- Ҷаноби сафир, мехостем дар оғоз андешаҳоятонро оид ба муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар 30 соли сипаришуда баён намоед.
- Муносибатҳои байни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барҷаста буда, барои таҳкиму густариши онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маорифу варзиш кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз аввалин кишварҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони бародарро ба расмият шинохта, баъд аз соҳибистиқлолии он Шоҳзода Сауд ал — Файсал, собиқ вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ моҳи феврали соли 1992 барои имзои протокол оид ба барқарор намудани муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатии байни Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омад. Пас аз он соли 2008 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ифтитоҳ шуд. Моҳи январи соли 2010 Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳайси аввалин сафорати кишварҳои араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Пас аз ифтитоҳи намояндагиҳо ва дар пояи сиёсатҳои хирадмандонаи сарони ҳар ду давлати бародар дар муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ ва густариши бемайлон мушоҳида гардида, як қатор созишнома ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расиданд. Масъалаи ба имзо расонидани дигар созишномаю ёддоштҳо, ки ба манфиатҳои муштарак ва ноил шудан ба рушду шукуфоии кишварҳо нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доранд. Дар ин муддат як қатор сафарҳои мақомоти расмии кишварҳо сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ маротиба ба Арабистони Саудӣ ташриф оварда, бо роҳбарияти он вохӯрданд ва аз дохили Каъбаи Мушаррафа дидан намуданд. Охирон сафари расмии Ҷаноби Олӣ ба Арабистони Саудӣ соли 2016 сурат гирифта, соли 2017 дар Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Саммити Риёз) иштирок намуданд.
Солҳои охир боздидҳои зиёди мансабдорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамдигар сурат гирифта, дар рафти онҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб дар сатҳҳои гуногун баррасӣ шуд, ки боис ба наздикшавии дидгоҳҳои ҳар ду ҷониб ва ҳамкориҳои созанда дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Бо дарназардошти ин сатҳи барҷастаи муносибатҳо Арабистони Саудӣ ба робитаҳояш бо Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Таҷдиди як қатор созишномаҳо мавриди омӯзиши ҳар ду ҷониб қарор дошта, таваҷҷуҳи муштараки ҷонибҳо айни замон атрофи мавзӯи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ равона гардидааст, ки ба рушди муносибатҳо дар ҳама соҳа таъсири мусбат хоҳад гузошт.
- Вобаста ба 30 — солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ чӣ чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд?
- Ин мавзӯъро бо ниҳодҳои салоҳиятдори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамоҳанг намуда, масъалаи баргузории чорабинӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва он дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Ин сана дар раванди муносибатҳои дуҷонибаи байни ҳар ду кишвар ҳамчун санаи хотирмон ва таърихӣ боқӣ монда, сафорат барои баргузории он ҳавасмандӣ изҳор менамояд.
- Муносибатҳои парлумонии кишварҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Соли 2016 Раиси Маҷлиси шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам Шайх Абдуллоҳ ибни Муҳаммад оли Шайх аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуда, дар таҳкими муносибатҳои парлумонӣ ва ҳамкориҳои байни ҳар ду кишвар заминаи мусоид гузошт. Инчунин, моҳи январи соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ боздид ба амал овард. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тавассути фаъолсозии Шӯрои дӯстии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боздидҳои дуҷониба ба муносибатҳои дӯстии байни ҳар ду кишвар таҳкими бештар мебахшад.
- Солҳои қабл вобаста ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ гуфтушунидҳо ҷой доштанд. Оё дар ин самт ягон пешравӣ дида мешавад?
- Ин мавзӯъ дар баррасии ниҳодҳои салоҳиятдори ҳар ду кишвар қарор дошта, атрофи он бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар доштем ва ҳатман то марҳилаи амалишавӣ онро пайгирӣ хоҳем намуд.
- Фонди рушди Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд лоиҳаро амалӣ намудааст. Дар оянда боз амалисозии кадом корҳо дар назар аст?
- Фаъолияту ҳамкории Фонди рушди Арабистони Саудӣ бо ниҳодҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон аз соли 2003 оғоз ёфта, ба рушди кишвар бештар тааллуқ дорад ва Арабистони Саудӣ ҷиҳати бозсозии лоиҳаҳои зербино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок тақдим менамояд. Ин ниҳод то ба ҳол барои роҳандозии як қатор лоиҳаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва системаҳои обёрӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 174 миллион доллар (1 миллиарду 936 миллион сомонӣ) қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст. Аз ҷумла, сохтмони бинои 34 мактабро ба итмом расонида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Ин саҳмгузориҳои Фонди рушди Арабистони Саудӣ дар бозсозии иншоот ва лоиҳаҳои инфрасохтор, инъикосгари эҳтимому таваҷҷуҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон аст. Ин ниҳоди молиявии саудӣ айни замон иҷрои чандин тарҳро ба нақша гирифта, баъзе аз лоиҳаҳо дар ҳоли иҷро ва дигар тарҳҳо дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд. Яке аз онҳо лоиҳаи таҷдиди системаи оби нӯшокию полезӣ дар вилояти Хатлон мебошад, ки бо ин мақсад 25 миллион доллар (278 миллиону 250 ҳазор сомонӣ) ҷудо гардидааст.
