14 апрели соли 2022 муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки ба таври фосилавӣ дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
Аъзои комиссия нахуст доир ба лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо», «Дар бораи фондҳо», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (дар таҳрири нав)», «Дар бораи маблағҳои пулӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (дар таҳрири нав), «Дар бораи бонкдории сармоягузорӣ ва боваринок», лоиҳаи «Низомномаи намунавӣ дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони давлатҳои аъзои АБ ИДМ» ибрози ақида намуданд.
Сипас, дар хусуси натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои коршиносони назди Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки 2 марти соли 2022 баргузор гардид, табодули афкор намуда, аз рӯи пешниҳодҳои таҳиянамудаи Шӯро қарор қабул карданд. Инчунин, масъалаи ҳисобот дар бораи ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба намояндаи ваколатдори парлумон дар АБ ИДМ-ро аз 22 феврали соли равон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, 14 апрели соли равон таҳти раёсати муовини раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ ба таври фосилавӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар он лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи тиҷоратӣ гардонидани ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаи илм ва техника», «Дар бораи аттестатсия (аккредитатсия)-и давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ва лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни намунавӣ «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», лоиҳаи таҳрири нави Кодекси иттилоотии намунавии давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Комиссия, инчунин, тавсияҳо оид ба равишҳои ҳамоҳангшуда оид ба ташаккули системаи таҳсилоти муосири фармасевтӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ, оид ба самтҳои ояндадори қонунсозии намунавӣ дар соҳаи илм ва маориф, танзими истифодаи зеҳни сунъӣ, танзим оид ба рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, оид ба ташкили корҳои тарбиявӣ бо волидон ва фаъолияти ҷомеаи падару модарон ва тавсияҳо оид ба чораҳои муайян ва дастгирии кӯдакону ҷавонони лаёқатмандро мавриди баррасӣ қарор дод.
14 апрели соли равон дар Қасри Таврическийи Санкт — Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба мудофиа ва амният ба таври фосилавӣ баргузор шуд, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод иштирок кард.
Дар оғози ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардида, аъзои комиссия раис ва муовинони ӯро интихоб намуданд. Сипас, якчанд қонуни намунавӣ «Дар бораи амнияти миллӣ», «Дар бораи низоми ягонаи даъвати хадамоти фаврии таъҷилӣ», «Дар бораи амнияти сарҳад», «Дар бораи сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти сарҳадӣ», ки қабули онҳо ба такмили қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ дар минтақаи сарҳадӣ мусоидат мекунад, пас аз таҳлилу омӯзиш ба баррасии ҷаласаи пленарии АБ ИДМ пешниҳод гардид.
Аъзои комиссия натиҷаҳои кори он дар соли 2021 ва пешниҳодҳо оид ба нақшаи дарозмуддати қонунсозии намунавӣ дар кишварҳои ИДМ барои солҳои 2023-2025-ро низ баррасӣ намуданд.
15 апрели соли 2022 вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба фарҳанг, иттилоот, саӣёҳӣ ва варзиш, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба таври фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Аъзои комиссия лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дастгирии давлатии кинематография» ва «Дар бораи фаъолияти театр»-ро баррасӣ намуда, гузоришро дар бораи таҳрири нави лоиҳаи Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ, ки бо мақсади мувофиқ кардани қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои аъзо нигаронида шудааст, шуниданд.
Дар ҷаласа намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБ ИДМ Бахтовар Сафарзода низ иштирок ва суханронӣ намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон