Бори нахуст соли 2006 барои ошноӣ бо тарзи дӯхтани ҷомаву қолинҳои зардӯзӣ меҳмони хонадони сарояндаи хушсадо, узви дастаи замоне машҳури «Бародарон Комиловҳо», табиби ҳозиқ ва омӯзгори хушсалиқа, номзади илмҳои биологӣ, профессор Сафарҷон Комилзода ва ҳамсари ӯ — дӯзандаи камназир, табиб, устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бонуи Мукаррама гардида будем. Бону ҳамроҳи фарзандону шогирдон бо риштаҳои заррин машғули дӯхтани қолин буданду ҳар яке дар атрофи он ҷой ва вазифа дошт. Писари хонадон — Ҷаҳонгир қолаби гулҳои қолинро омода менамуд ва духтарон аз тариқи дастгоҳи махсус онҳоро рӯи матои арғувонӣ моҳирона тасвир менамуданд. Маълум гардид, ки қолиндӯзӣ, симдӯзиву патдӯзии қадимиро бонуи Мукаррама дар Бухорои шариф омӯхтааст.
Дар синфи якум ба ҳунари дӯзандагӣ шавқ пайдо намуда, вақте мактабро ба итмом расонд, ӯро ҳамчун чевари чирадаст эътироф намуданд. Вале ӯ бо орзуи духтур шудан ба Донишкадаи тиббии шаҳри Тошканд дохил шуда, то соли 1971 дар он ҷо таҳсил намуд. ҳамон сол ӯро ба шавҳар доданд…
Соли 1972 таҳсилашро дар факултети кимиё ва биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Бухоро идома дод. Пас аз ду соли фаъолият ба беморӣ гирифтор шуда, бо тавсияи табибон ба шаҳри Душанбе омад ва риштаи ҳаётро бо Сафарҷон Комилзода пайваст. Ба фарзандони шавҳар — Зебуннисо, Ҷаҳонгир ва Шаҳло, ки дар овони тифлӣ аз меҳри модарӣ маҳрум гардида буданд, оғӯши модарона боз намуд. ҳоло онҳо, баробари касбу кори дигар, ҳунарҳои бонуи Мукаррамаро низ аз бар намудаанд. Зебуннисо умрашро ба ҳунари чеварӣ бахшида, порагар ва дизайнери бомаҳорат аст. Ҷаҳонгир ҳампешаи волидон — устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон асту рассомиву нақшунигори қолину зардӯзиҳоро аз бар намудааст. Шаҳлобону тарроҳу чевари гулдаст аст.
Бонуи Мукаррама бо вуҷуди ташвишҳои зиёди рӯзгор бо тавсия ва кумаки шавҳар муддате дар Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, чанд сол ҳамчун омӯзгор дар якчанд мактаби пойтахт кор кард. То соли 1988 ходими илмии Институти чорводорӣ буд. Сипас, ҳамроҳи шавҳар ва дертар писараш Ҷаҳонгир донишу малакаашро сарфи кор дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон намуд. Вале ягон соати фориғ аз корро беҳуда нагузаронид. Малакаи чевариро сайқал дода, ҷомадӯзиву тӯппидӯзӣ, қолиндӯзиву дӯхтани либосҳои гуногуни занонаро ба фарзандону шогирдон омӯзонд. Хусусан, пас аз Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти бонуи ҳунар фарохтар гардид. Масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба кори ӯ мароқ зоҳир намуда, бо маҳсули дастони сеҳрофаринаш ба чорабиниҳо даъват карданд. Барои намоиши офаридаҳои ӯ гӯшаи алоҳидаи махсус ҷудо намуданд.
Ғолибияти хонадони Комилзодаҳо дар озмуни ҷумҳуриявии «Зан — зеби ҳаёт» шуҳрати Мукаррамабону ва аҳли оилаи ӯро болотар бурд.
Вақте бори нахуст меҳмони ин хонадон будем, дар девори хона расми бо риштаҳои заррин офаридаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овезон буд. Қаҳрамонамон ифтихор аз он намуд, ки аз уҳдаи чунин кори басо нозук ва масъулиятнок баромадааст. Бонуи Мукаррама аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат миннатдор аст ва офаридани симои Сарвари давлатро қуллаи баландтарини эҷодиёт мешуморад. Ифтихорманд аст, ки борҳо аз суҳбатҳои Роҳбари мамлакат баҳраманд гардида, барои Ҷаноби Олӣ ҷомаи махсуси зардӯзӣ дӯхтааст. Бо лутфу марҳамати Пешвои миллат соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ гардида, калиди мошини сабукрави тамғаи «Волга» — «ГАЗ-31» — ро бевосита аз дасти ин абармард гирифтааст. Хизматҳояш дар рушди ҳунарҳои миллӣ бо унвони баланди «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» қадр гардидаанд. Дар соҳаи маориф бо унвонҳои «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Ҷомаҳои зардӯзии бонуи Мукаррамаро аксар сарварони кишварҳои аъзои ИДМ ба бар намуда, ҳамчун армуғон бурдаанд.
Понздаҳ сол қабл, ҳангоми суҳбат бонуи Мукаррама орзу намуда буд, ки коргоҳ бунёд намуда, воридоти риштаҳои зарринро, ки дар таркиб тилло дошта, дар Ҷопон истеҳсол мешаванд, ба ҷумҳурӣ роҳандозӣ ва истеҳсоли қолин ва зардӯзиҳои дигарро зиёд намояд. Мехост фарзандону пайвандон ва шогирдонашро дар коргоҳ ҷамъ орад.
Вақте дарвозаи ҳавлии ин хонадони машҳурро кӯфтем, моро ҳамсари ӯ Сафарҷон Комилзода ва писараш Ҷаҳонгир истиқбол намуд. Дар ҳавлӣ дигаргунии ҷиддӣ ба назар нарасид. Танҳо дари ошхонаашонро ба пластикӣ иваз намудаанд ва дарахтон қад афрохтаанд. Фарқияти дигар он буд, ки дастгоҳи корӣ ва коргарон ба назар намерасиданд. Маълум шуд, бонуи Мукаррама гирифтори беморӣ гардида, ӯро барои табобат ба ватани падариаш - Бухоро фиристодаанд. Дигар касе бо зардӯзӣ машғул набудааст ва нақшаҳои бонуи ҳунар ҳамчун орзу боқӣ мондаанд.
- Аз кӯшишҳои ҳамсарам натиҷа ҳосил нагардид, — мегӯяд Сафарҷон Комилзода. — Нафаронеро пайдо карда натавонистем, ки нақшаҳоро дастгирӣ намоянд.
- Вақтҳои охир таваҷҷуҳ ба касбу кори мо хеле кам гардида, модар ноумед шуданд, — сухани падарро идома дод Ҷаҳонгир. — Фармоишҳо низ мерасанд ва онҳоро бо кумаки пайвандони модар, ки дар Бухоро коргоҳи оилавӣ бунёд намудаанду қолин ва либосҳои зардӯзиро омода менамоянд, иҷро мекунем. Ҳоло интизори сиҳатёбии модар ҳастем. Метавонем ҳамроҳи шогирдон дар бунёди корхона ёрӣ расонем.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»
PS: Боиси таассуф ва андуҳи зиёд аст, ки чанде қабл қаҳрамони матлаб – бонуи Мукаррама Комилзода пас аз бемории тӯлонӣ дунёи фониро тарк намуд. Идораи рӯзнома ба пайвандон ва шогирдони марҳум сабри ҷамил хоста, изҳори умед менамояд, ки ном ва ҳунари он касро зинда медоранд.