Инчунин, саҳми арзандаи Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмонро ёдовар шудан бамаврид аст. Дар пояи муносибатҳои бародаронаи байни ҳар ду кишвар, марказ аз соли 2015 дар Тоҷикистон 20 лоиҳаро бо арзиши умумии 12634332 доллар (140 миллиону 616 ҳазор сомонӣ) маблағгузорӣ кардааст. Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон дар мубориза бо вабои ҳамагири COVID — 19 ба маблағи 500000 доллар кумаки тиббӣ (ниқобҳо, дастпӯшҳо, либосҳои тиббӣ ва ғайра)- ро низ ба Тоҷикистон тақдим намуд. Инчунин, бо ташаббуси он кумакҳои озуқаворӣ (лоиҳаи сабади озуқаворӣ) ба маблағи 500000 доллари амрикоӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба эҳтиёҷмандон тақдим гардида, лоиҳаи сарпарастии ятимони куллро дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад намуд.
- Як сол пеш Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ду ташаббуси бузурги экологӣ — «Арабистони Саудии сабз» ва «Ховари Миёнаи сабз»- ро эълон намуд. Дар ин ҷода чӣ тадбирҳо амалӣ гардиданд?
- «Арабистони Саудии сабз» ва «Ховари Миёнаи сабз» ду ташаббусест, ки аз ҷониби Валиаҳд шоҳзода Муҳаммад ибин Салмон 27 марти соли 2021 эълон гардид. Ҳадаф аз он афзоиши наботот дар Арабистони Саудӣ ва Ховари Миёна, коҳиши партовҳои карбон, пешгирӣ аз ифлосшавии ҳаво, харобшавии заминҳо ва ҳифзи ҳаёти мавҷудоти баҳрӣ мебошад.
Ин ташаббус як қатор иқдомҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла шинонидани 10 миллиард дарахт дар Арабистони Саудӣ дар тӯли даҳсолаҳои оянда, ки ба барқарорсозии тақрибан 40 миллион гектар заминҳои харобшуда сабаб мегардад ва масоҳати ҷангалзорҳоро 12 маротиба бештар мегардонад. Ин иқдоми Арабистони Саудӣ беш аз 4 фоиз саҳми ҳадафҳои ташаббуси глобалӣ оид ба коҳиши харобшавии замин ва муҳити зист ва як фоиз ҳадафи ҷаҳонии шинонидани як триллион ниҳолро дар бар мегирад.
Ташаббуси номбурда минтақаи Ховари Миёнаро низ фаро гирифта, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Шӯрои ҳамкории кишварҳои Халиҷи арабӣ ва Ховари Миёна ва дар чорчӯбаи барномаи шинонидани 50 миллиард бех ниҳол, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шинонидани 40 миллиард бех ниҳолро дар минтақаи Ховари Миёна ба нақша гирифтааст, ки ин бузургтарин барномаи барқарорсозии ҷангал дар ҷаҳон аст ва ду маротиба аз ҳаҷми «Девори бузурги сабз» дар минтақаи соҳил бузургтар ба шумор меравад.
25 октябри соли 2021 таҳти сарварии Валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон саммити «Ховари Миёнаи сабз» дар шаҳри Риёз барпо гардид. Арабистони Саудӣ дар он эълом дошт, ки барои таъсиси маҷмааи минтақавӣ барои истихроҷ, истифода ва нигаҳдории карбон таъсиси маркази минтақавӣ оид ба огоҳии бармаҳал аз тӯфонҳо талош хоҳад намуд, ки барои коҳиши хатарҳои чангу ғубор ба саломатӣ мусоидат хоҳад намуд. Инчунин, таъкид гардид, ки таъсиси маркази минтақавии рушди устувори соҳаи моҳипарварӣ барои афзоиши гуногунии биологии баҳр ва коҳиши сатҳи партовҳо дар бахши моҳипарварӣ ба миқдори 15 фоиз, таъсиси барномаи минтақавӣ оид ба борони сунъӣ ҷиҳати афзоиши боришот ба миқдори 20 фоиз ва таъсиси бунёди ташаббуси сабз аз ҳадафҳои кишвар қарор хоҳанд гирифт.
Дар изҳороти муштараки сарони давлатҳо ҳангоми саммит таъкид гардид, ки «Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо роҳандозии як ташаббуси ҷаҳонӣ роҳи ҳалли сӯзишвории тозаро пешниҳод менамояд, ки дар таъмини озуқаворӣ барои беш аз 750 миллион нафар дар ҷаҳон саҳмгузор хоҳад буд. Инчунин, аз таъсиси як фонди сармоягузорӣ ба ҳалли технологияҳои даврии иқтисодиёти карбон дар минтақа эълом гардид, ки маблағгузории умумии ин ду ташаббус тақрибан 39 миллиард риёли саудиро ташкил хоҳад дод ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар маблағгузории тақрибан 15 фоизи он саҳмгузор хоҳад буд».
Сарони давлатҳои ширкаткунанда бо ишора ба аҳамияти кори дастаҷамъона ва расидан ба ҳадафҳои ташаббус дар мавзӯи таҳияи харитаи роҳи минтақа, таъсиси гурӯҳҳои кории муштарак ва баргузории мунтазами саммит иттифоқи назар намуданд.
- Ба андешаи шумо Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар кадом бахшҳои иқтисодӣ метавонанд ҳамкориро вусъат диҳанд?
- Дар Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодии зиёде, аз қабили «энергетикаи сабз», истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, чорводорӣ ва инчунин, соҳаи гардишгарӣ вуҷуд дорад. Ва тавассути ҷалби гардишгарон, зербинои муносиби гардишгарӣ, истифодаи оптималии захираҳои табиӣ ва инсонӣ дар ҷаҳон шуҳрат пайдо намудааст.
- Оё баргузории Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар назар аст?
- Ҳоло омодагӣ барои баргузории Форуми соҳибкорони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон ҷараён дорад, зеро омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ва истифодаи оқилонаи онҳо аҳамияти ҷиддӣ дошта, манфиатиҳои муштаракро амиқтар месозад ва ба нафъи иқтисоди ҳар ду кишвар — Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегардад.
Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»