Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва узви комиссияи мазкур Фазлиддин Икромӣ зимни мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 18-19 апрел доир гардид, иштирок намуданд,
Ҳадаф аз он табодули таҷриба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди қабули Кодекси экологии Қазоқистон, такмили қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, иҷрои уҳдадориҳои базиммагирифташуда оид ба иқлим мебошад.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни баромад дар мавзӯи «Пешрафт дар такмили қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва иҷрои уҳдадориҳои кишварҳо оид ба иқлим» гуфт, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи татбиқи Созишномаи Париж барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим якчанд тадбири қонунгузорӣ ва иқтисодиро амалӣ намудааст. Дар назди парлумони Тоҷикистон вазифаи мушаххас гузошта шудааст, ки заминаи қонунгузориро бо дарназардошти масоили тағйирёбии иқлим ва татбиқи амалии Созишномаи Париж боз ҳам такмил диҳад.
- Парлумони кишвар ба якчанд қонун, инчунин, ба қонунҳои амалкунанда оид ба ҳифзи муҳити зист тағйиру иловаҳо ворид намуд. Айни замон ба зиёда аз бист қонун дар бораи ҳифзи табиат тағйироту иловаҳо ворид гардида, асоси қонунгузорӣ нав карда шуд. Қонунҳо «Дар бораи иттилооти экологӣ», «Дар бораи мониторинги муҳити зист», «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи ҳифзи экологӣ», «Дар бораи баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист», Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» дар таҳрири нав қабул карда шуданд, — иброз намуд М. Юсуфӣ.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар баробари таъсири тағйири иқлим осебпазиртар аст, зеро 60 дарсади манобеи оби минтақа аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад. Обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Раванди обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ба афзоиши офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ мусоидат мекунад. Ин зуҳурот ҳар сол боиси хароб шудани иншооти хоҷагии халқ гардида, ба аҳолии ҷумҳурӣ хисороти калони моддию молиявӣ мерасонад.
Зимнан, татбиқи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо метавонад ба рафъи тағйирёбии иқлим мусоидат намояд.
- Таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо яке аз василаҳои асосии иқтисодии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва маблағгузории лоиҳаҳои ҳифзи пиряхҳо мебошад. Ин масъала яке аз самтҳои афзалиятноки гузариш ба рушди устувор муайян шудааст, ки дар доираи он кишварҳои пешрафта ва созмонҳои байналмилалӣ бояд ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати назорат ва ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои об кумаки моливу техникӣ расонанд, — гуфт М. Юсуфӣ.
Зикр гардид, ки яке аз сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим дар айни замон партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера аз ҳисоби фаъолияти танзимнашавандаи иқтисодӣ мебошанд. Бар асоси ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеашро дар посух ба даъвати СММ оид ба муқаррароти Созишномаи Париж барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим изҳор намуда, дар масъалаҳои беҳтар намудани муҳити зист тадбирҳо меандешад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон