Вазифаи шаҳрвандон аз чӣ иборат аст?
Норасоии об мушкилоти глобалии сайёра маҳсуб меёбад. Ҳарчанд аз масоҳати умумии Замин тахминан 71 дарсади онро (уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо, яхбастаҳо) об ташкил медиҳад, қисми хеле ками он оби нӯшиданист.
Дар кураи Замин тақрибан 2,4 миллиард инсон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Ҳар сол 2,2 миллион нафар аз бемориҳои марбути норасоии оби тозаи ошомиданӣ ба ҳалокат мерасанд. Инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои башардӯстона барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд.
21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» қатънома қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони ин даҳсола аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ироа шуд.
Мутобиқи қатънома, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Дар доираи татбиқи ҳадафҳои даҳсола дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар мамлакати мо, бо иштироки сарони давлату ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон, роҳбарону масъулон ва мутахассисону коршиносони созмонҳои байналмилалӣ конфронсу ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд.
Ҳадафҳои асосии даҳсола ноил гардидан ба рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳити зист, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳ барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор, арзёбӣ мешаванд. Ғайр аз ин, дар қатънома аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар ҳама сатҳ ҷиҳати истифодаи оқилонаи об, бо дарназардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маҳсулоти ғизо, энергетика ва муҳити зист, таъкид гардидааст.
Такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардорӣ аз иттилооти нав дар бораи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули фаъолияти шариконаи тарафҳои манфиатдор ва тақвияти фаъолияти иртиботӣ дар сатҳҳои гуногун ҳадафҳои иловагии даҳсола муайян шудаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷиҳати захираҳои об Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои ИДМ, баъд аз Россия, ҷои дуюмро ишғол менамояд. Боришоти солона дар мамлакат тақрибан 760 мм буда, аз 100 мм (дар баъзе аз минтақаҳои ҷудогонаи ҷануби кишвар) то 2400 мм (қуллаҳои Помир) тағйир меёбад. Манбаи асосии об пиряхҳо мебошанд, ки масоҳати яхбандии онҳо ба 8041 километри мураббаъ мерасад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, дар мамлакат 947 дарё ва сойҳои доимию мавсимӣ мавҷуданд, ки ҷараёни оби бозтавлидшавандаи онҳо ба 64 километри мукааб дар сол баробар аст. 1,1 километри мукааби он дар ҳавзаи дарёи Сир ва 62,9 километри мукааби он дар ҳавзаи дарёи Ому ташаккул меёбад.
Шумораи кӯлҳо 1300 -то буда, захираи оби онҳо 46,3 километри мукаабро ташкил медиҳад, ки аз ин 20 километри мукааб оби ширин мебошанд. Теъдоди обанборҳо дар Тоҷикистон 11 адад буда, ҳаҷми умумии муфиди онҳо тақрибан 7,5 километри мукаабро ташкил менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки истифодаи оқилонаи оби нӯшиданӣ ва полезӣ боиси пешбурди босамари хоҷагидорӣ ва ҳалли масоили ҷойдоштаи марбут ба об, амалҳои ҳифз аз ифлоссозӣ ва аз ҷиҳати гигиенӣ тоза нигоҳ доштани он сабабгори беҳбудии саломатӣ ва солимии ҷомеа мегарданд. Табиист, ки тағйирёбии иқлим боис ба коҳиш ёфтани ҳаҷми об мегардад, аз ин рӯ, тоза нигоҳ доштану оқилона истифода бурдани он вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.
Бахтиёр ДӮСТОВ,
мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон