгарон дар он ба ғайр аз толорҳои машқу тамрин ҳуҷраҳои кор, хонаи шустушӯ ва либоспӯшии мардонаю занона сохта шудааст.
Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, гӯштини самбо ва навъҳои дигари варзиши миллӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи дигари бунёди иншоот оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба обутоби бадан мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз қасри варзиш ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар як нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакенти бостониро, ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи бою қадимаи давлату миллати сарбаланди тоҷик ёдовар шуда, зикр карданд, ки Панҷакент бо имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ яке аз минтақаҳои бузурги саноатии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад.
Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо, вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сол ба сол беҳтар гардида, дар аксар соҳа пешравиҳо ба назар мерасанд. Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар шаҳри Панҷакент беш аз 80 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бунёд ёфта, барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ, бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи даромади мардум саҳми калон гузошта истодаанд.
Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021 — 2025» татбиқи 118 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 860 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 8 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои тақвияти таҳсилот, обтаъминкунӣ, тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардида истодааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми сокинони шаҳри Панҷакент, бахусус, соҳибкорони ватандӯстро, дар рушду пешрафти шаҳр ва истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ шоистаи таҳсин номиданд. Сокинони шаҳр ба истиқболи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ 447 иншооти таъиноти гуногунро сохта, ба истифода супоридаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки чунин амалҳои созанда дар оянда вусъати бештар касб мекунанд ва то 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ шаҳри Панҷакент бо бунёди садҳо иншооти нав боз ҳам ободу зебо гардида, дар он барои сокинон ва сайёҳону меҳмонон шароити муосири зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.
Президенти мамлакат оид ба вазъи ногувори сиёсию иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти кишвар андешаронӣ карда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карданд, ки дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳон содиқонаву софдилона заҳмат кашанд ва ҳама имкониятро барои таъмини зиндагии шоиста истифода баранд.
Баъди суханронии Сарвари давлат аз ҷониби аҳли ҳунари вилояти Суғд барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд, ки тараннумгари сулҳу ваҳдати пойдор, Истиқлолияти давлатӣ ва таърихи бойи тоҷикон буд.
15 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Намояндагони фарҳанг ва ҷавонон дар фазои шукӯҳу фараҳмандӣ ба Президенти кишвар садоқат ва меҳру муҳаббати сокинони вилоятро эҳдо намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдпак» оғоз бахшиданд.
Он аз коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ иборат буда, марҳилаи сеюми истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ маҳсуб меёбад. Таъсису фаъолияти коргоҳҳои нав, дар баробари саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёт, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ба ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави кор низ мусоидат менамояд. Дар коргоҳҳои бофандагию дӯзандагии нави ҶДММ «Суғдпак» 150 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки аксар сокинони маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров мебошанд.
Корхонаи якум оид ба истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ моҳи октябри соли 2013 ва марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдпак» оид ба истеҳсоли халтаҳои полимерӣ моҳи ноябри соли 2017 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карданд.
Муассис, соҳибкорон ва масъулону мутахассисони корхона баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти афзун намудани ҳаҷму номгӯи маҳсулот, васеъ кардани корхона иқдомҳои навбатиро амалӣ намуданд. Дар давоми ду сол иншооти нави дуошёна барои корхонаи сеюм бо инфрасохтори истеҳсолӣ — технологӣ бунёд ёфт.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона бо ҷалби 13 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ ва бунёди иншооти истеҳсолӣ дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ, бо васлу насби хатҳои технологии бофандагию дӯзандагӣ, бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 400 ҳазор дона халтаҳои калонҳаҷм дар як сол бо саҳми соҳибкорони ватанӣ таъсис дода шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорон ва мутахассисони ҶДММ «Суғдпак» — ро дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ки саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, шоиста арзёбӣ намуданд.
Дар корхона истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми намуди «Биг — Бег» дар хатҳои технологии бофандагию дӯзандагӣ шурӯъ аз коркарди ашёи хом — полипропилен ва дигар ашёи хоми полимерӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло халтаҳои истеҳсоли корхона ба давлатҳои хориҷӣ — Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот карда мешаванд ва дар давлатҳои хориҷи дур ба маҳсулоти корхона талабот пайдо шудааст.
Баъди шиносии пурра бо корхона ва шароити фароҳамшуда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисон ва роҳбарияти корхона суҳбат намуда, ба соҳибкорон барои иқдоми созандагӣ ва саҳми муносиб дар раванди саноатикунонӣ баҳои арзанда доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи асфалтбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар доираи эълон шудани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов дар минтақаи Рухаки деҳоти «Ғозиён» дар масоҳати як гектар замин бунёд ёфта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоту технологияи муосир 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.
Технологияи корхона аз кишварҳои пешрафта ворид карда шудааст ва иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд. Фаъолияти корхона бо гази табиӣ ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз ду километр хатти лӯлаҳои газ кашида шудааст. Барои кашонидани асфалт зиёда аз 10 техникаи пуриқтидор низ харидорӣ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки ширкати ватанӣ аз соли 2007 фаъолиятро оғоз намуда, самти фаъолияташ ба корҳои сохтмони механикӣ нигаронида шудааст. Коргарон нақша доранд, ки дар ояндаи наздик хатти нави коркарди регу шағалро мавриди истифода қарор диҳанд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноат то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шуда, соли равон 145 корхона ба истифода дода мешавад, ки аз он 20 корхона ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.
Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар натиҷа, зиёда аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Дар вилояти Суғд 14 корхонаи асфалтбарорӣ фаъолият доранд. Танҳо дар 8 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳҳои мошингард тармим ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ғозиён» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати оби полезӣ ва бунёди боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ» — ро ифтитоҳ карданд.
Он дар масоҳати 13 гектар замин бо иқдоми муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ» Олимҷон Неъматзода бунёд ёфта, барои обёрии боғ, ки бо усули қатрагӣ пешбинӣ гардидааст, дар масофаи 800 метр қубурҳои қутрашон 75 миллиметра хобонда шудааст.
Маълумот дода шуд, ки дар масоҳати 11 гектар ниҳоли бодом ва дар боқимонда замин ниҳоли зардолу, ки аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ватанӣ дастрас гардидаанд, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонида шудааст. Барои амалӣ шудани ин ташаббуси нек 250 ҳазор сомонӣ маблағ равона шуда, 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Заминҳои минтақаи Рухаки деҳоти «Ғозиён» бо сабаби набудани оби полезӣ солҳои зиёд аз истифода берун монда буд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳо марҳила ба марҳила ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида истодаанд. Бино ба маълумоти Идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заминҳои мавзеи Рухак 2351 гектарро ташкил медиҳанд.
Дар вилояти Суғд 4490 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки ин нишондод 175 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба ҷойи 2046 гектар 4958 гектар боғҳои куҳна барқарор гардиданд.
Майдони боғот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 ҳазору 533 гектар буда, соли ҷорӣ дар масоҳати 268 гектар боғ бунёду барқарор карда шудааст.
Ҳар сол ҳосили боғот ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам дар шакли хушккардашуда ба кишварҳои дуру наздик содирот карда мешавад. Соли 2021 аз вилояти Суғд ба кишварҳои хориҷӣ 44 ҳазору 555 тонна хушкмева ба маблағи 16,2 миллион доллар содирот шудааст.
15 апрели соли 2022 Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик-Ян 2» оид ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта оғоз бахшиданд.
Коргоҳ дар деҳоти «Ғулакандоз» дар масоҳати 2,27 гектар ҷой гирифта, ифтитоҳи он идомаи хати истеҳсолоти «Органик — Ян» мебошад ва бо саҳми соҳибкор Даврон Ахмедов бо харҷи маблағи сармоявии 37 миллион сомонӣ таъсис дода шудааст.
Дар марҳилаи аввали оғози фаъолият «Органик – Ян» иқтидори истеҳсолиро ба миқдори 5 ҳазор тонна ба нақша гирифта, бо ба истифода додани коргоҳи «Органик — Ян 2» иқтидори корхона ба истеҳсоли 7 ҳазор тонна ресмони пахтагин баробар мегардад. Дар коргоҳи нав то 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Барои истеҳсоли маҳсулоти пахтагин таҷҳизоту технологияи муосири ширкати «Мурата» — и Ҷопон насб гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли ду ҳазор тонна ресмони дутоба аст.
Ин иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани доираи истеҳсолии коргоҳ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти пахтагин бо коркарди нахи пахта мебошад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои арзанда доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки «Меҳробод»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон-Кишоварз»-ро ба истифода доданд.
Он бо саҳми соҳибкори ватанӣ Илҳом Бобоҷонов бо мақсади таъмин намудани корхонаву коргоҳҳои чорводорию парандапарварӣ бо хӯроки омехтаи тайёр таъсис ёфтааст ва иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз 100 — 120 тонна, дар як моҳ — 3600 ва дар як сол 42 ҳазор тонна хӯроки омехтаи чорво ва паранда истеҳсол намояд.
Барои истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда ашёи хоми гандум, ҷав, ҷуворимакка, кунҷораи офтобпараст, намак, чор навъи витаминҳо, равған ва ғайра, ки барои афзоишу солимии чорво зарур аст, истифода мешавад. Хӯроки омехта асосан ба корхонаю ҷамъиятҳои чорводорию парандапарварии вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, захираҳои ашёи хом барои давраҳои муайян мавҷуданд ва иқтидори захиравӣ 8 ҳазор тонна ашёи хом мебошад. Соҳибкорон дар оянда нақша доранд, бо бунёди 6 иншооти захиравии дигар ҳар кадоме бо иқтидори 500-тоннагӣ ҳаҷми захираи ашёи хомро зиёд намуда, иқтидори истеҳсолии корхонаро, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нахустин мебошад, боз ҳам афзун намоянд.
«Сомон-Кишоварз» ба ғайр аз истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда, ҳамчунин, соли дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе коргоҳи истеҳсоли макаронро ба истифода додааст. Дар он 25 навъи макарон бо номи «Арзанда» ва «Грин-фудс» истеҳсол мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли коргоҳ дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна буда, маҳсулот ба бозори дохилӣ пешниҳод мегардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ёва»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Коргоҳи коркарди санги хоро ва мармари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хорои Суғд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар майдони 1,2 гектар замин аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Абдулҳамидов мутобиқ ба талаботи замон ва тарҳи муосир бунёд ёфта, барои коркарди санги хоро ва мармар пешбинӣ шуда, иқтидори истеҳсолиаш дар як моҳ 2 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад.
Барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Италия ворид шудааст. Иншоот аз як ошёна иборат буда, пас аз ба фаъолият оғоз намудани он барои 20 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам гашт.
Шумораи коргоҳи коркарди санги хоро ва мармар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳ ададро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2021 — ум 93,8 ҳазор метри муррабаъ ва моҳҳои январ — феврали соли 2022 — юм 5,1 ҳазор метри муррабаъ мебошад.
Бунёди иншооти нави истеҳсолӣ қадами навбатӣ дар самти расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Дар коргоҳи навбунёд аслан маҳсулоти ватанӣ коркард шуда, ба таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсолию ивазкунандаи воридот замина мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхонаи нави истеҳсолӣ ва намоиши масолеҳи истеҳсолшуда таъкид намуданд, ки дар доираи ҷашнҳои миллӣ вусъат ёфтани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва зиёд гаштани талабот ба масолеҳи сохтмонӣ, инчунин, ба истифодаи сангҳои мармару хоро низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Гулхона»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хишти аълосифат»-ро, ки фаъолияташ аз тариқи хатҳои муосири технологӣ ба роҳ монда шудааст, ба истифода супориданд.
Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хишти аълосифат» Нӯъмон Розиқов бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 5 миллион дона хишти пухта мебошад. Бо таъсиси коргоҳи истеҳсолӣ барои 40 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ифтитоҳи иншооти навбунёд шумораи корхонаҳои замонавӣ, ки самти фаъолияташонро истеҳсоли хишти пухта ташкил медиҳад, ба 11 адад расид.
Дар кишвар 134 корхонаи хиштбарорӣ мавҷуд буда, аз он дар шаҳри Душанбе — 6, вилояти Хатлон — 16, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 1, вилояти Суғд — 53 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 58 корхона фаъолият доранд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот соли 2021 — ум 178 миллион дона ва дар моҳҳои январ — феврали соли 2022 — юм 4,5 миллион дона хишти пухтаро ташкил медиҳад.
Зимни ифтитоҳи ҶДММ «Хишти аълосифат» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси ободкоронаи соҳибкори ватанӣ Нӯъмон Розиқов баҳои арзанда дода, зикр карданд, ки коргоҳ баҳри рақобатпазир гаштани маҳсулоти истеҳсолӣ, таъмини талаботи сокинон бо хишти пухта замина мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти «Ёва»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амина-К»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Онро соҳибкори маҳаллӣ Карим Каримов дар масоҳати 11 гектар замин бунёд карда, фаъолияташ асосан ба парвариши мурғ барои истеҳсоли тухм нигаронида шудааст.
Парвариши паранда ва истеҳсоли тухм бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, таҷҳизот аз кишварҳои Италия, Олмон ва Федератсияи Россия ворид гардидааст.
Айни замон дар корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми «Амина-К» 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, роҳбарияти корхона имкон дорад боз 40 нафари дигарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.
Дар фермаи парандапарварӣ имконияти парвариши 500 ҳазор сар мурғ барои истеҳсоли тухм мавҷуд аст. Масъулини коргоҳ нақша доранд, тайи се-чор соли оянда истеҳсоли тухмро ба 1 миллион дона дар як шабонарӯз расонанд ва истеҳсоли гӯшти парандаро ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки минбаъд низ шумораи чунин корхонаҳо дар вилоят зиёд карда шавад, зеро ин тадбир, дар баробари ғанисозии бозори истеъмолӣ, ҳамчунин, ба танзими нархи тухм мусоидат карда, сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар вилояти Суғд 136 корхонаи парандапарварӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 96 корхона тухм ва 40 корхона гӯшти паранда истеҳсол мекунанд.
Тайи ду соли охир дар вилояти Суғд 60 корхонаи парвариши мурғ ва истеҳсоли тухм мавриди истифода қарор дода шуд. Дар се моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои парандапарварӣ 170 миллион дона тухм ва 5 ҳазору 98 тонна гӯшти мурғ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 32 миллион дона тухм ва 1 ҳазору 774 тонна гӯшти паранда зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти «Ёва»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амина-К»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ташаббускори ин иқдом низ соҳибкор Карим Каримов буда, коргоҳ дар майдони 10 гектар замин бунёд гардидааст. Дар он асосан комбикорм — хӯроки омехтаи чорвою паранда ва моҳӣ истеҳсол карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона дар як шабонарӯз 480 тонна хӯроки омехтаи чорвою паранда истеҳсол менамояд, ки дар як сол ба 175 ҳазор тонна баробар мешавад. Барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда маҳсулоти хом аз кишварҳои Белгия, Аргентина, Олмон, Россия, Қазоқистон ва Беларус ворид гардида, бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ коркард мешавад.
Баъди ба истифода қарор гирифтани коргоҳ 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, имконият фароҳам меорад, ки корхонаҳои мурғу чорвопарварии ватанӣ бо маҳсулоти хушсифати хӯрока таъмин карда шаванд ва нархи хӯроки чорвою паранда дар бозор коҳиш ёбад.
Айни замон дар вилояти Суғд, дар баробари коргоҳҳои коркарди гандум ва пахта, ки барои чорвою парандаҳо низ хӯрок истеҳсол мекунанд, боз беш аз 10 корхонаи истеҳсоли хӯроки чорвою паранда фаъолият доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкади илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Нуриддин Қосимов, Комилҷон Комилов ва Насим Нуриддинзода бунёд гардид.
Бинои панҷошёнаи он аз таҳхона, 67 синфхонаи таълимӣ, 8 озмоишгоҳи фаннӣ, 20 ҳуҷраи корӣ, 4 синфхонаи компютерӣ ва китобхона бо 4 ҳазору 200 китоби илмию бадеӣ, инчунин китобхонаи электронӣ бо 209 ҳазор китоб, иборат мебошад.
Донишкада имкон дорад, ки 2600 нафар донишҷӯро ба таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи 21 ихтисоси замонавии ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ба таҳсил фаро гирад. Бо ифтитоҳи он 80 омӯзгор ва корманди техникӣ бо ҷои кор ва шароити мусоиди фаъолият таъмин шуданд.
Дар шафати бинои таълимӣ толори варзиш барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва футболи хурд мавҷуд аст.
Истифодаи васеи тахтаҳои электронӣ, видеопроекторҳо ва дигар васоити муосири техникӣ дар ҷараёни таълим яке аз омилҳои самарабахшии дарсҳо мебошад. Таълимгоҳ дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ буда, барои таълиму омӯзиши фанҳои дақиқ ба таълимгирандагон беш аз 60 нафар омӯзгор, аз ҷумла профессорон, докторон, номзадҳои илм ва омӯзгорони ботаҷриба ҷалб шудаанд.
Пояҳои моддиву техникии донишкада бо технологияҳои инноватсионӣ мустаҳкам буда, 140 адад компютер, 21 тахтаи электронӣ, 60 тахтаи синфӣ, 110 камераи назоратӣ, 21 проектор, 30 принтер, 20 ноутбук барои омӯзгорони ҷавон ва дигар воситаҳои таълимӣ аз шароиту имкониятҳои муосир барои таҳким бахшидани таълиму тарбия мебошад. Ҷараёни таълим дар синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ назорат ва таҳлил карда мешвад.
Алҳол дар донишкада факултети фанҳои дақиқ ва технологияи инноватсионӣ, факултети муҳандисӣ, бизнес ва идоракунӣ бо чор кафедраи тахассусӣ ташкил гардида, кафедраи умумидонишкадавии фанҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ амал мекунад. Синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ ба шабакаи баландсуръати интернет пайвастанд.
Донишкада бо муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи «Хуҷанд-Могилёвлифтмаш» оғоз бахшиданд.
Он бо саҳми соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандторгмаш» Музаффар Ҷумъаев дар ҳамкорӣ бо Корхонаи истеҳсоли лифти «Могилёвлифтмаш»-и Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфтааст.
Масоҳати умумии корхона 1,8 гектар заминро ташкил дода, барои бунёди он 2,9 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст. Аз он 2,1 миллион сомонӣ барои харидориву васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ равона шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизот аз Ҷумҳурии Беларус ворид шуда, аз технологияи пешрафтаи истеҳсоли лифт ва дорои кафолати сифати маҳсулот мебошад.
Лифтҳои нимтайёр аз корхонаи «Могилёвлифтмаш» ворид карда шуда, бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии боқимонда дар корхонаи нави шаҳри Хуҷанд лифт пурра барои истифода омода мегардад.
Иқтидори истеҳсолии корхона 36 лифти замонавӣ буда, бо бунёди он 50 сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гариданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар соҳаи мошинсозӣ баҳои баланд дода, барои марҳила ба марҳила рушд додани соҳа ва минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр тавсия доданд.
Бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосир истеҳсоли лифтҳои гуногуни борбардор, мусофиркашонӣ барои хонаҳои баландошёна, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар иншоот амалӣ карда мешаванд.
Коргоҳ ба ҷуз аз лифтҳои муқаррарӣ, барои шахсони маъюб лифт ва эскалатору травалаторҳо низ истеҳсол менамояд.
Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти истеҳсоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандторгмаш» шинос шуданд.
Ифтитоҳи коргоҳи нав аз иқдомҳои наҷибу шоистаи соҳибкорон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот мебошад. Танҳо соли 2021-ум чор навъ лифт бо вазни 1,8 ҳазор тонна ба маблағи 4,2 миллион доллари америкоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, ки ин иқдом қадами аввалин баҳри созмон додани механизми ивазкунандаи воридот вобаста ба рушди соҳаи сохтмон мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандиро, ки аз таъмиру таҷдид бароварда шуд, аз назар гузарониданд.
Дар бинои фарҳангӣ барои фаъолияти аҳли эҷод ва тамошои намоишномаҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Театри вилоятӣ аз се ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, утоқҳо барои гузаронидани дарс пешбинӣ гардидааст, ки барои фаъолияти назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо ҷойҳои либосивазкунӣ, ҳуҷраҳои маъмурияти театр ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир шудааст. Толори асосии театр дорои 612 ҷойи нишаст мебошад.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино ҳуҷраҳои корӣ, фароғати ҳунармандон, устохонаҳои дӯзандагӣ, сехи рассомӣ ва ҳуҷраи ороишӣ ҷойгиранд.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар ошёнаи сеюм саҳнаи хурд бо 102 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
Дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақому манзалати театри тоҷик баланд гардида, шароити муносиби корӣ барои кормандони соҳа фароҳам оварда мешавад, зеро театр як шохаи асосии фарҳанг ба ҳисоб рафта, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоӣ аст ва асолати миллиро аз тариқи намоишномаҳо пойдору устувор нигоҳ медорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти вилоят бо усули нотакрор зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд.
Ҳоло дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ 161 нафар фаъолият дошта, 70 нафари онҳо гурӯҳи эҷодиро ташкил медиҳанд.
Пас аз шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои театр, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги он бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат аҳли санъати вилоят барномаи хуби фарҳангии тараннумгари сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлатро пешкаш карданд.
Айни ҳол дар вилояти Суғд 7 театри касбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Бӯстон, Конибодом, Спитамен, Ашт ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар Исфара, Деваштич, Мастчоҳ, Панҷакент ва Истаравшан театрҳои халқӣ фаъолият доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои санъаткорону ҳунармандони вилоят баҳои баланд доданд.
Аҳли фарҳанги вилояти Суғд, хоса ҳунармандони театр, ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ, ки василаи хуби ҳифзи фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимиро барои 840 нафар хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ифтитоҳ карданд.
Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, аз бинои асосӣ, толори варзишӣ ва ошхона иборат мебошад. Бинои асосии мактаб аз 35 синфхона ва 5 ҳуҷраи ёрирасон иборат буда, 11 синфхонаи ибтидоӣ, 19 синфхонаи болоӣ, ду синфи таълими меҳнат, синфи химия, синфи физика ва синфи компютериро дар бар мегирад.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои иловагии мактаб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, омӯзгоронро ба масъалаи таъмини сифати таълим ва хонандагонро ба омӯзиши илмҳои замони муосир ҳидоят карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли макаронро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Орди фатир» мавриди истифода қарор доданд.
Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар барои таъмини бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти ниёзи мардум Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Орди фатир» тасмим гирифт, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бахусус навъҳои гуногуни макарон, оғоз намояд.
Барои ноил шудан ба ин мақсад аз тарафи муассисони ширкати ватанӣ барои сохтмони бинои истеҳсолӣ ва харидорӣ намудани таҷҳизоти истеҳсолӣ 2 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст.
Айни ҳол таҷҳизот барои истеҳсоли макарон бо иқтидори як тонна дар як баст дар бинои нави истеҳсолӣ васл гардида, истеҳсоли 30 навъи макарони хушсифат ба роҳ монда шуд.
Бо оғоз шудани фаъолияти коргоҳ 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуда, музди миёнаи меҳнати онҳо 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Орди фатир» аслан 11 августи соли 2011 ташкил шуда, фаъолияти асосии он коркарди гандум ва истеҳсоли орд мебошад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 240 тонна ва дар як сол 75 ҳазор тонна гандум мебошад. Дар ҷараёни истеҳсолот гандуми навъҳои беҳтарини Ҷумҳурии Қазоқистон истифода мешавад.
Роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ барои таъсиси коргоҳҳои нав, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ҳисса гузорад.
16 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳаллаи Кӯҳсори деҳоти «Понғоз» хати оби полезиро мавриди истифода қарор дода, ба бунёди боғи интенсивии «Ибрат» оғоз бахшиданд.
Иншооти асосии хати оби полезӣ бо кофта шудани чор чоҳи амудӣ аз чуқурии 25 метр омода шуда, барои обёрии 14 гектар замини ин мавзеъ пешбинӣ гардидааст. Оби полезӣ аз чоҳҳои амудӣ тавассути дастгоҳҳои обкашӣ кашида шуда, ба ҳавзи бунёдгардида бо ғунҷоиши 600 метри мукааб оварда мешавад ва сипас аз тариқи қубурҳои обдиҳӣ заминҳо бо усули муосир, яъне қатрагӣ обёрӣ мегарданд.
Ташаббуси обёрии қитъаҳои ин мавзеи кӯҳдоман дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зайлобиддин Мақсудҷонов рӯи даст гирифта шуда, ҳадаф аз он ба гардиш даровардани талу теппаҳои бекорхобида ва истифодаи самараноку мақсадноки заминҳои ин минтақа мебошад.
Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳоли гелос ба бунёди боғи нав дар масоҳати 14 гектар замин асос гузошта, аз намоиши дастранҷи хоҷагидорони деҳоти «Понғоз» дидан намуданд.
Боғ бо усули интенсивӣ, бунёд шуда, дар он шаш навъ гелоси содиротӣ, аз ҷумла «Александрия», «Регина» ва «Дайбера» дар асоси маслиҳати мутахассисон аз рӯи меъёри ду бар чор метр шинонида шуда, дар ҳар як гектар 1250 бех ниҳол рост омадааст. Дар маҷмӯъ, тибқи нақша дар боғи нав беш аз 15 ҳазор бех ниҳоли гелоси қадпаст, ки аз Федератсияи Россия дар асоси таҷриба ва маслиҳати мутахассисон дастрас гардидааст, шинонида шуд.
Ниҳолҳои гелос бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуда, бино ба маълумоти мутахассисон, дар соли сеюм ба ҳосил медароянд. Бо бунёди боғи нав то 200 нафар сокини маҳаллӣ, бо дарназардошти корҳои мавсимӣ, бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Дар намоиши кишоварзӣ аҳли заҳмати деҳоти «Понғоз» — и ноҳияи Ашт 15 навъи маҳсулот, аз ҷумла 8 навъ зардолуи хушки донакдору бедонаи содиротӣ, се навъ себу нок ва ғалладонагиҳоро, ки дар заминҳои дарихтиёрдошта кишту парвариш мекунанд, муаррифӣ намуданд.
Дар деҳоти «Понғоз» зиёда аз 1000 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳар сол бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа, маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.
Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашон иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти «Понғоз» 3484 гектар боғ мавҷуд буда, соли равон наздики 20 гектар боғи интенсивӣ бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону хоҷагидорон барои истифодаи мақсадноку бомавриди заминҳои дарихтиёрдошта, аз ҷумла қитъаҳои ёрирасону наздиҳавлигӣ, зиёд кардани майдони боғҳои меваҳои лазизу шаҳдбори ватанӣ ва бо ин роҳ афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти босифат ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Понғоз»-и ноҳия Ашт бинои Беморхонаи ноҳиявии рақами 5-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Он аз се бинои дуошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 80 кати хоб дар асоси санъати меъмории миллӣ ва муосир дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ёфтааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани беморхона 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Барои табобат ва муолиҷаи беморон дар табобатгоҳ чор шуъба, аз ҷумла амрози калонсолону бачагона, таваллудхона, ҷарроҳӣ ва ташхисгоҳи функсионалӣ мавҷуд мебошад. Шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар он табибон ба мардум хизмати тиббӣ мерасонанд. Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Олмон, Италия ва Хитой, мебошанд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхона мушкилоти чандсолаи аҳолии 32 — ҳазорнафараи деҳоти «Понғоз» дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ рафъ гардида, барои табобати саривақтии бемориҳои гуногун ва ҳифзи сиҳатии ҷомеа шароити мусоид фароҳам омад. Дар биноҳои нави беморхона табибону мутахассисони соҳа имкон доранд, ки дар шароити мусоиди кор маризиҳои гуногунро сари вақт муайяну муолиҷа намоянд. Беморхона, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст буда, дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар бо мақсади бархӯрдории сокинон аз хизматрасонии баланди тиббӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо харҷи 17 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Масоҳати он 2,64 гектарро ташкил дода, биноҳояш бо нуқтаи гармидиҳии тавассути ангишт амалкунанда пайваст мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, ба кормандони беморхона ду воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти муосири тиббӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми соҳибкорону шахсони саховатпеша баҳои баланд дода, зимни суҳбат бо табибон онҳоро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити фароҳамшуда барои хизмати софдилона ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва муносибати хуб ба корафтодагон ҳидоят намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ба фаъолияти Фермаи чорвои калон оғоз бахшида, намоиши соҳаи чорводории ноҳия ва дастовардҳои чорвопарварони минтақаро аз назар гузарониданд.
Фермаи чорвои калони шохдор аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Зайлобиддин Мақсудҷонов дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов» ташкил ва барои парваришу нигоҳубини 200 сар чорво пешбинӣ гардидааст. Хоҷагии зотпарварӣ дар як гектар замин доман паҳн карда, аз се соябони гуногунҳаҷм, ки дар маҷмӯъ 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳанд, иборат мебошад. Иншооти мавҷуда мувофиқ ба талаботи парвариши чорво бунёд гардида, бо шароити зарурии чорводорӣ таъмин мебошад. Айни замон дар ферма 15 нафар бо кор таъмин шудаанд ва бо дарназардошти васеъ гардидани фаъолият шумораи коргарон низ зиёд мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки ферма бо мақсади истеҳсоли гӯшти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ташкил шуда, коргарон мақсад доранд, бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намоянд. Фермаи чорвои калони шохдори хоҷагии Тӯйчӣ Эрйигитов дар ноҳия калонтарин хоҷагии зотпарварӣ ба шумор рафта, имкон дорад, ки дар як сол то 50 тонна гӯшт истеҳсол намояд. Ин миқдор маҳсулот на танҳо талаботи дохилии ноҳияро қонеъ мегардонад, ҳамчунин, хоҷагидорон метавонанд гӯшти хушсифатро ба бозори шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва дигар ноҳияҳо ба фурӯш бароранд. Дар ферма асосан буққаҳои хурдсол ва миёнасоли гӯштӣ парвариш карда мешаванд.
Зимни боздид аз фаъолияти он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши хӯроки сабзро, ки дар ферма омода мешавад, аз назар гузарониданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки хӯроки сабз аз донаҳои гандум, маккаи дон ва дигар зироатҳои серғизо омода гардида, ба сергӯшт кардани чорво таъсири мусбат мерасонад. Аз ҷиҳати ғизонокӣ хӯроки сабз аз витаминҳо бой буда, он бо усули гидропоникӣ дар муддати кӯтоҳ омода карда мешавад. Яъне, аз як килограмм дона дар 7 рӯз 7 килограмм хӯроки сабз омода мегардад. Ин ҳам бе истифодаи маводи химиявию нуриҳои минералӣ тайёр карда шуда, донаҳо ба таври табиӣ сабзонида мешаванд.
Дар ҳамон ҷо намунаи чорвои хоҷагӣ ва дигар хоҷагиҳои зотпарварии ноҳияи Ашт низ ба намоиш гузошта шуд.
Ҳангоми боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон ва мутахассисони соҳа суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бинои нави Кӯдакистони хусусии «Бунёд»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки бо ташаббуси соҳибкорзан, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд-ҷаҳони орзуҳои шумо» Истамой Мадалиева бунёд ёфтааст.
Он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ амалӣ гардида, аз се ошёна барои 80 кӯдак дар панҷ гурӯҳ пешбинӣ шудааст. Қабати якум аз ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгоҳ, толори бозии кӯдакон ва ошхона иборат буда, ошёнаҳои дуюм ва сеюмро ҳуҷраҳои хоб ва синфхонаҳо барои гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ ташкил медиҳанд.
Кӯдакистон бо тарҳи нави меъморӣ сохта шуда, дар самти таъмини муассиса бо айёниятҳои дарсию китобҳои бачагона аз ҷониби соҳибкор миқдори зарурии лавозимоти хониш дастрас гардида, ҳамчунин, мураббияҳои соҳибтаҷрибаву донандагони хуби соҳа ба кор ҷалб шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба ташаббуси соҳибкорзан Истамой Мадалиева ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои дурдаст баҳои баланд доданд.
Инчунин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Маҷмааи фарҳангию фароғатии «30-солагии Истиқлол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он бо маблағгузорӣ ва фармоиши роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» бунёд ёфта, арзиши лоиҳавии сохтмонаш 2 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дода, барои 300 нафар ҷойи кор муҳайё гардидааст.
Дар дохили иншоот коргоҳи бандубасти хуч ва меваҳои хушк бо иқтидори коркарди як тонна дар як баст ба истифодабарӣ дода шуд. Қобили зикр аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Ашт 500 гектар хучзор мавҷуд мебошад. Аз он ҳисоб танҳо дар деҳоти «Ошоба» 260 гектар замини хуч ба қайд гирифта шудааст. Майдони умумии боғоти ноҳия 17 ҳазору 300 гектар аст, ки аз он 16 ҳазору 300 гектарашро зардолузор ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, сехи коркард ва бандубасти намаки ошӣ бо иқтидори 5 тонна дар як баст низ аз зумраи имкониятҳоест, ки дар ҳамон маҷмаа фаъол карда шуд. Коргоҳи мазкур, ки филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Намаки Ашт» мебошад, коркарди кони амалкунандаи намаки ноҳияро ба роҳ мондааст. Ба иттилои мутахассисон, намаки истеҳсолшаванда ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, таъминоти сокинонро дар ин самт беҳтар мегардонад. Корхонаи «Намаки Ашт» дар як сол беш аз 10 ҳазор тонна намак истихроҷ ва аз ин ҳисоб зиёда аз 5 ҳазор тонна намаки ошии йоднок ба бозори истеъмолӣ ворид мекунад. Тибқи таҳлилҳо, захираи кони намаки ноҳияи Ашт барои 300 сол басанда аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳҳо, бобати такмили кори сехҳои истеҳсолӣ ба масъулони ноҳия дастуру супориш доданд. Таъкид гардид, ки бо ташкили чунин коргоҳҳои хурд метавон фарогирии сокинон бо шуғли доимиро афзоиш дода, ба воситаи коркарди саривақтӣ талафёбии маҳсулоти кишоварзиро пешгирӣ намуд.
Бозори доимоамалкунандаи савдои маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили иншоот низ воситаи муҳими бо ҷойи кори муносиб таъмин кардани сокинон мебошад. Дар ин макон барои кори мунтазами фурӯшандаҳо шароити муосир фароҳам шудааст. Дар растаҳои замонавӣ сокинон метавонанд анвои гуногуни маҳсулотро ба фурӯш гузоранд. Ин фурӯшгоҳ тибқи стандартҳои пазируфташуда бунёд гардида, кору хизматрасонӣ дар он мутобиқи талабот ба роҳ монда шудааст.
Иншоот аз марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши гӯшт ва маҳсулоти гӯштиву ширӣ, нуқтаҳои омода кардани таом аз гӯшти моҳӣ, мағозаҳои хӯрокворӣ, кошонаи ҳусн, нуқтаи фурӯши либосҳои миллӣ ва мактабӣ, хушкмеваҳои ватанӣ, сабзавот, консерваҳои хонагӣ ва ғайра иборат аст. Инчунин, коргоҳи нонпазию қаннодӣ, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва дигар малакаҳои дастӣ, масолеҳи заргарӣ, фурӯшгоҳҳои маҳсулоти хӯрока, ошхона, ҳунарҳои оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, нуқтаҳои истеҳсоли хишти сементӣ, истеҳсоли сафолакҳои ороишӣ ва нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт фаъолияти маҷмааро комил сохтааст. Бо дарназардошти муҳимияти рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар гӯшаҳои алоҳидаи маҷмаа маҳсули дастони оҳангарон ва устоҳои чирадаст ба фурӯш гузошта шудааст. Сабадбофию қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва ҷомаву тоқидӯзӣ низ дар ҳамин макон ҷойгир шудааст.
Дар Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, инчунин, меҳмонхона бо 8 ҳуҷра барои 20 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар он ҳама шароит ҷиҳати фаъолияту истироҳати кормандону мизоҷон ба назар гирифта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти маҷмаа, ба истифода супоридани маркази хизматрасонӣ ва ҳунармандӣ бо 300 ҷойи кориро шоёни таҳсин хонда, ба ташаббускорони иқдом сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи фарҳангию фароғатии «30-солагии Истиқлол» коргоҳи дӯзандагӣ ва тарабхонаро низ ба истифода доданд.
Ташкили коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи солҳои 2022 — 2026, «Солҳои рушди саноат» ба роҳ монда шуда, он дар асоси фармоиши мизоҷон сарулибоси мактабӣ ва либосҳои кории соҳавӣ омода месозад. Дар муассиса бештар ҷавондухтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Ҳаҷми сармоягузории коргоҳи дӯзандагӣ дар Маҷмааи фарҳангию фароғатии «30-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Ашт 595 ҳазор сомониро ташкил дода, хати технологии он аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда шудааст. Иқтидори солонаи корхона бо истифодаи ашёи хоми дохилӣ 20 ҳазор дона либосро дар бар мегирад. Дар он 40 нафар бону ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд. Коргарони сехи дӯзандагӣ ба хотири таъмини хонандагон бо сарулибоси мактабӣ фармоиши муассисаҳои таълимии ноҳияро қабул мекунанд. Дар ноҳияи Ашт алҳол 37 ҳазору 461 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ба хотири таъмини мизоҷон бо сарулибоси мактабӣ кор дар ин коргоҳ ба тариқи шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ моҳҳои январ-феврали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 60 миллиону 525 ҳазор сомониро ташкил дод. Айни замон дар вилояти Суғд 74 адад корхонаи дӯзандагӣ амал мекунад ва моҳҳои январ-феврал онҳо ба маблағи 46 миллиону 298 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкоронро муҳим арзёбӣ карда, бобати афзоиши маҳсулот ва ҷалби зиёдтари занони хонашин ба корҳои даромаднок ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи барҳавои Маҷмааи фарҳангию фароғатии «30-солагии Истиқлол», ҳамчунин бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод, Бӯстон ва Истиқлол мулоқот карда, онҳоро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷӯроббофӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди корхонаи ресмонбарорӣ бо иқтидори лоиҳавии коркарди 10 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз, дар масоҳати ду гектар бо таъсиси 450 ҷойи нави кор дар се баст пешбинӣ гардидааст. Арзиши лоиҳавии корхонаи коркарди пахта 79,3 миллион сомониро ташкил дода, бо дастгирии Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Ашт бунёд мегардад.
Дар коргоҳи ҷӯроббофӣ насби 200 адад дастгоҳ бо иқтидори 30 ҳазор ҷуфт дар як шабонарӯз ва беш аз 8 миллион ҷуфт дар як сол дар назар дошта шуда, бо бунёди коргоҳ 150 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Арзиши лоиҳавии коргоҳ, ки дар масоҳати як гектар бунёд мешавад, 11,8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Технологияи коргоҳи ҷӯроббофӣ дар асоси шартнома аз кишварҳои Олмон ва Швейтсария ворид мегардад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди корхона ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати ободонии диёр ва таъсиси ҷойҳои нави кор баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки бунёди корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷӯроббофӣ бо 600 ҷойи кор дар ноҳияи Ашт дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат» иқдоми арзанда маҳсуб меёбад. Соҳибкорон нақша доранд, ки маҳсулотро ба бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ шаш корхонаи калони истеҳсоли ҷӯроб фаъолият дошта, маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ивазкунандаи воридот мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро ифтитоҳ карданд, ки барои 720 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, ба маблағи 14 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.
Масоҳати умумии қитъаи замини мактаби сеошёна, ки дар шаҳраки Шайдон воқеъ аст, 2,31 гектарро ташкил медиҳад ва он аз 12 синфхона, 9 синфхонаи фанниву озмоишгоҳ, китобхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона, дегхона, ҳавзи об бо ғунҷоиши 160 метри мукааб ва 2 соябон иборат мебошад.
Барои боз ҳам хуштарҳу зебо кардани муҳити атрофи муассиса сохтмончиён тадбирҳои ободонӣ гузаронида, 150 бех дарахти гуногун шинониданд. Майдони 3000 метри мураббаъ сабзкорӣ шуда, 550 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ доир карданд. Зимни он хонандагонро бо истифода аз шароити муосири таълим ба омӯзиши фанҳои дақиқ, илмҳои муосир, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд. Омӯзгорон аз Сарвари давлат дастур гирифтанд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия диққати махсус равона созанд.
Хонандагону омӯзгорон барои туҳфаи арзанда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар саҳни ҳавлии мактаби нави рақами 65 бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ашт мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи сокинони ноҳия ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар се соли бунёдкориву ободонӣ дар ноҳия 426 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 160 миллион сомонӣ ва бо таъсиси 1200 ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи саноатикунонии босуръати кишвар андешаронӣ карда, тадбирҳои созандаи соҳибкорони ноҳияи Ашт, бахусус таъсиси Ассотсиатсияи соҳибкоронро омили муҳими амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории сохтмони корхонаву коргоҳҳои саноатӣ арзёбӣ намуданд.
Зимни таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ 1,5 миллиард сомонӣ маблағ равона шудааст. Ҷиҳати бунёду таҷдиди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, нигоҳдории роҳҳо ва сохтмони хатти интиқоли барқ дар ноҳия 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 255 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло дар самтҳои зикршуда татбиқи боз 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 36 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Ашт барои бунёди корхонаву коргоҳҳо дар самти коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, яъне, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатии дорои арзиши баланди иловашуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, коркарди пӯсту пашм, доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва ҳамзамон бо ин, доир ба рушди сайёҳӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд буда, барои сармоягузорони ватаниву хориҷӣ хеле ҷолиб мебошанд. Бинобар ин, Сарвари давлат зарур шумурданд, ки сокинони ноҳия ин имкониятҳоро ба соҳибкорони хориҷиву дохилӣ ба таври васеъ муаррифӣ карда, корро дар ин самт тақвият бахшанд. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ соли 2021 дар ноҳия 171 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки танҳо 34 миллион сомонии он ба соҳаи саноат равона гардидааст.
Соли 2021 дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Ашт дар ҳаҷми 254 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба нишондиҳандаи соли 2020-ум баробар мебошад, яъне, дар соли гузашта афзоиш наёфтааст. Вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти корҳоро оид ба афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ зарур шумурданд.
Бо вуҷуди он ки соли 2021 дар ноҳия истеҳсоли либоси мактабӣ нисбат ба соли қаблӣ ду баробар зиёд шудааст, вале аз ҳисоби истеҳсоли худӣ таъмин кардани хонандагон ҳамагӣ 33 фоизро ташкил медиҳад. Зарур шумурда шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, роҳ надодан ба қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва боло бурдани иқтидори истеҳсолии ноҳия чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он, обёрии заминҳои бекорхобида, бунёди боғу токзори нав, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
17 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Зебо» оғоз бахшиданд.
Он дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдунабӣ Қуддусов бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.
Зиёда аз 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки дар коргоҳи нав бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, бо истифода аз ашёи хоми дохилӣ асосан барои бонувони шаҳр сарулибоси миллӣ медӯзанд. Дар вақти омода кардани либосҳои миллӣ ҳунари гулдӯзӣ васеъ истифода мешавад.
Дар коргоҳи нав дӯхти либоси ягонаи мактабӣ ва корӣ ҳам ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумоти масъулон, дар як сол коргоҳ имкон дорад, ки бештар аз 10 ҳазор маҷмӯи либоси ягонаи мактабӣ, корӣ ва барои бонувон номгӯи зиёди либоси миллиро бо сатҳу сифати баланд дӯхта, пешниҳод намояд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ барои дӯхти сарулибоси ягонаи мактабӣ ва корӣ аллакай бо якчанд муассисаи таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳои шаҳр шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дӯхти босифати либоси ягонаи мактабию корӣ, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакат ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара Коргоҳи пойафзолбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Базеб»-ро ба истифода доданд.
Он аз ҷониби соҳибкор, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Базеб» Баҳриддин Сироҷов бо сарфи 1,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад, ки аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид шудааст. Тариқи хатҳои нави технологӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол гардад.
Дар коргоҳи навбунёд беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, роҳбарият нақша доранд, ки дар оянда истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои корро зиёд намоянд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолшуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, роҳбарият ва мутахассисони коргоҳро барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ҳидоят намуданд.
Бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои пойафзолбарорӣ рӯз то рӯз ҳаҷми истеҳсолот зиёд мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакат моҳҳои январ ва феврали соли равон 17 корхона наздики 133 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 50 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли пойафзол дар ду моҳи аввали соли равон 46 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ дар мамлакат шароиту имконияти мусоид мавҷуд буда, соҳибкорону сармоягузор бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ коргоҳу корхонаҳои нав таъсис диҳанд. Анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки воридоти пойафзол аз хориҷи мамлакат коҳиш ёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи академик Ҷӯраеви шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Исфара Саманд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Сироҷов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд ёфта, аз як хати истеҳсолӣ иборат мебошад.
Маблағи сарфгардида барои харидории технологияи муосир як миллион сомониро ташкил дода, дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия ва Олмон аст.
ҶДММ «Исфара Саманд» дар бинои бекорхобида, ки қаблан мағозаи хӯрокворӣ буд, таъсис ёфта, ба талабот мутобиқ мебошад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол мебошад. Дар ҶДММ «Исфара Саманд» 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши аз 800 то 2000 сомонӣ таъмин гардидаанд.
Дар коргоҳ пойафзоли гуногунранг бо андозаи аз 11,5 то 41, асосан барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон, истеҳсол карда мешавад.
Пойафзоли истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронида шудааст. 80 фоизи пойафзоли дар коргоҳ истеҳсолшаванда ба хориҷи кишвар содирот шуда, боқимонда дар бозори дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати пойафзол диққати махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки дар шароити ҳозира танҳо бо роҳи сифатнок истеҳсол намудани маҳсулот мавқеъ пайдо намудан дар бозор имконпазир аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин»-ро, ки соҳибкори маҳаллӣ Сорбон Савриддинов дар масоҳати ду ҳазор метри мураббаъ бунёд намудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои асосии он аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дар таҳхона ду ҳаммом барои қабули 24 нафар дар як вақт бунёд шудааст.
Дар ошёни якуми маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» мағозаи техника ва таҷҳизоти рӯзгор таъсис ёфтааст. Ошёнаи дуюми бино дорои 7 ҳуҷраи барҳавост, ки барои дафтари кории ширкатҳои тиҷоратии шаҳр пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳо замонавӣ буда, дар ҳар кадоми он шароити муосири фаъолият барои соҳибкорону дигар ширкатҳои тиҷоратӣ мавҷуд мебошад. Дар ин ошёна маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст низ ташкил шудааст. Меҳмонхонаи марказ, ки бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шудааст, дар ошёнаҳои сеюм ва чорум ҷойгир мебошад. Он аз 15 ҳуҷраи дунафара, аз ҷумла ду ҳуҷраи олӣ, панҷ ҳуҷраи роҳатафзо ва 8 ҳуҷраи нимлюкс иборат аст.
Зимни шиносоӣ бо шароити мавҷуда ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити арзандаи қабул дар шаҳри Исфара рушди бештари соҳаи сайёҳии мамлакатро таъмин намуда, имкон аст дар он ба 30 нафар хизмат расонида шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа изҳори сипос намуда, иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои дигар сокинони мамлакат маънидод карданд.
Дар маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимоне, ки дар мактаб-интернатҳои шаҳрҳои Исфара ва Конибодом таълиму тарбия мегиранд, суҳбати самимӣ анҷом дода, ба 50 ҷавону навраси бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда туҳфаҳои арзишманд, ки аз қабили сарулибоси мактабӣ — шиму костюм, пойафзол ва шириниҳо иборат буд, тақдим намуданд. ҳамчунин, ба ятимон зиёфат ороста шуда, ба ҳар кадоми онҳо аз ҷониби Пешвои миллат маблағ ҳадя шуд.
Онҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд, донишманд ба воя мерасанд ва бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара дар вазъияти тантанавӣ майдони «Парчами давлатӣ»-ро ифтитоҳ намуданд.
Он дар рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар масоҳати 0,65 гектар бунёд гардида, дар баландии 50 метр парафшон карда шуд. Дар ду тарафи пояи Парчами давлатӣ фаввораҳо бунёд гардида, дар масоҳати се ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш шудааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинони шаҳр сабзу хуррамгардонӣ, чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ дар майдони Парчами давлатӣ бо сифати баланд ба иҷро расидааст.
Дар доираи лоиҳа намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара низ таъмир шуд. Шабона ин мавзеъ зебову назаррабо гардида, ба макони сайругашти сокинон табдил ёфтааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Исфара бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун ба симои он ҳусни дигар зам карда шуд. Дар доираи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Исфара бештар аз 500 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонии он соли 2018 оғоз гардида, бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бунёд ёфтааст. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳи хурд, қабулгоҳи ҷамъиятӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Масоҳати умумии бино бо таҳхона 1152 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ба Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ дар таҳхонаи бино шароити зарурӣ фароҳам шудааст. Маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, ба монанди рӯймолдӯзӣ, тоқидӯзӣ, атласу адрасбофӣ, дӯхтани либоси миллӣ, косибӣ, толори ороишӣ ва зебоӣ ташкил гардидааст. Илова бар ин, барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ маҳфилҳо ташкил ва дар се баст 120 наврасу ҷавон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Барои кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ шароити корӣ фароҳам шуда, ҳуҷраҳо бо лавозимотӣ корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар шаҳри Исфара аъзои ҳизб 15 ҳазору 698 нафарро ташкил дода, онҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Баракат-Исфара» — ро ифтитоҳ намуданд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мутобиқ ба талаботи замон бунёд ёфтааст.
Самти асосии фаъолияти иншооти саноатӣ коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз меваҳои хуштаъми мамлакат мебошад. Бо мақсади диверсификатсияи истеҳсолот, таъмини бозори дохилию хориҷӣ бо маҳсулоти баландсифати шоколадӣ ва хушкмева соҳибкор иқдом гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе дар муддати як сол корхонаи коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро бо технологияи муосир аз ширкатҳои бонуфузи Италия ва Туркия сохта ба истифода диҳад.
Хатҳои нави технологӣ имкон медиҳанд, ки дар як моҳ беш аз 50 тонна маҳсулот истеҳсол шавад. Пас аз ифтитоҳи иншоот барои 40 сокини маҳаллӣ шароити хуби кор муҳайё шуд. Тибқи нақша, маҳсулоти истеҳсолӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ҶДММ «Баракат-Исфара» соли 2008 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар майдони 2,4 гектар замин таъсис дода шудааст. Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 се маротиба зиёд мебошад.
Айни замон дар ҳар се марҳилаи корхона беш аз 150 зану духтари маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.
Барои таъмини корхона бо маҳсулот дар асоси шартнома бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинон меваҳои истеҳсоли ватанӣ қабул карда мешавад.
Баҳри истеҳсоли маҳсулоти озуқавории ба саломатии инсон фоидаовар, рақобатпазир ва ҳифзу нигоҳдошти маҳсулот дар корхона озмоишгоҳ, анбор ва бо ғунҷоиши беш аз 1000 тонна сардхонаи махсус бунёд гардидааст.
Дар мамлакат 68 корхона, ки самти фаъолияташонро истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ташкил медиҳад, мавҷуд аст. Соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ 17,4 ҳазор тонна, соли 2021-ум 32,4 ҳазор тонна ва моҳҳои январ-феврали соли 2022-юм 3,9 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибонаи соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ карда, таъкид карданд, ки бо бунёд ва ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ таъсиси ҷойҳои нави кор зиёд гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар низ афзун мегардад, ки ҳамаи ин барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» замина мегузорад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҷӯи болои шаҳри Исфара кӯдакистони хусусии «Шаҳноз»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд, ки аз ҷониби сокини маҳаллӣ, омӯзгор Рисолат Яҳёева дар масоҳати умумии 0,15 гектар замин сохта шудааст.
Он дорои таҳхона ва се ошёна буда, имкон фароҳам оварда шудааст, то 120 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар муассисаи томактабӣ омӯзиш ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, оянда баҳри омӯзиши дигар забонҳо низ тадбирҳои мушаххас амалӣ мешавад.
Бо мақсади ба талаботи замон ба роҳ мондани таълиму тарбия дар «Шаҳноз» мураббиёни дорои малакаи баланди касбӣ ҷалб шуда, тибқи нақша ҷиҳати ба роҳ мондани усулҳои муосири илмомӯзӣ онҳо пайваста аз курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос мегузаранд.
Дар доираи ифтитоҳи иншоот ба таълимгирандагон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Дар доираи татбиқи барномаву стратегияҳо ҷиҳати ҳар чӣ бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳри Исфара солҳои соҳибистиқлолӣ 32 муассисаи томактабӣ бунёд шудааст, ки дар онҳо 3077 кӯдак ба омӯзиш машғуланд.
Бо ифтитоҳи кӯдакистони хусусии «Шаҳноз» 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имкониятҳои кӯдакистон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди соҳаи маориф, зина ба зина беҳтар намудани инфрасохтори соҳа, дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ояндасози Ватан ва омӯзиши илмҳои муосир ёдрас шуда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва талошҳо ба хотири рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тамохуш»-и шаҳри Исфара бо ҷараёни мутобиқгардонии техникии қисми иншооту коргоҳҳои корхона шинос шуданд.
Он аз иқтидорҳои калони коркарди ашёи хоми конҳои канданиҳои фоиданок ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ иборат буда, дар давоми беш аз 70 сол ба истеҳсоли металлҳои камёфт ва нодир махсус гардонида шудааст. Чунин корхона дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо ду адад буд. Тайи солҳои тӯлонӣ иқтидори корхона пурра истифода намешуд.
Тибқи маълумот, масоҳати корхона 23 гектар буда, айни ҳол дар он 100 нафар фаъолият доранд. Корхонаи «Тамохуш»-и шаҳри Исфара аз соли 2021 ба фаъолият оғоз карда, дар натиҷаи навсозии техникӣ, ҷорӣ намудани усулу технологияҳои пешрафта иқтидорҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсол афзун ва суръати афзоиш баланд бардошта мешавад.
Корхона дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 3,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба роҳбарияти корхона, масъулони соҳа ва мутахассисон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки баҳри истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ-техникӣ, барқарору зиёд кардани ҷойҳои нави кор чораҷӯӣ намоянд.
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар корхона ҳамкориро бо ширкати «Евраз-Холдинг» ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корхонаи металлургии Олмалиқ»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондааст.
Дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корхонаи металлургии Олмалиқ»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон коркарди саноатӣ-тадқиқотии маъдани кӯҳии дорои сурб имкон медиҳад, ки дар корхона панҷ навъи маҳсулоти нави металлӣ истеҳсол гардад.
Маҳсулоти истеҳсолшаванда ба содирот нигаронида шуда, металлҳои истеҳсолшуда дар «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анзоб» барои бойгардонии консентрати сурма истифода мегарданд. Хокаи купороси мис ва купороси руҳ қаблан аз хориҷи кишвар ворид мешуданд ва маҳсулоти ивазкунандаи воридот маҳсуб меёбанд.
Дар асоси шартномаи коркард бо ширкати «Евраз-Холдинг» аз шлаки металлургӣ маҳсулоти панҷоксиди ванадий истеҳсол мешавад. Партови истеҳсолии панҷоксиди ванадий, ки дар таркиб металли оксиди оҳан дорад, дар корхонаҳои истеҳсоли семент пурра истифода мегардад ва дар дохили кишвар ба он талабот зиёд аст. Яъне, дар корхона истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда мешавад. Нақшаҳои корхона барои рушди оянда тарҳрезӣ гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара Мактаби байналмилалии «Контакт»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таҳсил дар он шинос шуданд.
Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бародарон Исроил ва Нарзулло Улмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ барои 800 хонанда дар як баст бунёд шуда, дар он барои 50 омӯзгор аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷойи кор муҳайё гардид.
Иншоот тибқи лоиҳа сеошёна ва бинои қисми марказии он чорошёна мебошад. Он дорои 40 синфхона ҳар кадоме бо 20 ҷойи нишаст ва шароити муосири таълим мебошад. Дар ошёнаҳои аз якум то чорум, ҳамчунин, 12 синфхонаи маҳфили шоҳмот, расмкашӣ, мусиқӣ, ду кабинети информатика, химия, биология, физика, омодагии дифои ҳарбӣ, китобхона бо адабиёти гуногун ва китобхонаи электронӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, дорои толори маҷлис бо 300 ҷойи нишаст, ошхона бо 350 ҷой, иншооти варзишии кушодаву болопӯшида ва майдончаи футбол мебошад.
Иншооти замонавии соҳаи маориф дар партави дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамсозии шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли оянда сохта шудааст. Дар бинои собиқи он, ки барои 150 хонанда фаъолият дошт, аз ҷониби соҳибкорон муассисаи томактабӣ ташкил гардид. Дар он ҷо ҳоло фарзандони сокинони шаҳр ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар саҳни муассисаи нави таълимии хусусӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон, аҳли маорифи шаҳр ва омӯзгорону хонандагони муассисаи нави таълимӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара бо роҳбарону фаъолон ва аҳли маорифи шаҳр мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимии сокинон ва ҷонибдории сиёсати Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони шаҳр дар се соли бунёдкориву ободонӣ бо харҷи 610 миллион сомонӣ 501 иншоот бунёду навсозӣ гардида, дар онҳо беш аз 1800 ҷойи кор муҳайё шудааст.
Бояд гуфт, ки пешравию ободиҳои то ба ҳол ноилшудаи сокинони шаҳри Исфара далели возеҳи ҳисси баланди миллӣ ва азми қавии онҳо мебошад.
Дар як соли татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Исфара» 19 фоизи лоиҳаҳои барои соли 2021 пешбинишуда иҷро гардида, дар 50 фоизашон корҳо идома доранд ва дар 31 фоизи дигар кор умуман оғоз нагардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шаҳр дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳама сарчашма 2,2 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Дар ин давра дар шаҳри Исфара 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ шуда, дар доираи онҳо 330 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Исфара 28 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 12 корхонаи коркарди мева ва бастубанди маҳсулот, бунёд ва ба истифода супорида шудааст.
Барои истифодаи пурраи имкониятҳо дар ин самт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Исфараро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ, таҷдиди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ба иқтидори пурра ба кор даровардани онҳо ва дар ин замина, таъсис додани ҷойҳои нави кор ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ намоянд.
Вобаста ба шароити шиддат гирифтани таҳдидҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳони муосир ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд, ки захираву имкониятҳои кишоварзии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Исфара, ҳар чӣ пурраву самаранок истифода карда шаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, бо вуҷуди он ки содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара 45 фоизи содироти вилоятро ташкил медиҳад ва солҳои охир тамоюли зиёдшавии содироти он, хусусан мева, ба назар мерасад, имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт то ҳол зиёд буда, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти шаҳр ва масъулони соҳа вазифадор шуданд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, гузаронидани кишти саривақтии зироат, бахусус, кишти такрорӣ, васеъ намудани майдони кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии ғалладонагиҳо, меваю сабзавот ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ чораҷӯӣ намоянд.
Шаҳри бостонии Исфара бо Ҷумҳурии Қирғизистон сарҳади тӯлонӣ дошта, дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягӣ миёни халқҳои ҳар ду кишвар саҳми муҳим дорад. Дар натиҷаи 20 соли фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ аз 987 километри сарҳади байни ду давлат 663,7 километр, яъне 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат манфиатдор аст, ки расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳар чӣ зудтар бо роҳи гуфтушунид анҷом дода шавад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарифи шаҳри бостонии Исфара минбаъд низ бо садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар ободиву пешрафти кишвар саҳми арзишманд мегузоранд ва тамоми саъю талошро барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи нақшаи панҷсолаи рушди саноат, пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як хонадон равона сохта, ба дастовардҳои боз ҳам бештар муваффақ мегарданд.
Баъд аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногуни шаҳр — донишҷӯ Марҳамат Яҳёхоҷаева, омӯзгор Меҳрулло Мусоев ва собиқадори меҳнат Сабохон Ҳусейнова баромад карда, шукронаи ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳи сартосарӣ ва раванди бесобиқаи рушду пешрафти кишварро намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд.
Маросими ифтитоҳи он аз тариқи фосилавӣ сурат гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ва раиси Раёсати ширкати «ТВЕА» Чжан Син дар шаҳри Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой ба таври рамзӣ тугмаи ба кор андохтани коргоҳи холисгардонии тиллоро пахш намуда, тавассути монитор бо раванди коркарди маъдан ва истеҳсоли тилло шинос шуданд.
Мавзеи Кумарғи боло дорои манзара, гулу гиёҳҳои шифобахш, обҳои мусаффо ва канданиҳои фоиданок мебошад.
Коргоҳи холисгардонии тилло дар масоҳати 45,2 гектар бунёд шуда, арзиши лоиҳавии он 4 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Технологияи насбшуда навтарин буда, истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад, ки ҷавобгӯи стандарти замони муосир аст. Дар коргоҳ консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимиёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра баробар аст. Ҳоло дар коргоҳ 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Консентрати маъдан аз конҳои «Кумарғи боло» ва «Дуобаи шарқӣ» истихроҷ карда мешавад.
Масоҳати умумии Корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» 1200 гектарро ташкил медиҳад. Кони «Кумарғи боло» қариб 4 ҳазор метр ва «Дуобаи шарқӣ» 2300 метр аз сатҳи баҳр баланд мебошад.
Барои истихроҷ ва коркарди маъдан дар кони «Кумарғи боло» раванди мукаммали гидрометаллургӣ ҷорӣ буда, технологияи муосири рехтагарии автоматикиро насб кардаанд.
Таҷҳизоти замонавии истихроҷ ва коркарди маъдан пурра автоматӣ аст ва ҷараёни фаъолияти он тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат мешавад. Арзиши лоиҳавии корхона 180 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани «Кумарғи боло» соли 2017 оғоз гардида, дар баробари сохтмони иншоот ва васлу насби таҷҳизот, ҳамчунин, дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳ, хати барқ ва гармидиҳӣ таъмин шудааст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар 5 сол аз 200 то 500 сокини маҳаллӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой ба кор ҷалб шудаанд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани «Кумарғи боло» иқтидор дорад дар як шабонарӯз 3000 тонна ашёи хомро истихроҷ ва мавриди коркард қарор дода, аз он хока барои гирифтани тилло ва нуқра истеҳсол намояд. Раванди истеҳсоли маъдан дар панҷ марҳила — истихроҷ, майдакунӣ, обшӯйкунӣ, ҷудокунӣ ва гудохтан сурат мегирад.
Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони «Кумарғи боло» рӯизаминӣ ва дар «Дуобаи шарқӣ» зеризаминӣ мебошад. Захираи умумии кони «Кумарғи боло» 51 тонна ва «Дуобаи шарқӣ» — 23,7, дар умум 74,7 тонна тилло мебошад.
Дар кони «Дуобаи шарқӣ», ки аз 7 нақб иборат хоҳад буд кандани нақб, сохтмони корхонаи истихроҷу коркарди ашёи хом, бунёди роҳ ва инчунин, дигар инфрасохтори зарурӣ идома дорад. То ба ҳол 4 нақб бо дарозии 3 ҳазор метр канда шудааст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 170 нафар ҷалб шудааст, ки қариб 100 нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Тибқи нақша, моҳи июни соли 2023 дар кони мазкур истихроҷи маъдан оғоз мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз истихроҷ ва коркарди 3000 тонна ашёи хом барои гирифтани тилло ва нуқра хоҳад буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аввалин сабикаи тилло, ки аз кони «Кумарғи боло» истихроҷ ва истеҳсол гардидааст, тамғаи №001-ро гузоштанд. Ҳоло дар ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» 500 сокини маҳаллӣ ва 120 шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой доимӣ кор мекунанд. Дар сурати пурра фаъолият намудани ҷамъият беш аз 1200 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат роҳбарият ва кормандони ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» — ро ба истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок ҳидоят намуда, риояи талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро қатъӣ талаб карданд. Таъкид гардид, ки дар сурати пурра риоя нагардидани талабот расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошташуда душвор мегардад.
Сарвари давлат бунёд шудани корхонаи азими саноатиро қадами устувор дар расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карданд.
Барои беҳдошти вазъи экологӣ дар мавзеъ коргоҳи ҳифзи муҳити зист фаъолият мекунад. Дар коргоҳ манораҳои чормарҳилаи тозакунӣ ва думарҳилаи ҷаббанда васлу насб гардидааст, ки бо истифода аз онҳо муҳити зист аз газҳои турш ҳифз карда мешавад. Обҳои партов бошад, дар зарфҳои махсус, бо истифода аз манораи семарҳилаи ҷабанда ва таҷҳизоти полоишӣ безарар карда мешаванд.
Аз рӯи нақша оянда дар ин мавзеъ коргоҳи флотатсионӣ, биноҳои маъмурӣ ва хобгоҳ низ барои кормандон бунёд карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми кор, инчунин, ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар ширкати ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баҳои баланд дода, масъулонро муваззаф намуданд, ки корҳои боқимондаро дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида, ҳаҷми истеҳсолотро зиёд ва шумораи бештари шаҳрвандонро ба кори доимӣ ҷалб намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Зимни он сафари кориро дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аз 14 то 17 апрел ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, оид ба татбиқи саривақтии супоришҳои Ҳукумати мамлакат, дастурҳои зимни сафарҳои корӣ додаи Президенти кишвар, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди масъулини вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Сарвари давлат аз вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон, таъсири ҷиддӣ расонида истодааст ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои зикршуда роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Суғдро, вазифадор карданд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати коҳиш додани таъсири омилҳои беруна тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Махсусан, дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирии болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва иловагии рушд ва дигар тадбирҳо дастуру супоришҳо дода шуд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки дар рӯзҳои авҷи мавсими киштукор кишоварзон ва ҳар як оиларо ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ сафарбар намоянд. Ҳамчунин, дар назди роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати рушди минбаъдаи чорводорӣ, парандапарвариву моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ин васила таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти тару тоза вазифа гузоштанд.
Зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ аз тадбирҳои муҳим номида шуд.
Барои рушду пешрафти соҳаҳо, бахусус соҳибкории хурду миёна, зарур шумурда шуд, ки корҳо ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат ташкилу ба роҳ монда шавад.
Дастуру супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар, доир ба таъсиси корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои нави кор дода шуд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба боло бурдани сифати таълим ва дар соҳаи тандурустӣ беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷоннок кардани корҳои беҳдоштии санитарӣ дар байни мардум, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар назди роҳбарону фаъолони кишвар вазифа гузошта шуд, ки корро дар байни аҳолӣ дар самти пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб густариш бахшида, онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят намоянд. Якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва аҳли зиё ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия созанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳрвандони мамлакатро ба истиқболи сазовори ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат, иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва дасти сахо дароз кардан ба табақаи ниёзманд ҳидоят карданд.
Баъд аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
Мавриди зикр аст, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бӯстон, Исфара, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 49 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ва иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию хизматрасониро бо наздики 5000 ҷойи кор мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат дар ноҳияи Ашт ба корҳои сохтмони корхонаи коркарди пахта ва нассоҷӣ бо 600 ҷойи кор ва дар ноҳияи Айнӣ барои бунёди ду корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла навбати дуюми корхонаи тилло ва сурмаи «Талко голд» бо 500 ҷойи кор оғоз бахшиданд.
Бо ҳамин сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз 14 апрел оғоз гардид, ба анҷом расид.
www.president.tj